“Китобҳои ҳаҷман хурди Китобхонаи миллӣ”

kitobi-idigulИн китоби феҳристи адабиётро, ки ба тозагӣ аз чоп баромад, сардори шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ Идигул Нусратуллозода мураттаб кардаву ба он сарсухани пурмуҳтавое навиштааст.  Бо камоли эҳтиром ҳамкори азизамонро барои рӯи даст омадани натиҷаи заҳматҳои чансолааш муборакбод мекунем.

Китоб зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омода шудааст. Муҳаррири китоб донишманди тоҷик Ҷӯрабой Раҷабов буда, ба он номзади илмҳои филология Муҳаммадиқбол Атозода тақриз навиштааст.

Идигул Нусратуллозода дар оғоз дар бораи сабаби таълифи китоб ибрози назар намудаву ҳамзамон сайре ба олами китобҳои нодир ва ҳаҷман хурд низ доштааст. Азбаски худи мавзуъ ҷолиб аст ва ҳам шавқовар сарсуханро комил меорем то хонандагон дар бораи ин гуна китобҳо тасаввуроти рушантаре дошта бошанд.

ПЕШГУФТОР

Китоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода намоем ва тавассути он бо гузаштаю имрўзаи мардуми тоҷик ва олами беканор ошно шавему барои оян­дагон мерос гузорем, то ки дигарон аз он истифода баранд ва идомадиҳандаи давлати тоҷикон бошанд (Б. Аҳмадов, Ҷ. Раҷабов. Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик: маълумотнома. – Душанбе, 2016. – С. 4).

Ба маънои дигар китоб ойинаи таърихи башарият, густаришдиҳандаи маънавиёти инсон ва маъмулии итти­лооти ҷовидонӣ мебошад, ки аз даст ба даст, аз насл ба насл мегузарад ва паёми наслҳоеро ба пасояндагон таҳвил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки «Китоб ганҷинаест, ки бе он донистани таърихи башар ғайриимкон аст. Хушбах­тона, имрўз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, хосса Президенти мам­лакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин ганҷинаи нодир басо зиёд аст. Гузоштани хишти аввали Китобхо­наи миллии Тоҷикистон 4-уми сентябр эълон кардани «Рў­зи китоб» ва озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ша­ҳодати гуфтаҳои болост. Ба ростӣ, аз он меболам, ки Оз­муни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеаро ба шўру шавқ овард» (Нусратуллозода И. Шуъбаи депозитарӣ ва махза­ни арзишманди он: маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе, 2023. – С. 40-41).

Оре, Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷи­кистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Китобхонаи миллӣ аз ибтидои фаъолияташ ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва дастрас намудани китобу нашрияҳои даврӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои гаронқиммати моҳияти илмӣ, таърихӣ ва бадеидоштаи адибону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ва барҳақ, алҳол ин бор­гоҳи илму маърифати мамлакат ҳам аз лиҳози ҳифзи маҷ­муи беназири маҳсули тафаккури наслҳои зиёди гузашта­ву имрӯзи миллат, офаридаҳои гуногунсоҳаю мухталиф­ҷабҳаи дигар қавму ақвом ва халқияту миллатҳои муқими сайёра ва ҳам аз нигоҳи ба хидмати ниёзмандон қарор додани ин ганҷинаи бебаҳо ба хазинаи беназири маънавии миллат табдил ёфтааст. Аз ин захираи камназир шумораи зиёди олимону адибон, зиёиёну намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода бурда, талаботи маънавии хеш­ро қонеъ мегардонанд.

Ба истифода додани ин боргоҳи муқаддас – Китоб­хонаи миллӣ дар соҳаи китобдории кишвар таҳаввулоти ҷиддие ба амал омад ва он ба сифати маркази корҳои ил­мию таҳқиқотӣ, методӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ки­тобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ фа­ъолият намуда, бори дигар аз тамаддунофарӣ ва соҳибде­вону китобдор будани миллати тоҷик гувоҳӣ дод.

Дар замони муросир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳу­виятҳои миллиро таҳти таъсир қарор медиҳаду огоҳӣ аз тамаддуни пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дар китобу фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ таҷассум ёфта­аст, ба таҳкими худшиносии ҳар фарди тоҷику тоҷикис­тонӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳанг, ки инъикос­кунандаи маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури ода­мист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Ин навиштаҳо аз қа­дим муқаддасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада, ҷилдҳои китобҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва билохира тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд.

* * *

kitobi-idigulКитобхонаи миллӣ аз рўзҳои аввали таъсисаш то ку­нун ҳамчун рукни беназири фарҳанги миллӣ рисолати ас­лии худро ҳамчун маркази илмӣ-методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар идоранамоӣ ва батанзимдарории фаъолияти китобдорӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ таъсири неки худро мегузорад. Дар ин замина, таҳия ва ба чоп омода намудани дастурҳои мето­дӣ, библиографӣ, шарҳиҳоливу тавсиявӣ дар ин макон им­рўзҳо мунтазам идома дошта, дар як сол даҳҳо нашрия аз ин муассиса ба дасти хонандагон мерасанд.

Имрўз мо барои мутолиакунандагон феҳристи нав­батии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Китобҳои ҳаҷман хурди Китобхонаи миллӣ»-ро пешниҳод менамоем, ки он барои истифодаю баланд гардидани сатҳи фарҳангу маъ­рифат ва донишандўзию иттилоотии истифодабарандагон мусоидат менамояд.

Ба шакли китоб омода намудани он дар соҳаи китоб­дории тоҷик аз аввалин иқдом буда, дар оянда мутахас­сисони соҳа оид ба паҳлуҳои гуногуни махзани (фонди) китобҳои ҳаҷман хурди китобистони кишвар таҳқиқоти бунёдиро роҳандозӣ менамоянд.

Дар феҳристи мазкур, ки беш аз 1220 номгўи китоб­ҳои ҳаҷман хурдро дар бар мегирад, дар Китобхонаи мил­лӣ нигаҳдорӣ мешаванду барои мутолиаи умуми хонанда­гон пешниҳод мегарданд.

Мавод дар он ба тариқи солшуморӣ (хронологӣ) пешниҳод шуда, дар дохил бо тартиби алифбоӣ муалли­фон ва дар сурати надоштани муаллиф бо номи китобчаҳо тасвир ёфтаанд. Дар охир барои ҷустуҷўи фаврии мавод кумакфеҳристҳои алифбоии номгўйи китобчаҳо ва ашхос манзур мегарданд.

Китоб чун падидаи беназири фарҳангӣ ва беҳтарин василаи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақ­ши бузург дорад. Он дарёи ҳикмат буда, моро бо роҳи хи­рад, маърифат ва одобу ахлоқ равона мекунад. Китоб на фақат дўст, балки ҳамсафари доимиву ҳаётии мост. Тарби­яи характери матини муборизон, ватандўстони шуълавар ва заҳматкашони эҷодкор маҳз аз китоб аст.

Аввалин китобҳои миниатюрӣ дар асрҳои миёна пай­до шуда, як навъ китобҳои дастнавис (аслӣ) ба шумор ме­раванд. Қисми зиёди китобҳои миниатюрӣ туҳфаҳои арзон нестанд, онҳо намунаҳои олии санъати чопи китоб мебо­шанд, ки дар офариданашон, чӣ тавре дар технологияҳои куҳна дида мешаванд, ҳамон гуна дар технологияҳои муо­сири пешрафта низ истифода мешаванд.

Чопи китобҳои миниатюрӣ яке аз намуди маводи чо­пии ҷаҳони муосир буда, метавон онро аҷоиботи олами табъу нашр донист. Аз руйи меъёри байналмилалӣ китоби миниатюрӣ ҳаҷман на аз 3 ченак баландӣ ва бар дошта бошад, яъне он 76 мм ҳисобида мешаванд.

Барои тасвир ва таҳияи китобҳои мазкур аз коғази мармарин то пўсти мор ва аз дарахт то нуқра истифода мешаванд. Ба андозаи хурд нигоҳ накарда, китобҳои ми­ниатюрӣ дар ҳаҷми пурраи худ фарҳанги китоб, сарвати нашрро муаррифӣ мекунанд. Айни ҳол чопи нашрҳои ми­ниатюрӣ дар матбаа ба тарзи офсетӣ чоп мешаванд.

Агар ба пайдоиш ва таърихи чопи китоб, ки ҳазорсо­лаҳоро дар бар мегирад, назар намоем, китобҳои бузургу хурд зиёд интишор шудаанд. Дар таърихӣ башар «Кодек­си Гигас»-ро калонтарин китоби олам номидаанд, ки як маҷмуъи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри XIII ме­бошад. Аз рўйи маълумотҳои дардастдошта, ин китоб 92 сантиметр баландӣ ва 50 сантиметр дарозӣ дорад, ғафси­аш бошад 22 сантиметро ташкил намуда, вазнаш 75 ки­лост.

Аммо хурдтарин китоби оламро «Буқаламун» («Ха­мелион»)-и Антон Чехов меноманд, ки соли 1996 дар шаҳ­ри Омски Русия чоп шудааст. Андозаи ин китоб 0,9×0,9 миллиметр буда, аз 30 саҳифаи ёздаҳсатрӣ иборат аст ва бо се ранг ороиш ёфтааст. Китоб ҳамагӣ 50 нусха бо забо­ни русӣ ва 50 нусхаи дигар бо забони англисӣ чоп шуда­аст.

Намунаҳои хурдтарин китобҳо дар Китобхонаи мил­лӣ низ мавҷуданд, ки дар шуъбаи депозитарӣ ва дигар шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд. То ба имрӯз теъдоди ин гуна китобҳои Китобхонаи миллӣ 1300 нусха буда, аз ин 620 нусхааш китобҳои бадеӣ, ё худ асар­ҳои шоирону адибони машҳури олам мебошанд.

Дар шуъбаи дасхатҳо ва китобҳои нодири Китоб­хонаи миллӣ дохили қуттичае як китобчаи хурд бо пурби­наш нигоҳ дошта мешавад. Тахмин карда мешавад, ки ин китобча дар шаҳри Қазон аввалҳои садаи XX чоп шуда­аст. Муқоваи китобча аз чарми сурхи гулдор саҳҳофӣ шуда, коғазаш сафедчаи тунук мебошад. Гирдогирди ше­розааш зарҳалбандист. Андозаи ҳаҷмаш 1 х 1,5 сантиметр аст. Ин китобча «Қуръон» буда, тавассути пурбин қироат карда мешавад (Б. Аҳмадов, Ҷ. Раҷабов. Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик: маълумотнома. – Ду­шанбе, 2016. – С. 50).

Силсилакитобҳои «Эпиграммы» (ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо) аз хурдтарин китобҳои Китобхонаи миллӣ буда, он 4,4 сантиметр дарозӣ ва 3,8 сантиметр паҳно дорад ва дар он беҳтарин латифаҳои ҳаҷвнигорони Англия, Олмон, Испа­ния, Русия, Фаронса гирдоварӣ шудаанд.

Силсилакитобҳои «Эпиграммы» ҳаҷвияҳои адибони ҳар як аз давлатҳои номбаршударо ба таври алоҳида фаро гирифта, дар соли 1986 аз ҷониби нашриёти «Книга»-и шаҳри Москва чоп шудаанд. Ин асарҳо бо ду забон таҳия шуда, тарҷумаи русии онро В. Василев ба зимма дошт ва мураттибонаш В. Новиков., И. Кутик мебошанд. Яке аз ҷолибияти дигари ин китобҳои хурд дар он аст, ки шумо­раи саҳифаҳояшон аз 200 зиёд ҳастанд. Мисол «Ҳаҷвия»-и Русия ва Фаронса 260 саҳифаро дар бар меги­рад.

Инсонҳо майл доштанд роҳеро биҷӯянд, ки китобро дар ҳаҷми хурд интишор диҳанд. Вале китобҳои миниатю­рӣ аслан барои фурӯши оммавӣ нестанд, нашрашон маҳ­дуд ва бештар чун туҳфа чоп мешаванд. Таърих ки­тобҳоеро ҳам ёд дорад, ки ҳаҷмашон хурд ва бо теъдоди зиёд нашр шудаву барои омма фурӯхта шудаанд. Инҳо бештар китобҳое мебошанд, ки дар кисса ҷой шаванд.

Дар ҷалби наврасон ба китобу китобхонӣ нақши асо­сиро оила, мактаб ва ҷомеа мебозад. Агар аъзои оила ки­тобхон бошад, ҳатман кўдакони ин он низ китобхону ки­тобдўст мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ нақши асо­сиро китобдор ва омўзгор мебозад. Барои ҳамин ҳам во­лидайн бояд ҳамроҳи фарзандонашон ҳамкориро бо ки­тобхона масоили масъалаҳои мутолиаи китобу донишан­дўзӣ ба роҳ монанд. Зеро бе таълим ва мутолиаи китоби насли наврас соҳибмаълумоту одоб ва ахлоқи хамида на­мегарданд.

Ин буд намуна аз кучактарин китобҳои Китобхонаи миллӣ, ки дар шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст. Хонандаи азизу китобдўст бояд донад, ки мутолиаи ҳаҷ­вияҳо аз китоби «Эпиграммы» лаззату кайфияти дигаре дорад.

Бо навштаҳои пурҳикмати Мавлоно Абдурраҳмонӣ Ҷомӣ ба навиштаҳои худ нуқта мегузорем:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Идугул Нусратуллозода,
сардори шуъбаи депозитарии
Китобхонаи миллӣ.