Тақвими моҳ. Октябри соли 2025

Тақвими моҳ ОктябрТақвимЯкуми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Ҳасан Бердиқулов (1950), журналист.

–           115-солагии зодрӯзи Александр Бернштан (1910-1956), доктори илми таърих, профессор.

–           115-солагии зодрӯзи Набиҷон Почоҷонов (1910-1988), журналист, мутарҷим.

–           Рӯзи омӯзгор (муаллим).

–           Рӯзи байналмилалии кӯҳансолон.

–           Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.

Дуюми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Рафоат Алиева (1950), муаррих.

–           95-солагии зодрӯзи Яъқуб Алоев (1930), доиранавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Анна Костушкина (1940), забоншинос.

–           Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат.

Сеюми октябр

–           95-солагии зодрӯзи Собирҷон Мирзоев (1930-2000), доктори илми  филологӣ, профессор.

–           90-солагии зодрӯзи Маъруфҷон Юсуфов (1935), олими соҳаи химия.

–           Рўзи ҷаҳонии табассум – ҷумъаи аввали моҳи октябр.

Чоруми октябр

–           70-солагии зодрӯзи Анушервон Бикасиён (1955), ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба   номи Рӯдакӣ.

–           100-солагии зодрӯзи Василий Иванов (1925-1994), олими соҳаи байторӣ.

–           Рӯзи ҷаҳонии ҳайвонот.

–           Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳонӣ.

Панҷуми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Ҷӯрақул Аҷиб (1950), адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим.

–           85-солагии зодрӯзи Ақназар Қурбонмаҳмадов (1940), доктори илми  фалсафа, профессор.

–           85-солагии зодрӯзи Мусулмонқул Маҳмадқулов (1940), олими соҳаи  техника.

–           100-солагии зодрӯзи Ҳасан Наққош (1925-1986), адабиётшиноси арабтабор.

–           125-солагии зодрӯзи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (1900-1964), шоир.

–           Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–           Рўзи байналмилалии муаллимон.

Шашуми октябр

–           85-солагии зодрӯзи Анна Кострикова (1940), адабиётшинос.

–           Рўзи байналмилалии манзил – душанбеи аввали моҳи октябр.

–           Рӯзи ҷаҳонии меъморон – душанбеи аввали моҳи октябр.

Ҳафтуми октябр

–           80-солагии зодрӯзи Абдукарим Абдураҳмонов (1945), олими соҳаи  техника.

–           120-солагии зодрӯзи Николай Смолский (1905-1976), доктори илми  биологӣ, академики АМИТ.

–           70-солагии зодрӯзи Муҳаммадамин Ҳоҷиев (1955), олими соҳаи тиб.

–           95-солагии таъсисси (1925) Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1964 “Ирфон” ва аз соли 2000 Муассисаи нашриявии «Ирфон».

–           Рӯзи ҷаҳонии пахта.

Ҳаштуми октябр

–           100-солагии зодрӯзи Александр Грибков (1925-1991), рассом.

–           90-солагии зодрӯзи Баҳриддин Камолиддинов (1935), доктори илми филологӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Уктами Холиқназар (1940), нависанда, мутарҷим.

–           Иди Меҳргон – ҷашни хуҷастаи ниёкон (баробар ба 16 меҳрмоҳ).

Нуҳуми октябр

–           115-солагии зодрӯзи Константин Ефимов (1910-1984), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Валентина Сармина (1940), олими соҳаи физика.

–           90-солагии зодрӯзи Исматулло Эркабоев (1935-1990), муаррих.

–           Рӯзи байналмилалии почта.

Даҳуми октябр

–           85-солагии зодрӯзи Абдусамад Абдураҳмонов (1940), ҳунарманди театр, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           90-солагии зодрӯзи Нормат Аҳмадалиев (1935), доктори илми кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

–           125-солагии зодрӯзи Саидалӣ Вализода (1900-1971), шоир, Ҳофизи  халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Фарҳод Зикриёев (1940), доктори илми филологӣ,  профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.

–           70-солагии зодрӯзи Муҳаммадӣ Навид (1955-2016), шоир.

–           85-солагии зодрӯзи Ҳаким Ойматов (1940-1999), муаррих.

–           100-солагии таъсиси рӯзномаи “Народная газета”. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ

–           Рӯзи Фалак.

–           Рӯзи байналмилалии саломатии равонӣ.

Ёздаҳуми октябр

–           105-солагии зодрӯзи Мустафо Шарқӣ (1920-1985), нависанда.

–           85-солагии зодрӯзи Шӯҳрат Шоимардонов (1940), коргардони дубляжи кино.

–           Рӯзи ҷаҳонии духтарон.

Дувоздаҳуми октябр

–           70-солагии зодрӯзи Садриддинбек Ғозибеков (1955), доктори илми  иқтисодӣ.

–           80-солагии зодрӯзи Хайрулло Авзалов (1945), доктори илми педагогика

–           75-солагии зодрӯзи Ғозибек Гадоев (1950), муаррих.

–           Рӯзи кормандони адлия ва суд – якшанбеи дувуми моҳи октябр.

Сенздаҳуми октябр

–           115-солагии зодрӯзи Мирбобо Зиёев (1910-1974), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           Рўзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ.

Чордаҳуми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Султонмурод Бобомуродов (1950), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           95-солагии зодрӯзи Игор Непомняший (1930), рассом.

–           Рӯзи соҳибкорон.

–           Рӯзи ҷаҳонии стандартизатсия.

Понздаҳуми октябр

–           110-солагии зодрӯзи Додоҷон Аҳмадов (1915-1975), олими соҳаи тиб.

–           115-солагии зодрӯзи Ҷалол Бобоев (1910-2001), файласуф, профессор.

–           95-солагии зодрӯзи Пӯлод Бобоҷонов (1930), доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

–           90-солагии зодрӯзи Баврак Ғафуров (1935-2011), доктори илми биологӣ, профессор.

–           75-солагии зодрӯзи Шамсиддин Муҳиддинов (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

–           100-солагии зодрӯзи Рифъат Ҳоҷӣ (1925), арбоби ҳизбӣ.

–           80-солагии зодрӯзи Мирзохоҷа Шарифхоҷаев (1945), олими соҳаи педагогика.

–           Иди Меҳргон – рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ.

–           Рӯзи байналмилалии бонувони деҳот.

Шонздаҳуми октябр

–           110-солагии зодрӯзи Иржи Бечка (1915-2006), шарқшиноси чех, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

–           75-солагии зодрӯзи Акбар Маъруфов (1950), журналист.

–           85-солагии зодрӯзи Икромҷон Неъматов (1940), олими соҳаи техника, профессор.

–           95-солагии зодрӯзи Раҳим Тошматов (1930-2001), адабиётшинос.

–           90-солагии таъсиси (1935) Стансияи таҷрибавии зироати субтропикии

Вахш.

–           Рўзи кинои тоҷик.

–           Рўзи ҷаҳонии анестезологҳо.

–           Рӯзи ҷаҳонии ғизо.

–           Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ – панҷшанбеи сеюми моҳи октябр.

Ҳабдаҳуми октябр

–           95-солагии зодрӯзи Михаил Бобоев (1930-1986), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Муҳараммаи Давлат (1940), шоир.

–           85-солагии зодрӯзи Тошбой Куганов (1940), олими соҳаи кишоварзӣ.

–           80-солагии зодрӯзи Амина Маликова (1945), олими соҳаи математика.

–           Рӯзи байналмилалии барҳам додани камбизоатӣ.

Ҳаждаҳуми октябр

–           85-солагии зодрӯзи Бӯрӣ Султонов (1940), журналист.

–           75-солагии зодрӯзи Мунаввара Усмонова (1950), наттоқи ТВ, Корманди  шоистаи Тоҷикистон.

–           70-солагии зодрӯзи Исматулло Ҳасанов (1955), журналист.

Нуздаҳуми октябр

–           120-солагии зодрӯзи Исмоил Атабеков (1905-1989), журналист.

–           135-солагии зодрӯзи Лутфӣ Обидхӯҷа (1890-1957), шоир.

–           90-солагии зодрӯзи Вячеслав Фалин (1935), рассом.

–           85-солагии зодрӯзи Барот Шокиров (1940-1998), муаррих.

–           Рӯзи навиштани мактуб барои оянда.

Бистуми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Эгами Нарзуллои Валӣ (1950), шоир.

–           85-солагии зодрӯзи Набӣ Носиров (1940), доктори илми техникӣ, профессор.

–           70-солагии зодрӯзи Саидбег Сатторов (1955), доктори илми тиб, профессор.

–           Рўзи ҷаҳонии ошпазҳо.

–           Рўзи ҷаҳонии диспетчерҳои авиатсия.

–           Рӯзи ҷаҳонии омор.

–           Рӯзи ҷаҳонии остеопороз.

Бисту якуми октябр

–           95-солагии зодрӯзи Палла Завқибеков (1930-2003), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           85-солагии зодрӯзи Евгения Зелнер (1940), олими соҳаи иқтисод.

–           100-солагии зодрӯзи Григорий Кутсер (1925-2002), олими соҳаи иқтисод.

–           185-солагии зодрӯзи Иван Минаев (1840-1890), этнографи рус, муҳаққиқи этнографияи тоҷикони болооби Ому ва Афғонистон.

Бисту дуюми октябр

–           85-солагии зодрӯзи Зулайхо Бӯрибоева (1940), олими соҳаи химия.

–           75-солагии зодрӯзи Ӯктам Тӯраев (1950-2009), олими соҳаи химия.

–           110-солагии зодрӯзи Михаил Ярошевский (1915-2001), доктори илми  психологӣ, профессор.

–           Рӯзи гиромидошти  хотираи Абунасри Форобӣ – мутафаккири форс-тоҷик.

–           Рӯзи байналмилалии одамони дорои лакнати забон.

Бисту сеюми октябр

–           75-солагии зодрӯзи Нарзуллохон Қосимов (1950), олими соҳаи тиб.

Бисту чоруми октябр

–           125-солагии зодрӯзи Георгий Мороз (1900-1984), олими соҳаи педагогика.

–           110-солагии зодрӯзи Музаффара Рустамова (1915-1986), аввалин наттоқзани Радиои Тоҷикистон.

–           75-солагии зодрӯзи Ҳамидулло Ҳабибуллоев (1950), олими соҳаи химия.

–           100-солагии зодрӯзи Ҳомид Пӯлод (1925-2004), шоир.

–           95-солагии таъсиси (1930) Комиссияи илмии тоҷикӣ дар назди АИ  СССР. Роҳбар академик А. Ферсман.

–           Рўзи Созмони Милали Муттаҳид.

–           Рӯзи ҷаҳонии иттилоот оид ба рушд.

–           Рӯзи иттифоқҳои касаба.

–           Ҷашни Озар – иди хуҷастаи ниёкон (баробар ба 3-юми озармоҳ).

Бисту панҷуми октябр

–           115-солагии зодрӯзи Габриел Самандаров (1910-1996), адабиётшинос.

–           115-солагии зодрӯзи Комил Тоҷиев (1910-1981), доктори илми тиб, профессор, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

–           85-солагии зодрӯзи Каримҷон Юлдошев (1940-2007), арбоби давлатӣ.

Бисту шашуми октябр

–           95-солагии зодрӯзи Парвиз Ирфон (1930-1977), олими соҳаи физика.

–           80-солагии зодрӯзи Ҳоҷимуҳаммад Умаров (1945), доктори илми иқтисодӣ, профессор.

–           75-солагии зодрӯзи Давлатманд Холов (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

–           80-солагии зодрӯзи Зафар Ҷаводов (1945), коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

  • Рӯзи кормандони мақомоти судӣ.

Бисту ҳафтуми октябр

–           150-солагии зодрӯзи Аҳмадҷон Ҳамдӣ (1875-1946), шоир.

–           100-солагии зодрӯзи Михаил Ширкович (1925-1990), олими соҳаи математика.

–           Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.

Бисту ҳаштуми октябр

–           70-солагии зодрӯзи Азим Раҳмонов (1955), олими соҳаи техника.

–           80-солагии зодрӯзи Абдуқаҳҳор Саидов (1945), доктори илми таърих, профессор.

–           105-солагии зодрӯзи Суламиф Федоровская (1920-2009), консертмейстер, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           75-солагии зодрӯзи Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ (1950), адабиётшинос, шоир.

–           70-солагии зодрӯзи Шариф Ҳикматов (1955), рассом.

–           Рӯзи гиромидошти хотираи Абуҳомид Ғазолӣ – мутафаккири форс-тоҷик.

–           Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.

Бисту нуҳуми октябр

–           70-солагии зодрӯзи Ваҳҳобҷон Абдулазизов (1955), забоншинос.

–           75-солагии зодрӯзи Роза Китаева (1950), олими соҳаи педагогика.

–           110-солагии зодрӯзи Усмон Рабимов (1915-1987), сарояндаи опера.

–           Рӯзи ҷаҳонии кумак ва дастгирӣ.

Сиюми октябр

–           85-солагии зодрӯзи Ҳасани Муҳаммадӣ (1940), нависанда.

–           110-солагии зодрӯзи Назира Фозилова (1915-1986), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–           80-солагии зодрӯзи Умарқул Ҳакимов (1945), олими соҳаи математика.

Сию якуми октябр

–           120-солагии зодрӯзи Юрий Григорев (1905-1989), доктори илми биологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

–           120-солагии зодрӯзи Александр Туманов (1905-1983), муаррих.

–           Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.