Фараҳнӯш Аламова бо 200 китоби хондааш ба даври ниҳоии озмун омад

Фараҳнӯш Аламова Рӯзи аввали даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Яке аз иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Аламова Фараҳнӯш, хонандаи синфи 4-и литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Ӯ соли аввал аст, ки дар озмун ширкат варзида, то даври ниҳоӣ роҳ ёфтаст ва мегӯяд имрӯз барои аъзои ҳакамон 200 асар, 106 шеър 100 латифа, 100 зарбулмасал ва 100 чистон  пешниҳод намудам. Ӯ хеле фаъолона дар озмун ширкат намуда, ба саволҳои додаи аъзои ҳакамон посух дод.

Фараҳнӯш мегӯяд, ман миннатдории беандозаи хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо бачаҳо имкони дар чунин озмунҳо ширкат карданро муҳайё сохтанд ва инчунин ба муаллимаам Зокирова Меҳрангез, ки дар ин самт маро бисёр ҳам дастгирӣ ва роҳнамоӣ намуданд.

Мо ба Фараҳнӯш мувафақият мехоҳем ва умед бар он мебандем, ки мувафақ гардад.

Ганҷина Ҷолаева, бахши робита бо ҷомеа