Тӯҳфаи адиби ӯзбек Обиддин Маҳмудов ба Китобхонаи миллӣ
Имрӯз ду китоби адиби шинохтаи ӯзбек Обиддин Маҳмудов – “Жемчужины океана” ва “Фарзанднома” ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд. Китобҳоро Шаҳзод Ибрагимов – шогирди Обиддин Маҳмудов ба директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода супурд.
Дар зимн, рӯнамоии китоби “Жемчужины океана“-и нависандаи маъруф Обиддин Маҳмудов соли 2021 дар як мизи мудаввар, ки таҳти унвони “Ҳадафҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон ва Русия: дурнамо ва таҷрибаи татбиқ” анҷом ёфт, баргузор гашт. Ин асар пандунасиҳатӣ буда, соли 2020 рӯи чоп омадааст.
Китоби дигари адиб “Фарзанднома” (ба забони ӯзбекӣ) низ ҷанбаи пандуахлоқӣ дошта, соли 2020 ба табъ расидааст. Ба ақидаи муаллиф насли ҷавоне, ки дар муҳити солим ба воя мерасад, ҳамчун шахсияти комили дорои ахлоқи нек, дониши амиқ, тафаккури баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшинос ташаккул меёбад.
Акнун хонандагон китобҳои мазкурро аз фонди асосии Китобхонаи миллӣ дастарс ва мутолиа карда метавонанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият мекунад, ки дар он бо 63 забони дунё китобҳо гирдоварӣ шудаанд. Ҳамчунин дар шуъбаи мазкур гӯшаи намоиши китобҳо аз давлатҳои гуногун ташкил гардидаанд.
Махфират МУҲИДДИНОВА