Саргузашти Паҳлабади Ромишгар аз “Шоҳнома”-и Саолибӣ”

husravi-parvezСарҷис меҳтар ва раҳбари ромишгарони дарбори Парвиз буд. Огоҳ шуд, ки ҷавоне аз мардуми Марв, ки дар навохтани уд ва овози хуш ва фусунсоз саромади ҳамагон аст, омада то ба базми шоҳ роҳ ёбад. Аз сари рашку бими сардии бозораш андӯҳе ҷонкоҳ бар дилаш нишаст ва найрангҳо кард то нагузорад Паҳлабад ба даргоҳи Парвиз бирасад. Барои ин кор ба пардадорон ва дарбонон ришватҳо дод, то ӯро аз омадан ба даргоҳ боздоранд. Аз ҳамнишинон ва дӯстони шоҳ хоҳиш кард, ки аз Паҳлабад номе набаранд. Онҳо хушнудии Сарҷисро ҷустанд, то он ки номи Паҳлабад замоне пинҳон монд.

Паҳлабад аз ин дурй навмедии бисёр сахте кашид ва ҳамин дармондагй ӯро ба тарфанде ҳунармандона водошт. Чунонки даст ба домани боғбони подшоҳ шуд, ки Парвиз бештар дар он гулгашт бода менӯшид. Ба ӯ армуғонҳое бахшид ва аз ӯ дастурй хост, ки ҳангоми бодагусории подшоҳ бар дарахте, ки болои сари базми шоҳ аст, барояд. Боғбон инро пазируфт.

Чун шоҳ дар зери дарахти сарв ба бодагусорй пардохт, Паҳлабад дасте ҷомаи дебои сабз ба тан кард ва бар дарахти болои базми Парвиз даромад ва дар миёни шохаҳои сарв ҷой гирифт. Чунонки бо ҷомаҳо ва сози сабза аз баргҳои дарахт ҷудо набуд.

Шоҳ бо ҳамдамони хеш даромад ва нишаст ва дигарон ҳар як дар ҷои худ дар пешгоҳ нишастанд. Чун Парвиз ҷом баргирифт то бинӯшад, Паҳлабад удро ба овоз даровард ва овои хуш ва шодибахш сар дод, ки касе чунон овозе нашунида буд. Ин ҳамон пардае аст, ки ба «Яздонофарид» номбардор аст.

Парвиз аз шодй такон хӯрд ва пурсид, ки навозанда кист? Ҳар чи ҷустанд, ӯро наёфтанд. Парвиз ҷоми дувумро баргирифт. Паҳлабад дубора созро ба наво даровард ва овое чун «Тавонгарй пас аз дарвешй» бинавохт. Ин парда ҳамон аст, ки ба «Партави Фархор» (120) номбардор аст.

Дил аз дасти Парвиз бишуд ва гуфт: Ваҳ, чй овое! Ҳама андомҳо орзу доранд, ки эй кош гӯш буданд. Дубора фармуд, ки навозандаро биҷӯянд. Боз ҳам ҷустанд ва ӯро наёфтанд. Ҷоми савумро баргирифт, бад-он умед, ки овози гӯшнавозро боз шунавад. Паҳлабад боз соз баргирифт ва овое сар дод, ки ба нолаи навои соз ҳамаро афсун кард ва пардаи номвар ба «Сабз андар сабз»-ро навохт.

Парвиз дигар хештандорй натавонист кард ва худ аз ҷо бархост ва гуфт: ин навозанда ҷуз фариштае нест, ки Худованд ӯро барои шодй ва баҳрамандии ман фиристодааст. Он гоҳ овоз баровард, ки эй некӯкори бузургвор! Ту ки гӯши маро бо овозат баҳраманд кардй, чашмро низ ба дидорат бинавоз, то шодии маро бе камукост гардонй.

Паҳлабад аз дарахт фурӯ омад ва ӯро намоз бурд. Парвиз ба ӯ хушомад гуфт ва ӯро ба худ наздик кард ва аз саргузашташ пурсид. Паҳлабад он чи бар ӯ гузашта буд, бозгуфт. Парвиз шодмон шуд ва он рӯзро бо ромишгарии ӯ ба поён бурд ва фармуд, то ӯро гиромй бидоранд ва бениёз кунанд. Пас ӯро аз вежагони худ сохт ва сарвари навозишгарони пешгоҳ кард.

З-он сипас Паҳлабад дар ҳар базме навое сазовори он базм ва сурудҳое мехонд, ки Парвизро сахт шодмон мекард ва ӯро хуш меомад. Ӯ падидоварандаи «Хусравониҳо»-е аст, ки то кунун навозишгарон дар базми шоҳон менавозанд…

 

Ин як порча аз қиссаи марғубу шуниданиву хонданиро аз “Шоҳнома”- Саолибӣ  манзуратон кардем, ба ин умед, ки ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ  биҷӯед ва бихонед.

 

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», номҳои дигараш «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Фазолат Набобова,
муовини сардори Маркази “Точикшиноси”.