Бо бачаҳо.  Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Қитъаҳо

Донистаниҳо аз ҷуғрофияДар рӯйи замин шаш қитъаи хушкӣ мавҷуданд: Амрикои Шимолӣ, Ҷанубӣ, Африқо, Авруосиё, Австралия ва Антарктида. Қитъаи Авруосиё аз ҳама масоҳати бузург – 54 млн км2-ро ишғол кардааст. Ҳамчунин Африқо 30, 3 млн км2, Амрикои Шимолӣ 24 млн км2, Амрикои Ҷанубӣ 17 млн км2, Антарктида 14 млн км2 ва қитъаи Австралия 7,7млн км2 масоҳат доранд.

САРДТАРИН ҚИТЪАИ ОЛАМ КАДОМ АСТ?

Антарктида сардтарин қитъаи замин мебошад. Дар паҳноҳои дохили ин қитъа ҳарорат аз 250-С то 890 С тағйир меёбад. Пасттарин ҳарорат дар рӯи замин,-890 дар пойгоҳи “Восток”-и Антарктида ба қайд гирифта шудааст. Сипари яхине, ки ин паҳноро мепӯшонад, 3 км ғафсӣ дорад, дар баъзе ҷойҳо он беш аз 4 км аст ва барфу ях гармии Офтобро баргашта ба атмосфера инъикос мекунанд. Шамолҳои сард бо суръати 145 км /соат мевазад. Ба қавли олимон дар Антарктида қариб 2 млн сол инҷониб борон наборидааст.

ЧАРО ҚИТЪАҲО БА ҲАМ МОНАНДАНД?

Мувофиқати ҳайратангези тарҳи хатти соҳилҳои шарқии Амрикоӣ Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубиву соҳилҳои ғарбии Аврупову Африқо гувоҳӣ онанд, ки дар гузаштаи дур ин қитъаҳо пайвасту якҷоя будаанд. Ғайр аз ин олимон монанди сохти геологӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, олами наботот ва ҳайвонотро кашф намудаанд. Масалан шутурмурғи африқоӣ (страус) ва шутурмурғи Амрикои Ҷанубӣ (нанду) аслан аз як зот будаанд.

ОЁ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ҲАРАКАТ МЕКУНАНД?

Қитъаҳо ҳамеша дар ҳаракатанд. Олимон исбот кардаанд, ки ҳар сол Амрикои Шимолӣ аз Амрикои Ҷанубӣ ба андозаи 7 см аз ҳамдигар дур мешаванд. Яъне, Уқёнуси Атлантик васеътар ва Уқёнуси Ором баръакс хурдтар мегардад. Ба ақидаи олимон баъди 65 млн сол Амрикои Шимолӣ аз Ҷанубӣ канда шуда, ба қитъаи Осиё мепайвандад ва қитъаи Африқо низ бо Аврупо якҷоя мешавад. Аз рӯи фарзияе 200 млн сол пеш тамоми қитъаҳои Замин бо ҳам пайваст буда, як кураи яклухти азимеро ташкил медодаанд, ки он шартан Пангея ном доштааст.

МИНТАҚАҲОИ ҚУБӢ

Қутби Шимолӣ ва Қутби Ҷанубӣ нуқтаҳои ниҳоии буриши меҳвари замин мебошанд, ки дар нуқтаи ниҳоии нимкураҳои муқобили якдигарқарор доранд. Арктика дар нимкураи шимолӣ ва Антарктика дар нимкураи ҷанубӣ сардтарин минтақаҳои рӯйи заминанд. Ин минтақаҳои қутбӣ тамоми сол барфу яхпӯшанд.

Оё дар Антарктикаодамон зиндагонӣ мекунанд?

Антарктика қитъа (материк)-и Антарктика, паҳнҳои ҳамвори уқёнус, баҳрҳо ва ҷазираҳои ба он наздикро дар бар мегирад. Ин ҳудуди паҳновар ба ягон мамлакати ҷаҳон таалуқ надорад ва мувофиқи Аҳдномаи байналмилалии соли 1959, ки онро 32 мамлакат имзо кардаанд, дар Антарктика танҳо таҳқиқоти илмӣ кардан мумкин аст. Ҳузури одамон – кормандони пойгоҳҳои илмии қутбӣ ва сайёҳон масъалаи истифодаи партобҳоро, ки дар шароити ҳарорати паст вайрон намешаванд ва намепӯсанд, ба миён овард.

Тундра чист?

Тундра ҳамвориҳои васеи серботлоқ ва камтеппа аст. Ин минтақаи табиӣ қад-қади доираи Қутби Шимол, байни минтақаи тайга (ҷангали анбӯҳи шимолӣ) ва минтақаи паҳноҳои беҳосили қутбӣ ҷойгир аст. Тобистон дар тундра ҳамагӣ дар давоми чанд ҳафта қабати хеле тунуки яхи болои хок об мешавад, вале қишрҳои яхбаста абадӣ меистанд. Дар қаламрави тундра рустаниҳо ба замин амиқ реша ронда наметавонанд, бинобар ин бештар дарахтони паст ва буттаҳо мерӯянд, ки ушна ва гупсангҳо аз ҷумлаи онҳоянд.

Оё дар Арктика хушкӣ ҳаст?

Дар паҳнои Қутби Шимол хушкӣ нест, онро анбӯҳи бузурги яхи бисёрсола фаро гирифтааст, ки саросари Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро пӯшонидааст. Арктика инчунин ҷазираҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, қисмати зиёди ҷазираҳои Грендландия, канораҳои шимолии қитъаи Авруосиё ва Амрикои Шимолиро дар бар мегирад. Яъне ба ҳудуди Арктика минтақаи тундра низ дохил мешавад. Иқлими ин минтақа хунуки қаҳратун буда, яхпораҳои баҳри тамоми сол қисми зиёди уқёнусро фаро мегиранд. Баҳорон ғафсии яхи қисми мобайни уқёнус то 3 метр коҳиш меёбад.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Баргигул Наботова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.