Ҷалол Икромӣ: “Устоди ман, мактаби ман, худи ман”

Ҷалол  ИкромӣИн як порчаи басо омӯзандаро аз хотираҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ҷалол Икромӣ аз китобашон “Устоди ман, мактаби ман, худи ман” иқтибос меорем. Нахустин қадамҳои нависанда шудани Ҷалол Икромӣ, сахтгириҳои устодонаи абарустод Садриддин Айнӣ. Умедворем мехонед. Ҳамин як порча ҳам метавонад барои ҳамаи касоне, ки пеши устоде дарс мегиранд, омӯзанда бошад.

*****    *****    *****

Баъд аз оне ки ҳикояи аввалинам чоп шуд, ман рўҳ гирифта бо азму ҷазми калон ҳикояи дуйўми худро навиштам, ки «Ширин» ном дошт. Дар вақти навиштани ин ҳикоя ман низ дар Самарқанд будам, дар мактаби олии педагогӣ таҳсил мекардам. Дар он ҷо устод Айнӣ бевосита ба корҳои адабӣ- нависандагии ман роҳбарӣ мекарданд. Он кас дар идораи нашриёт кор мекарданд ва муайян карда монда буданд, ки фақат дар фурсати танаффуси нимрўзӣ ба назди он кас равам, зеро ки дар фурсати дигар он кас кори нашриётро мекарданд ва намехостанд, ки аз ҳисоби кори нашириёт ба ман фурсат ҷудо кунанд. Ман ҳам дар вақти танаффус мерафтам. Он кас нону чояшонро мехўрданд ва баъд аз ман ҳисобот мепурсиданд. Дар ҳамин тавр як маврид, ман ба он кас «Ширин»-ро додам.

Се рўз баъд биёед!- гуфтанд Айнӣ.

Ман пас аз се рўз омадам. Айнӣ нону чой мехўрданд. Пас аз ғундоштани дастурхон ба ман муроҷиат карданд:

Ҳикоятам дар журнал чоп шуд, ман усто шудам, гуфта саросема шудед! Кас бояд чунон кунад, ки як ҳикояташ аз дигараш беҳтар ва хубтар бошад. Лекин шумо чиҳо навиштед?!

Пас аз ин муқаддима сар карданд ба сарзаниш ва таъна. Дар сари ҳар калимае, ки ман нодуруст ва нодониста кор фармудаам, махсусан истода, маро аз ҳаллоҷӣ мегузарониданд, ҷанг мекарданд ва ба дараҷае мерасиданд, ки рангашон меканд ва аз ғазаб меларзиданд.. Ман гумон мекардам, ки ҳамин ҳоло бо дастони сергўшт ва дар меҳнат пухта, сахту мустаҳкамгардидаи худ маро чунон мезананд, ки се муаллақ зада ба рўи хона меафтам. Ба бадбахтӣ, дар айни ин ҷангу сарзаниш шунидан ман танҳо, фақат бо Айнӣ рў ба рў набудам. Дар он хонае, ки Айнӣ нишаста кор мекарданд, инчунин Саид Ризо Ализода ва намедонам боз киҳо буданд. Ғулғуларо шунида аз хонаи дарун Ҷабборӣ (мудири нашриёт) ҳам баромада буд ва ҳамаи онҳо гўё бо назари таъну лаън ба ман менигаристанд ва «ҳай-ҳая» мегуфтанд. Агар дар он дам замин мекафиду маро фурў мебурд, ман хушбахт мешудам. Аз нияти нависанда шудан ҳам безор шудам. Сад пушаймон гаштам, ки барои чӣ ман ин корро пеш гирифтам, хотирҷамъак дарсҳои ҳаррўзаро тайёр карда хонда гардам чӣ мешуд! Модоме ки Айнӣ маро ин қадар сарзаниш мекунанд, маълум ки ҳеҷ қобилият набудааст-дия!

Ана гиред!- гуфтанд Айнӣ дастхатти маро багардонида,- аз сари нав кор кунед! Ҳар луғат ва калимаеро, ки дуруст намедонед, аз китобҳои луғат ёфта маънояшро фаҳмед ва ана баъд кор фармоед. Агар то ин ҳафта ҳамин рўз аз нав кор карда тавонед, гирифта биёред. Бисёр саросема нашавед.

Хуб!– гуфтам ва бо сари хамида, малўлона ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда аз хона баромадам. Дар берун аз паси ман кадоме аз коркунон баромада омаду маро боздошта гуфт:

– Аз ҷангу коҳиши домулло хафа нашавед! Бедарак вай ин қадар ҷон намекоҳонад, дар шумо осори қобилиятро дида ҳамин тавр мекунад, ки пухта шавед.

– Маълум мешавад, ки ман қобилият надоштаам.

– Не, баръакс! Агар он тавр мешуд, домулло рўйрост мегуфт, ки бисёр зўр назанед, аз шумо ҳикоянавис намебарояд. Модоме ки вай аз дилу ҷон шуморо коҳиш карда, меомўзад, маълум ки умедаш калон. Хафа нашавед, кор кунед!

Ман ба хобгоҳ баргашта, дастхатти худамро ба кунҷе партофтам ва аз паи корҳои дигар шудам. Лекин пас аз гузаштани як рўз боз ба дилам оташ афтод, боз ҳикояро ба даст гирифта, ба кор сар кардам ва дар фурсати муайян ба пеши домулло бурдам. Он кас ҳикояро гирифта, пагоҳ биёед, гуфтанд. Пагоҳ омадам, боз аз аввала сахттар коҳиш ва ҷанг карда, ҳикояро ба ман баргардониданд, ман боз кор кардам, боз нашуд ва ниҳоят дар дафъаи шашўм, ё ҳафтўм кор карданам, гуфтанд ки:

– Ана, акнун ҳикояатон ба чоп меравад. Нағз кор кардед, офарин!

Ман як оҳи сабук кашидаам…

Ҳамон сол ду-се ҳикояро ҳамин тавр кор кардем. Вале афсўс, ки баъд ман аз Самарқанд рафтам ва дигар натавонистам бевосита аз устод таълим гирам. Лекин то дами охиринашон аксарияти асарҳои маро устод таҳрир мекарданд, ба воситаи мактуб меомўхтанд ва маҷбур мекарданд, ки асарамро баргашта кор кунам. Чунончи, романи «Шодӣ»-ро устод чунон таҳрир карда, дар ҳошияҳояш чунон шарҳу эзоҳ навиштаанд, ки худи он дастнавис як мактаби адабӣ шуда монд.

Ин дастнависи таърихӣ ва бисёр муҳимро Камол Айнӣ ба ҳолу ҷони ман намонда, аз дастам гирифта бурд, ки ба музеи устод мегузорад. Агар ин дастнавис дар музеи устод бошад, дар ҳақиқат чизи омўхтанӣ ва ёдгории пурқимате аз устод Айнӣ мебошад.

Устод Айнӣ аз дасти ман гирифта, маро ба майдони корузори адабиёт дароварда, барои касби ин ҳунар ба ман то тавонист ва то имкон буд, омўхт, вале барои ман кам аст! Ман ҳоло афсўс мехўрам, ки чаро аз Самарқанд рафтам, чаро то ба охир дар хизмати устод кор карда, тамом пухта нашудам. Аз шогирдони устод – марҳум Деҳотӣ нисбатан бисёртар бо устод кор кард. Диққаткорӣ, луғат кор фармудан, гаштаю баргашта кор карданро Деҳотӣ аз Айнӣ омўхта буданд. Ҳабиб Аҳрорӣ (ки ҳоло яке аз муҳаррирони босавод ва яке аз тарҷумонҳои мумтоз аст) низ таълими устод Айниро гирифта, дар забон пухта шудааст.

Тақрибан ҳамаи нависанда ва шоирони ҳамсинну соли ман бевосита таълими устодро гирифтаанд. Ба дигарон асарҳои он кас, мактубу нишондодҳои ғоибонаашон омўхтааст…Бале, шогирдони устод беҳадду шуморанд! Оё худи ин устоди бузурги маро кӣ омўхта бошад?

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва нарврасон.