Довталабе, ки бо 15 забони хориҷӣ шеър аз бар намудааст…
Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон барои довталабоне, ки бо забони русӣ ва англисӣ суҳбат мекунанд, бартарӣ дода мешавад ва онҳое, ки асарро бо забони асл мутолаа мекунанд, бешубҳа фикру андешаи худро метавонанд озодона баён намоянд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври ҷамъбастии худро дар Китобхонаи миллӣ баргузор карда истодааст. Имрӯз рӯзи панҷуми Озмун аст ва рақобат миёни хонандагони синфҳои 5-11 идома дорад.
Ҳар як довталаб бо миқдори асарҳои мутолиакардаи худ ва тарзи баёни фикр мехоҳад аз рақибаш хубтар бошад ва ғолибиятро ба даст орад.
Осия Шарифзода аз қабили чунин довталабонест, ки бо тайёрии ҷиддӣ ва боварии зиёд то даври ҷамъбастии Озмун омадааст.
Осия хонандаи синфи 9 уми МТМУ №2-и шаҳри Роғун аст. Ин довталаб 150 асари насрӣ ва зиёда аз 90 шеър бо 15 забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, белорусӣ, украинӣ, грузинӣ, озарбойҷонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, испанӣ, ҳиндуӣ, арабӣ ва чинӣ) аз бар кардааст, ки ҳамагӣ 1500 мисраро дар бар мегирад. Ғайр аз ин Осия барои Озмун тибқи Низомнома дар алоҳидагӣ 100 қиссаву ҳикояи адибони ҷаҳонро мутолаа намудааст.
Осия Шарифзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки тамоми китобҳои номинатсияи Адабиёти ҷаҳонро пайдо кардам. Бисёри онҳоро, ки дар Китобхона натавонистам дастрас кунам, харидорӣ намудам. Барои ҳамаи ин ба ман волидонам кӯмак кардаанд.
“Афсонаи “Волк и семеро козлят”– Ҳанс Кристиан Андерсенро вақте бо забони русӣ мутолеа кардам, бароям бисёр писанд омад ва завқу ҳаваси маро ба адабиёти ҷаҳон зиёд намуд”- мегӯяд Осия Шарифзода.
Александр Сергеевич Пушкин, Уилям Шекспир, Жорж Санд ва Жюл Вернро бисёр мехонам. Ҳамчунин аз адабиёти Шарқ шеърҳои Эраҷ Мирзо, Муҳаммад Иқбол ва Муртазо Мушфиқи Козимӣ бароям хеле писанд омаданд- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло ба омӯзиши забони чинӣ машғулам. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро медонам. Мехоҳам дар оянда сафир шавам. Тасмим дорам, то хатми МТМУ 5 забони хориҷито аз худ кунам.
Осия Шарифзода ҳамчунин, дар дигар озмунҳои сатҳи минтақаӣ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Ӯ имсол низ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз фанни химия иштирок карда, то даври ниҳоӣ омадааст.
Осия аз баромади худ ва суолҳои ҳакамон қаноатмандона посух дода, гуфт, ки Озмун рақобат аст ва бояд нафареро ғолиб интихоб кард. Аммо ман фикр мекунам, ҳар довталабе,ки то ин давр расидааст алакай мувафақ аст ва ҳеҷ гоҳ набояд рӯҳафтода шавад.
– Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми он нафароне, ки дар ташкил ва баргузории чунин озмунҳо саҳм доранд самимона сипоси ҳар як довталабро мерасонам. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии ин Озмун сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидам. Аз рӯи эродҳои аъзои ҳакамон кор карда, кӯшиш намудам онҳоро бартараф ва бо тайёрии ҷиддӣ ба озмун омадам – иброз намуд ӯ.
Суҳбати Наргис НАЗАРЗОДА