Замону ҳадафи иҷрои рубоёти «Фалак»
Рубоиҳои «фалакӣ» дар замону ҳадафҳои гуногун суруда мешаванд. Баҳорон чӯпонбачаҳо дар ҷараёни чаронидани рама дар дашту даман ба сӯи осмон нигоҳ карда фалаксароӣ мекунанд:
Ситора баланд, моҳ баланд имшав,
Ай феъли бадум, фалак ба ҷангай имшав,
Ҳар шав сари зулфи ёр болинум буд,
Болини мани ғамзада сангай имшав.
Дар рубоии зайл бевафоии маҳбуба тасвир ёфта, ошиқ ба фалак илтиҷо мекунад, ки ёрашро баргардонад, вале фалак комгор намешавад фалак-нисбати ӯ бепарвост:
Ёри маро бин ба ман ситамҳо дора,
Бо аспи суман рӯ ба саҳро дора.
Гуфтум, буравум исми фалак гиря кунум,
Ай нолаи ман фалак чи парво дора.
Марди ғариб, мулки бегона хору зор, намедонад, ки дар кӯча ҷон медиҳад ва сабабгори ин ҳолатро аз дасти фалак мепиндорад:
Фарёд зи дасти фалаки бебокам,
Овора бикард гардиши афлокам.
Оё зи кадом чашма нӯшам дами об,
Оё ба кадом гӯшае бошад хокам.
Дигаре дар ғариби умр ба сар мебарад, орзӯи ба Ватан баргаштанро дорад ва аз нав ҷавон шавад ва дигар ёди ғарибӣ накунад:
Бечора касе, ки ай Ватан канда шава,
Афтад ба ғарибиву ба кас банда шава.
Чархо фалако гардаду ояд ба Ватан,
Ин мурдаи сад сола зи нав зинда шава.
Маъшуқае қасд ба ҷони ҷавоне дорад ва гиряву зорӣ мекунад, ки фалак кӯмакаш расонад, вале фалак нисбати ӯ бепарвост:
Азроила бубин, ду аспи раъно дорад,
Хубона бубин, қасд бар мо дорад.
Гуфтум биравум пеши фалак зора кунум,
Аз гиряи ман фалак чӣ парво дорад.
Фалак арзи мазлумеро ҳеҷ гоҳ намепурсад . Дар ин хусус аз ӯ хоҳишу илтиҷо кардан суде надорад:
Ситора баланд, моҳ баландай имшав,
Аз қаҳри Худо фалак ба ҷангай имшав.
Мегум биравум пеши Худо арз кунум,
Ин арзи мара фалак напурсад чӣ кунум.
Фалак умри ҷавонмардро бармаҳал рабуда, ва аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки ин бедодии фалакро ба дигарон бирасонад:
Дар сардарае лоларо шабнам зад,
Андар дилакум ҳазор тиру ғам зад.
Э, бехабарон, хабар ба олам бибаред,
Ин умри ҷавони ма фалак барҳам зад.
Қаҳрамони асар аз фалак аз он норозӣ аст, ки ягона ҷигаргӯшаашро аз ӯ рабудааст:
Э, субҳ, кадом моҳ бандай имшав,
Ай бахти бадум фалак ба ҷангай имшав.
Ситораи равшанма куҷо кардӣ фалак,
Маро ба фалак сад корай имшав.
Аз дасти фалак ҷабрдидаву камбағале бенаво шуда ва оҳу фиғонаш ба осмон мерасад:
Ё, фалак, чува маро мазлум кардӣ?
Дар хонаи чор девор маҳкум кардӣ.
Аз дасти ту фарёд сад оҳу фиғон,
Аз баски мана аз ҳама маҳрум кардӣ .
Қаҳрамоне дар пирӣ ошиқ шуда ба муроду висоли маҳбубааш намерасад:
Баргай дили ман, резабаргай дили ман,
Андохт фалак, меҳри туро дар дили ман.
Рӯзе, ки шавад хоки сияҳ манзили ман,
Кирмо чинанд, меҳри туро аз дили ман.
Ташбеҳ дар рубоиҳои «фалакӣ» хеле рангину муассир буда, дар тавсифи ҳусну латофат дар ҳеҷ хиргоҳ ё макон назаррас нест:
Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд,
Оҳе бикашам, ки ай фалак дод ояд.
Сири дилакам магар ба сангҳо бугум,
Санг аз таги дарё ба фарёд ояд.
***
Чунонки пайдост, дар ҳама маврид тарафи мухотаб «Фалак» қарор гирифтааст, яъне мардум тамоми нокомию номуродиҳояшонро аз фалак медонанд. Марг ҳамчун ҳодисаи табиӣ ҳамеша инсонро таъқиб менамояд ва қаҳрамонӣ лирикӣ дар чунин лаҳзаи даҳшатнок танҳо ба фалак умед мебандад, вале он ҳам нисбаташ бепарвоӣ зоҳир менамояд:
Ин кӯтали қавристон шамоло дора,
Духтар мерава, оча тамошо дора,
Гуфтум биравум пеши фалак нола кунум,
Ай нолаи ман фалак чӣ парво дорад.
Аз мутолиа ва баррасии рубоиҳои фалакӣ метавон чунин хулосае кард, ки мафҳум ё образи «Фалак» пӯлест байни мардум ва Офаридгори олам. Мардум тавассути фалак ба даргоҳи Офаридгор розу ниёзи хешро арз намуда ва ин рубоӣ далели гуфтаҳост:
Ситора баланд, моҳ баландай имшав,
Аз қаҳри Худо фалак ба ҷангай имшав.
Мегум биравум пеши Худо арз кунум,
Ин арзи мара фалак напурсад чӣ кунум.
Мавзӯъи фалак дар фолклори мардуми Эрон ва Афғонистон низ муҳим буда, махсусан дар рубоиву дубайтиҳои омиёна ин мавзуъ тасвири доманадоре касб намудааст. Барои мисол чанде аз рубоиҳо пешниҳод мешаванд:
Фалак доду фалак доду фалак дод,
Фалак тахти Сулаймон дод бар дод.
Сулаймоне, ки ҳукм бар бод мекард,
Худаш медид, ки тахташ рафт бар бод.
***
Фалак, бар ман назан, ки ман ҷавонам,
На дунё дидаму на шодкомам,
Бирав, гаште бизан бар кулли олам,
Агар пире надидиӣ, ман ғуломам.
***
Эй фалак, бо ман аҷаб нақши ғарибӣ бохтӣ,
Бо муроди хеш будам, номуродам сохтӣ.
Бо муроди хеш будам, доштам айши тамом,
Хонаи айши маро мотамсарое сохтӣ.
***
Фалак бахти маро кам карда имсол,
Шабу рӯзи маро ғам карда имсол.
Дарахти гул будам, шохам дурахшон,
Сари шохи маро хам карда имсол.
***
Фалак, моро накуш, мо навҷавонем,
На чизе хӯрдаву не шодмонем.
Бирав аз кӯчаи пирон гузар кун,
Ба мо навбат расад, мо худ равонем.
Мисолҳои мушобеҳ дар фолклори Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон зиёду назаррасанд.
Мафҳуми фалак таҷассумгари ҳама гуна орзую омоли мардум аст ва маҳз тавассути он тайи ҳазорсолаҳо одамон дарди дил ва арзу ниёзашонро ифода мекарданд.
Манбаъ: “Фалак” ва системаи лаҳнии он”. Душанбе, 2006.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
Таҳияи Руҳафзои Хасанзод,
Корманди шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.