Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо иштироки Муҳриддин Сабурӣ
Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо иштироки адиб ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ ва хонандагони навраси шуъба дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гардид.
Ровии барнома ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ва ҳамчунин барандаи ҷоизаи озмуни “Тоҷикистон – Русия” Нозанини Шӯҳрат маҳфилро оғоз намуда, наврасонро бо фаъолияту зиндагиномаи адиб ва шоири хушкалом Муҳриддин Сабурӣ ошно намуд.
Дар рафти маҳфил хонандагон ба адиб суолщои худро пешниҳод карданд ва посухҳои таъсирбахшу пандомез гирифтанд.
Яке аз иштирокдорон аз Муҳриддин Сабурӣ хохиш намуд, ки шеъри тозаэҷоди хешро баҳрашон қироат намоянд ва чун Иди парчами миллӣ дар пеш аст, шоир бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ шеъри навашро дар васфи парчам қироат намуд. Ҳамчунин ба бачагон тавсия дод, ки оҳиста, қадам ба қадам дар пайи мутолиа бошед ва китобро беҳтарин дӯсти худ дар ҳама ҳолат бидонед.
Маврид ба ёдоварист, ки ин маҳфил моҳе як маротиба баргузор гардида, кӯдакону навраонро ба мутолиаи асарҳои назмиву насрӣ ҳавасманд мегардонад.
Шумо метавонед аз ҷараёни маҳфил аз барномаи телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” огоҳ шавед.
ХЕЛЕ КУТОҲ ДАР БОРАИ МЕҲМОНИ МАҲФИЛ
МУҲРИДДИН САБУРӢ, шоир ва мунаққиди тоҷик, зодаи деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб ва хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2013 то соли 2015 хабарнигори нашрияи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Аз нимаи дуюми соли 2016 то соли 2017 ба сифати мусаҳеҳ ва баъдан ба сифати мудири шуъбаи санъати ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» кор карда, бо тавсияи Раёсати Итифоқи нависандагон вазифаи мудирияти бахши нақди ин созмони ҷамъиятиро ба уҳда гирифтааст. Мавсуф то кунун масъули ин бахш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Дар баробари ин солҳои 2019, 2020, 2021 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар таҳия, таҳрир ва таълифи китобҳо барои бачагон саҳм гузоштааст.
Дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи «Килки сабз»-и ТВ «Сафина» ва рӯзномаи «Тоҷикистон» мебошад.
Соли 2020 барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Абарои китоби «Шеър дар мизони ҳунар» гардидааст.
Ганҷина ҶОЛАЕВА