Абдулҳамид САМАД. УМРИ ДУБОРА

Шоири бедордил, оташниҳод ва ормонсарои миллати тоҷик устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ 21 сол пеш дар авҷи камолоти эҷодӣ дар синни 59 ногаҳон ба раҳмати Худо пайвасту дили ҳаводорони шахсият ва эҷодиёти рангинашро реш кард. Ӯ барҳақ шоиру фарзанди гиромии миллат буду то мағз-мағзи дилу устухон ватанпараст. Вале хушӣ ва саодати бузург боз ин аст, ки 21 сол боз шеъри ноб, саршори ангезаи ҷасорату ҷавонмардӣ, ашъори ҳадафрасу пурнишот, парварандаи эҳсосоти олии ватанпарастӣ, худшиносӣ, ҳақталошӣ, ишқу армонҳои инсонии устод беш аз пеш ба миллати арҷмандаш ҳамеша дар хизмат асту дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад. Зимнан, устод Лоиқ бузургтарин шоири Ватану миллату ваҳдатсаро, озодипарасту истиқлолхоҳ буд. Вай шукуфоии сарзамин, пойдориву бақои абадияти давлати тозаистиқлоламонро аз дилу ҷон тараннум кард ва рисолати шоириро басо равшану зебо эълом намуд:

Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,

На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.

Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър

Беватанро оварад сӯи Ватан.

Ва ё:

Худовандо, худои хеш гардон миллати моро,

Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!

Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,

Нигаҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!

Ва ё:

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Нубуғи шахсияти дурахшони адабӣ, ковишу андешаҳои жарфу ҷасуронаи бадеӣ, ба шеъри навини тоҷик овардани мавзӯъҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, тараннуми кору пайкори фарзандони ҷоннисори миллат, эҳсоси рӯҳбахши ғуруру ифтихор аз ниёкони некном, худшиносӣ, ҳақталошӣ аз ҷониби устод Лоиқ тақрибан дар чор даҳсолаи охири асри бист бешак падидаи нодир буд. Лоиқи шердил буд, ки дар замони пуртазоди авҷи хӯрдагириҳо ба сарнавишт ва таърихи пурфоҷиаи миллати хеш бо хашму нафрат панҷа зада, “ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо” гуфт ва ба замонасозон неш ҳам зад:

Ҳар кӣ битвонад ба хоки гӯр монад мурдаро,

Кист, хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?

Ва он айёми аз ситоиши шахсиятҳои барӯманди гузаштаамон кебидани сиёсатмадорон ва инро “миллатгароӣ ё бузургтарошӣ” номидан Лоиқ нотарсона ба суқути давлати Сомониён ва барбод рафтани армонҳои миллат талх нолид:

Оли Сомон!

Давлати навкисаву навхонагон,

Давлати навдавлату навхоҷагон,

Кӯдаки якрӯзаи таърихи тоҷик,

Зодрӯзат ёд бодо,

Ғӯрамарго,

ғӯрамарго…

(1973)

Он замон чунин ҳадафу кӯшиш осон низ набуд ва шоир ба хурдагирӣ ва эродҳои зиёде дучор мешуд. Вале устод Лоиқ аз оғози эҷодиёт то нафаси вопасин бо парвоз ва эъҷози зебои мондагор шеъри охири асри бисти тоҷикро ҷамъбаст кард.

Банда ҳангоми дидани марҳилаҳои ниҳоии озмуни басо ҳадафмандонаву муфиди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданду идома дорад, аз забони хонандагони саросари Тоҷикистони озод: Бадахшону водии Рашт, Хатлону Суғд, пойтахту ноҳияҳои қаламрави Ҳисор бо шавқу сурур ва ҷӯшу хурӯши ҳайратангез садо додани сурудаҳои устод Лоиқ дар радифи намунаҳои шеъри дигар шоиронамон ба ин хулоса омадам. Ба хулосае омадам, ки осори Лоиқ, ки барҳақ худро шогирду пайрави устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода ва М. Қаноат мешумориду корвонкаши шеъри навинамон буд, барои насли имрӯзу фардои мо ба ҳайси шоири гиромии армонсарои миллати тоҷик асрҳо зиндаву поянда мемонад. Ин ҳам ҳақиқат аст, ки ҳеҷ як шоири асри бисти мо мисли устод Лоиқ мавзӯъҳои пурфоҷиаи миллат, ҷабру ситами таърихро бо ин ҷасорату фаровонӣ, нишонрасу таъсирбахш ба адабиёт оварда бошад. Аз ин сарчашмаи ҷасорати адабии устод Лоиқ насри мо ҳам рангу таровати тоза гирифт. Дар омади сухан шоистаи зикр аст, ки дар олами ҳунар, аз ҷумла адабиёт аз лой ҳалво сохтан кӯшиши беҳуда ва содалавҳонаест, ки сустназму сустнасрро бегумон ба вартаи гумроҳӣ, бадномиву шармсорӣ меафканад.

Беш аз пеш дар дилу зеҳни хонанда маъво гирифтани офаридаҳои баландғояи устод Лоиқ, ки ба синни мубораки ҳаштод расид, исботи ин гуфтаҳост. Устод ҳаводори ҳунари асил ва асари шоистаи адабиёт буд. Вай бо паҳноварии мавзӯъ ва нодиракориҳое дар шеъри муосири тоҷик басо зебо гуфта:

Аз касе як хасе намемонад,

Аз ман умри дубора хоҳад монд.

Пораҳои шикастаи дили ман

Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.

 

25.04.2021

Бознашр аз “САДОИ ШАРҚ – №6 – 2021