АНОНС. Мизи гирд.“Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифаи насли наврас”

Зеҳни сунъӣ28 – уми октябр бахшида эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Китобхонаи миллӣ мизиз гирд баргузор мегардад.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,техникӣ ва илмҳои дақиқ доир гардида, мавзуи он “Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифаи насли наврас” мебошад.

Дар нишаст иштироки роҳбарияти Китобхона, намояндагон аз Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии патенту иттилоот, Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон ва васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.

Марҳамат намоед ва аз навгониҳо дар олами сунъӣ бохабар шавед.

Рӯзи баргузорӣ: 28-уми октябри соли 2025

Замони баргузорӣ: соати 10:00
Макони баргузорӣ: Китобхонаи миллӣ. (Ошёнаи 3-юм)
Вуруд озод.