АНОНС. Мизи гирд бахшида ба рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷик

Бо ибтикори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ” зери унвони “Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест”  мизи гирд доир мегардонад.

Иштирок ва суханронии директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода дар расми ифтитоҳи ҳамоиши мазкур дар назар гирифта шудааст.

Намояндагон аз Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” низ дар мизи гирд иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Масъул: шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Рӯзи баргузорӣ: 5 декабри соли  2025,

Замон: соати 14:00

Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)

Вуруд озод.