Тоҷире, ки соли сеюм довталаби Озмун аст
Баҳромшо Давлатов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон мебошад. Соли сеюми ширкаташ дар Озмун буда, зиёда аз 100 роман ва дигар навъҳои шеъриро мутолеа ва аз бар кардааст.
Ӯ тоҷир аст ва аз Озмун тариқи оинаи нилгун бохабар шуда, тасмим гирифтааст, ки яке аз довталабони он бошад. Ҳар сол ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, то ҳол сазовори ҷойи намоён нагаштааст. Дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи 3-юм гаштааст ва умед ба ғолибият баста бо тайёрии мукаммалтар ба даври ниҳоии Озмун омадааст.
Баҳромшо Давлатов мегӯяд, аз даврони бачагӣ хондани китобҳоро дӯст медоштам ва вақтҳои холиямро пайваста бо мутолеа намудани китобҳои гуногун мегузарондам. Ман аз фурсати ба даст омада истифода бурда миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки ба мо чунин имконият фароҳам оварданд, то дар чунин Озмуни бонуфуз ширкат карда дониш ва қобилияти худро озмоям ва ин фурсат бароям хеле боарзиш аст. Рақобат байни довталабон бисёр сахт аст вале ба ин нигоҳ накарда, бо тамоми дониш, маҳорат ва талоши худ сайъ мекунам, ки беҳтарин натиҷаро нишон диҳам.
Доварон сахтгир нестанд, шахсро озод мегузоранд то фикрашро баён кунад. Ба ҷавонон машварат медиҳам, ки чунин фурсатҳои тиллоиро аз даст надиҳанд ва ба мутолеаи китоб машғул шаванд. Зеро китоб хондан инсонро равшанфикр, донишманд ва соҳибмаҳорат мекунад.
Ин як ҳодисаи нодир аст, ки тоҷире бо он ки аз кори тиҷорату савдо рӯзгор пеш мебарад, на танҳо дилбаставу шефтаи китоб аст, балки талош мекунад дониши андӯхтаро бо ширкат дар чунин як Озмуни баландмартаба санҷад. Ҳоло шояд муҳим ҳам набошад, ки имсол ӯ соҳиби ҷойи намоён мешавад ё на. Аммо ширкати намояндаи тиҷорат дар Озмун ва расидан ба даври ниҳоии он худ гувоҳи маъруфият пайдо кардани Озмун миёни омма аст.
Барои Баҳромшо Давлатов барор мехоҳем.
Ганҷина Ҷолаева, бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа.