Президент – кафили амният ва рушди устувори давлат

Президент Дар таърихи ҳар як миллат лаҳзаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки роҳи ояндаи давлат ва ҷомеаро муайян мекунанд. Барои халқи тоҷик чунин рӯзи таърихӣ 16 ноябри соли 1994 буд, рӯзи савгандёдкунии нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Маҳз аз ҳамин рӯз давраи навини давлатдории миллӣ ва низоми идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Он солҳо кишвар рӯзҳои сангину пурташвишро аз сар мегузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагии ҷомеа, фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ ва паст шудани сатҳи зиндагӣ хатари аз байн рафтани давлатро ба миён оварда буд. Дар чунин вазъияти ҳассос, Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва ҷасорати сиёсӣ ба саҳнаи таърих омад ва зимоми роҳбариро ба даст гирифтанд. Бо амри виҷдони миллӣ ва масъулияти бузург тавонистанд сулҳу суботро барқарор, пояҳои давлатдории миллиро эҳё ва миллатро муттаҳид созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ барқарор намудани сулҳ ва ваҳдатро ҳадафи асосии худ қарор доданд. Пас аз талошҳои зиёд, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки Тоҷикистонро ба роҳи нави зиндагӣ-роҳи осоиш, пешрафт ва эъмори давлат ворид намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон намунаи барҷастаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ дониста мешавад. Бо шарофати сулҳу субот, Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба як кишвари амну босубот ва рӯ ба тараққӣ табдил ёбад.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки сулҳ ва амният пояи асосии давлатдории устувор аст. Бо ин мақсад, дар кишвар низоми боэътимоди амниятӣ ва сиёсати миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ташкил ёфт. Тоҷикистон имрӯз дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ нақши фаъоли минтақавӣ мебозад ва бо дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Давлати тоҷикон дар тули даврони истиқлол ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян шуданд, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ равона гардидаанд.

Бо татбиқи ин стратегияҳо, симои иқтисодии кишвар куллан дигар шуд. Имрӯз шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои муосир тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд. Неругоҳҳои обии барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ кишварро ба як маркази нави истеҳсоливу энергетикӣ табдил додаанд.

Дар даврони истиқлол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ чанд баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ бошад, хеле паст шудааст. Ин ҳама аз сиёсати дурандешона ва идоракунии самараноки Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд. Пешвои миллат аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои муҳим – аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилонаи он ва пешгирии тағйирёбии иқлим – садо баланд карданд. То кунун зиёда аз шаш ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ки ин далели эътирофи ҷаҳонии мақому нуфузи Тоҷикистон мебошад. Бо ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари фаъол дар сиёсати байналмилалӣ ва ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Зери роҳбарии Пешвои миллат, эҳёи арзишҳои таърихӣ, забону фарҳанг, суннату одатҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки миллате, ки таърих, забон ва фарҳанги худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад.

Бо ҳамин рӯҳия, дар кишвар барномаҳои бузурги фарҳангӣ, маърифатӣ ва маънавӣ то кунун амалӣ шуда истоданд. Ҷавонон – неруи асосии ҷомеа, имрӯз бо ҳисси баланди ватандорӣ ва садоқат ба Ватан тарбия меёбанд.

Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва меъмори давлатдории муосир на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар бораи ӯ гуфтааст:

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони барҷастаи замони мост, ки тавонист сулҳи пойдорро дар кишвари худ барқарор намояд. Тоҷикистон имрӯз намунаи сулҳ ва субот дар минтақа аст.»

Қаҳрамони миллии Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд низ гуфта буд:

«Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ дар як сол сулҳи бебозгашт овард — чунин Пешворо ҳар миллат орзу мекунад.»

Ин суханон баёнгари онанд, ки хидматҳои Пешвои миллат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси ҷаҳонӣ арзиши бузург доранд.

Хулоса, имрӯз Тоҷикистон – кишвари ободу амн, воҳид ва рӯ ба тараққӣ мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳо бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайваст мебошанд. Ӯ дар ҳақиқат кафили амният, бунёдгари сулҳ, меъмори ваҳдат ва поягузори рушди устувори давлат мебошад.

Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад ва он ҳамчун рамзи эҳтирому садоқати халқ ба роҳбари худ мебошад. Он нишонаи ваҳдат, сулҳ, амният ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Мо шаҳрвандони кишвар, бояд бо ифтихор аз хидматҳои Пешвои миллат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи ӯ барои таҳкими давлати миллӣ, рушду ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамеша беғаразона талош намоем.

Бигзор, сулҳ, амният ва рушди устувор – ин неъматҳои гаронбаҳо, то абад дар сарзамини тоҷикон пойдор бимонанд

Сафаров Муҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ,
мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.