“Одоби муоширати муосир”

Одоби муоширати муосирКитоби мазкур аз ҷониби Ё.Қ.Одинаев таълиф шуда ва он соли 2010 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Китоб ба масъалаҳои амалии ҳаррӯзаи одоби муошират мутобиқ ба талаботи маданияту ахлоқи муосир дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он навишта шудааст. Хеле масоиле дар ин китоб ҷо ёфта, ки бахше аз одобу тарбияанд ва барои донистани баъзе назокатҳои муошират муфиданд. Аз ин рӯ бахшеро аз боби даҳуми китоб интихоб кардем ва гумон мекунем мутолааи он ба фоида хоҳад буд. (Охир)

ХУСУСИЯТҲОИ МИЛЛИИ МУОШИРАТ

Дар навбати аввал ҳангоми муошират бо ҳамкори хориҷии худ ба кадом чизҳо таваҷҷўҳ бояд намуд?

Муҳимтар аз ҳама  дуруст анҷом додани амалҳои зеринро бояд омўхт;

Талаффузи номи одамон;
Хўрдани таом;
Пўшидани либос;
Гуфтугў намудан.

Ба имову  ишораҳои гуногун дар фарҳангҳои мухталиф таваҷҷўҳ намоед!

Масалан, дар Япония ишораи даъват кардан бо ишораи русии хушбошӣ кардан рост меояд.

Ё ки бо ангуштон нишон додани аломати 5 дар аксарияти кишварҳои Аврупо маънии “пирўзӣ” ва баъзан рақами 2-ро ифода мекунад.

Оё дар ҳамаи кишварҳо пойро болои пой гузошта шиштан аз рўйи одоб аст?

Дар Амрико ин  як амали  маъмулист, вале дар Япония он камоли  беназокатӣ ҳисоб мешавад.

Оё пойҳоро  дароз кардан аз рўйи одоб аст?

Дар Русия чунин рафтор дар вазъияти дўстона ҷоиз ҳисоб мешавад, вале дар Япония аслан раво нест.

Дар кишварҳои арабӣ аз кадом имову ишоратҳо бояд худдорӣ намоем?

Ба тарафи шахси дигар нигаронидани кафи пойҳо ва ангушти ба боло бардошташуда беодобӣ ҳисоб мешаванд.

Имову ишорати ҳамкори хориҷии шумо ҳангоми муошират метавонад ҳолатҳои хеле гуногунро инъикос намояд, масалан…..

Агар ҳангоми муошират олмонӣ абрувонашро ба самти боло бардорад, ин қабл аз ҳама, баёнгари он аст, ки ў аз ғояи (ақидаи) ин ё он шахсе мафтун гардида, ба вучуд омадааст.

Худи ҳамон имову ишора, яъне боло бардоштани абрувон дар Англия ҳамчун ифодаи шаккокӣ ва  нобоварӣ идрок хоҳад шуд.

Кадом имову ишораҳоро арабҳо ба тавре ки бояд нахоҳанд идрок намуд?

Имову ишораи “алвидоъ” (бо такон додани даст) ҳамчун бо ишора  даъват кардан идрок хоҳад шуд.

Кадом имову ишораҳоро японҳо метавонанд номувофиқ дарк намоянд?

Ишораи амрикоии “о кей” (хеле хуб) дар Япония маънои “як танга бидеҳ”-ро дорад. Ишора ба фиребро бо нуки ангушти мобайнӣ молидани абрў ифода менамояд.

Кадом имову ишораҳоро дар Булғористон ба таври мувофиқ идрок нахоҳанд намуд?

Дар Аврупои Ғарбӣ даст ба рухсор молидан чӣ маънӣ дорад?

Дар Аврупои Ғарбӣ ин ишора маънои онро дорад, ки “ту маро безор кардӣ, дар он фурсате, ки ман ба суханони ту гўш фаро медиҳам, риши ман расидааст”.

Оё ҳангоми  муошират ба японҳо даст расонидан ҷоиз аст?

Фарҳанги Япония – намунаи боризи фарҳанги ғайратамосӣ аст. Фарди японӣ ҳамон вақт ба каси дигар даст мерасонад, ки ё назорат аз болои рафторашро комилан аз даст медиҳад ё ки нияти бадқасдона дошта бошад. Дар қоидаи одоби муоширати японҳо дастфишурӣ ҳамчун аломати этикет комилан истисно мебошад ва ба ҷойи он таъзими бо нигоҳ ба поён хеле маъмул акст. Ба чашмони мусоҳиб нигоҳ кардан мутобиқи одоби муоширати японҳо нест….

Манбаъ: Ё.Қ. Одинаев: “Одоби муоширати муосир”. Душанбе соли 2010.
Хоҳишмандон ин китобро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.