Китобхонаҳо дар даврони навин. Готфрид – Вилгелм Лейбнитс
Г.В. Лейбнитс (солҳои 1646 – 1716) дар ин давраи фарҳангӣ чеҳраи нерӯманд ва ҷолиб буд. Ӯ пажӯҳандаи бо завқ ва бо истеъдод, донишманди ошно ба фалсафа, сиёсат, таърих ва риёзиёт буд. Мегӯянд дар боби кашфи ҳисоби ҷомеъ (интеграл) бо Нютон мубоҳиса мекард.
Ӯ мутасаддии ду китобхонаи умдаи олмон, яъне Ҳонвер ва Волфенбюттел буд. Ӯ пуштибони кӯмаки молии кофӣ ба китобхонаҳо буд ва ба эътиқоди вай китобдор муҳимтарин омили кӯмак ба омӯзиш маҳсуб мешавад. Ба камияти маҷмӯи китобхона аҳамият медод ва бахусус дар адабиёти ҷорӣ таъкид меварзид ва китобхонаро маҳалли ироаи иттилооти илмӣ мепиндошт, ҳамон гуна, ки ба улуми корбурдӣ (амалӣ) таваҷҷуҳи хосе дошт.
Адабиёти суннатӣ дар китобхонаҳои асрҳои XVII ва XVIII ҷойгоҳи волое дошт ва улум дар дараҷаи дуввум воқеъ буд. Лейбнитс дар маҷмӯасозии як китобхона бар аҳамияти улум пой мефишурд. Пиндорҳои вай то ҳадди зиёде бар эҷод, созмондиҳӣ ва мудирияти китобхонаи донишгоҳи Гёттинген, ки яке аз бузургтарин ва муҳимтарин китобхонаҳои аср буд, муассир воқеъ шуд. Хирадгароӣ ва равшангароӣ дар қарни XVIII ба авҷ расид ва бо таваҷҷуҳи бештар ба камияти дониш пиндори “китобшиносии ҷаҳонӣ” дода шуд.
Лейбнитс интишори феҳристи мунтахабе аз китобҳо ё як китобшиносии гузинишро, ки метавонист ончунон гирдоварӣ ва густариш ёбад, ки саранҷом феҳристе аз дониши инсонии мавҷуд дар китобҳоро ироа кунад, тарроҳӣ кард. Руҳия ва иштиёқи вай зеҳни китобдор ва донишпажӯҳони муосирро фаро гирифт ва аксар гирдоварандагони хусусӣ ва донишгоҳҳо ба воситаи биниши равшан ва фозилонааш дар боби ҳамаи масоили марбут ба китоб, дониш ва фарҳанг ӯро мавриди машварат қарор медонанд.
Аз қарни XVI дар Аврупо китобхонаҳои салтанатӣ ва шоҳзодагон илова бар китобхонаҳои хусусӣ, шукуфо шуд ва наҳзате оғоз шуд, ки ҳадафаш тамаркузи фаъолиятҳо дар китобхонаҳои шаҳрӣ ва донишгоҳӣ буд ва дар қарни баъд низ ин таваҷҷуҳ ба авҷи худ расид, ҳарчанд ин тардид ҳам вуҷуд дошт, ки оё усулан як донишгоҳ ба китобхона ниёзманд аст ё мутолиаи китобҳои тавсияшуда танҳо ба донишгоҳҳо мунҳасир намешавад. Китобхонаҳои шахсӣ нақши муҳиме дар пешрафти китобхонаҳои қарни XVII ва XVIII бозиданд. Ба рағми кӯшишҳои пешгомонаи Ноде, Дюри, Лейбнитс ва дигарон “гузиниш будан ҳанӯз ҳам нигариши асосии китобхонаро ташкил медод”. Аз назари камият ва кайфият китобхонаҳои назири китобхонаи Лорнес дар Венис Амброс дар Милан ва Ватикан дар Рум ба анҷоми хадамоти комил машғул буданд.
Аз китоби С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.
Таҳияи Барно Самиева