Китоби нав. «Мероси таърихию фархангии Ҷумҳури Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО»
Муаллифони китоби «Мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳури Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО» Мирзошариф Абдусаломов ва Саидзода Савриддини Саидамир буда, дар асоси манбаъҳои илм таҳия шудааст ва барои мутахассисони соҳа ва фарҳангшиносон метавонад ҳамчун манбаи иловагӣ хидмат намояд
Дар баробари ин китоби мазкурро метавон ҳамчун дастурамали таълимӣ барои донишҷӯёни риштаҳои таъриху бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ истифода намуд .
Инчунин китоб ҳамчун як роҳнамо барои сайёҳони хориҷӣ буда, барои шиносоӣ ба мероси фарҳангӣ Тоҷикистон мусоид аст.
Пас аз дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихии худ. Ба марҳалаи нави рушд ворид гашт. Кишвари тозаистиқлол аз ҷониби созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола эътироф гардид.
Дар ин марҳала, аз ҷумлаи созмонҳои бонуфузтарини дунё Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (минбаъд ЮНЕСКО)мебошад, ки Тоҷикистон ҳанӯз 6-уми апрели соли 1993 ба узвияти ин созмони бонуфуз пайваст. Он замон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки миинбаъд барои татбиқи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО саҳми бориз гузошт.
Аз замони аъзо шудан ба Созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои фарҳанг, илм, маориф, гуманитарӣ вусъат ёфта, ҷанбаҳои самараноку созандаро фаро гирифтааст. Дар баробари он, ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ЮНЕСКО дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ самти муҳим ва афзалятнок барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки таҳқиқ ва баррасии ин мавзуъ бо пешниҳоди маълумотҳои дақиқи илмӣ ё рақамӣ дар доираи китобимахсуси соҳавӣ ба манфиат хоҳад буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳо дар ин замина бо созмони мазкур диққати хосса зоҳир менамояд. Мисоли равшани он иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс ва семинарҳои сатҳи байнамилалии ин ниҳод буда, ҳамзамон ташрифи роҳбарияти Созмон ва намояндагиҳои он ба Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо ба ҳисоб меравад .
ЮНЕСКО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиро дар ду самти асосӣ роҳ мондааст.
Дар самти «Мероси фарҳангии моддӣ»;
Дар самти «Мероси фарҳангии ғайримоддӣ».
Таҳқиқоти мавриди назари мо дар ин китоб перомуни мероси фарҳангӣ моддӣ буда, маълумотҳои мушаххас доир ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайриманқул мебошанд
Хонандагон китоби “Мероси таърихию фархангии Ҷумҳури Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Гулистон Лундишоева,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.