Тоҳир ва Зуҳро – достони шӯрангези ишқи шоҳзодагон

«Тоҳир ва Зуҳро», яке аз афсонаҳои машҳури тоҷикӣ, ки байни мардумони кишварҳои ҳамсоя низ мушоҳида мешавад. Дар ин афсона ишқи ду дилдода «Тоҳир ва Зуҳро» инъикос ёфтааст. Афсонаи «Тоҳир ва Зуҳро» ба мисли афсона ва достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин» ба таври фоҷиаангез ба поён мерасад. Яъне қаҳрамонҳо ба муроди дили худ нарасида, аз олам дармегузаранд.

            Мазмуни мухтасари афсона чуни аст, ки подшоҳ ва вазир дўстони наздик буданд, вале ҳар ду фарзанд надоштанд. Замоне, ки онҳо ба синни пирӣ мерасанд, занҳои онҳо ҳомиладор мешаванд. Шоҳ аз ин воқеа огоҳ шуда, бо вазир чунин қарор кард, ки агар зани ту духтар зояд, духтарат арўси ман, агар зани ман духтар зояд, писарат ба ҷои ман подшоҳ ва духтари ман арўси ту мешавад. Ҳамин тавр, вазир писардор шуду подшоҳ духтардор. Писарро Тоҳир ва духтарро Зуҳро ном мегузоранд. Ҳар ду калон шуда, ба якдигар дил мебанданд, вале дере нагузашта яке аз подшоҳони ҷангҷўи ҳамсоя ба Зуҳро ошиқ мешавад ва ба падари ў нома менависад, ки агар духтаратро ба ман надиҳӣ кишваратро вайрон мекунам. Падари Зуҳро бо машварати атрофиёнаш розӣ мешавад, ки духтарашро ба Сияҳботур (дар баъзе вариантҳо Қаработур) диҳад. Аммо Зуҳро аз ин амали падар ба фиғон меояду муқобалат нишон медиҳад.

            Подшоҳ Тоҳирро ба наздаш хонда аз вай мехоҳад, ки аз ин нияти бо Зуҳро издивоҷ кардан баргардад, вале ў рад мекунад ва ўро аз кишвар меронанд.

            Тоҳир роҳе пайдо карда, дубора бо корвон ба кишвараш бармегардад. Сияҳботур аз шунидани ин хабар ба ғазаб меояд. Падари духтар дар ғазаб шуда, амр мекунад, ки Тоҳирро ба сандуқ андохта ба дарё партоянд. Сандуқро духтарони подшоҳи кишвари дигар, ки дар киштӣ нишаста саёҳат доштанд, мегиранд.

            Тоҳирро аз даруни сандуқ бароварда, ба духтари хурдии он шоҳ, ки Гавҳар ном дошт, никоҳ карда медиҳанд, вале Тоҳир боз ба назди Зуҳро меояд. Қаработур аз баргаштани Тоҳир хабар ёфта, ба падари Зуҳро таҳдид мекунад ва саранҷом Тоҳирро ба қатл мерасонад ва Зуҳро ҳам худро дар болои қабри ў ҳалок мекунад.

            Афсонаи «Тоҳир ва Зуҳро» то нимаи авали асри бист дар байни мардум шуҳрати зиёд дошт. Дар асоси яке аз вариантҳои афсонаи «Тоҳир ва Зуҳро» Мирзо Турсунзода либереттои «Тоҳир ва Зуҳро»- ро (1943) навиштааст. Ин афсона дар байни ўзбекҳо, туркманҳо ва халқҳои дигар низ шуҳрат дорад, ки дар асоси он адиби ўзбек Сайёдий (дар асри 18), шоири туркман Муллонафас (1810-1862) достонҳо таълиф намудаанд. Ҳамчунин намоишномаҳои мусиқавӣ ба забонҳои ўзбекӣ ва туркманӣ таълиф гардидааст. Дар асоси «Тоҳир ва Зуҳро» дар киностудияи «Ўзбекфилм» филме низ ба навор гирифта шудааст.

Бозчоп аз “Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 2. – С. 470.

Муаллиф: Р. Раҳмонӣ

 

Ва матлаби дигар дар ин бора, ки метавонед аз Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед:

Фолклори тоҷикони Қашқадарё. – Душанбе: 1998. – Ҷ. 2. – 304 с.

Афсонаҳои мардуми тоҷик. – Душанбе, Эр- граф, 2013. – 180 с.

Алиназарова, С. “Тоҳир ва Зуҳро”: Песаи Мастон Шералӣ аз рўи либреттои Мирзо Турсунзода дар иҷрои санъаткорони Театри вилоятии мусиқию мазҳакаи ба номи А. Рўдакӣ шаҳри Хоруғ // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 16 октябр.