Аслиддин Низомӣ. Бастакори пурҳунар ва фидоии олами мусиқӣ
Чанд сухан оид ба эҷодиёти сарояндаи маъруф ва бастакори нодир Ҳусейн Юсупов. Дар таърихи мусиқии халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро номбар намудан мумкин аст, ки дар лавҳи онҳо садои дили мардуми ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ, ё худ ин ё он давру замон бо оҳангу таронаҳои дилнишин ва нолаҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ғуссаҳои ошиқона, умедвориҳои ҷавонони ноком, орзуҳои азалии некбахтӣ таҷассум ёфтаанд.
Ҳавзаҳои фарҳангӣ-мусиқи Дарвозу Кангурт, Ҳисору Рашт, Зарафшону Фарғона ва дигар манотиқи кишварамон қабл аз ҳама бо хислатҳои мулаввани суруду таронаҳояшон фарқ мекунанд. Албатта, бояд комилан эътироф намуд, ки мусиқиро дар тули ҳазорсолаҳо маҳз халқ меофарад ва кулли навоҳои Шашмақому Фалакӣ, таронаҳои наврўзӣ, сурудҳои маросимиро ҳунармандони халқӣ аз забони омма мешунаванд ва бо истифода аз малакаву маҳораташон сайқал медиҳанд. Дар ҳамин ҷараён андаке ноаёни таҷрибаи сурудсозӣ оҳангу таронаҳои маъруфи мардумӣ ба вуҷуд меоянд.
Мактаби ҳунарии Хуҷандшаҳр, ки даҳҳо намояндагони асили он ба хазинаи бузурги мусиқии тоҷик саҳми беандоза бузург гузоштаанд, яке аз ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи мусиқии миллати мо ба шумор меравад. Суннатҳои асили шашмақомхонии ҳунармандони асили воҳаи Хуҷанд то ба имрўз ба таври зарурӣ таҳқиқ карда нашудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бузургони мактаби Хуҷандшаҳр – Умар Ҳофиз, Зебопарӣ, Содирхон Ҳофиз, Мақсудҷон Болтаев, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Мирзоқурбон Солиев ва даҳҳо дигар шахсиятҳои варзидаи олами ҳунари мусиқӣ ба дунёи Шашмақоми тоҷикӣ услуби хос ва сабки ширину беҳамторо ворид намуданд. Сабқати ин муғанниёни аср, сабки нодири шашмақомхонии устодони қадим имрўз дар садои Ҷўрабек Муродов, Ҷўрабек Набиев идомаи хешро соҳиб гардидааст.
Ҳунари шашмақомхонӣ дар Хуҷанд аз қадим ҷузъи муҳими кулли маҳфилҳои аҳли адаб ба шумор мерафт. Сарояндагони сурудҳои классикӣ ҳамеша дар ҷараёни ҳамкориҳои пурсамари эҷодӣ бо шоирони муосир ба ашъори тозаэҷоди онҳо фавран оҳанг мебастанд ва дар ҳамин маҳфилҳо пешкаши шунавандагон мекарданд. Ин худ як намуд коргоҳи бузурги эҷодӣ буд, ки барои рушди ҳунари мусикӣ, пайвандии савту калом ҳамчун омили бузург хидмад менамуд. Содирхон ғазалҳои Тошхоҷа Асириро савт мебаст. Бойммуҳамад Ниёзов дар ҳамин маҳфилҳо ашъори Камоли Хуҷандиро бо навоҳои дилангез муаррифӣ мекард. Яқин аст, ки ин ҷо сухан аз бастакорӣ, яъне аз ибораи Мавлоно Ҷомӣ аз анъанаи қадимии “шеърро ба оҳанг муқорин кардан” меравад.
Ҳунармандони асили муосир – Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷўрабек Муродов, Ҷўрабек Набиев ҳамчунин дастпарварони чунин маҳфилҳои шеъру суруди Хуҷанд мебошанд, зеро бидуни ворид шудан ба ин доираи хеле серталаб, донандаи назокати овозхонӣ ва нақдгузори асили ҳунар рушди волои санъати оноҳоро тасаввур намудан душвор аст.
Дар Хуҷанд Шашмақомро дўст медоранд, гўш мекунанд, дарк мекунанд, эҳсос мекунанд ва аз навоҳои пурасрори он баҳра мебаранд. Ин анъанаи бузург дар шаҳр ва атрофи он муҳити басо азими ҳунаршиносиро ба вуҷуд овардааст, ки ҳамарўза дар доираи он садҳо ҳунармадони ҷавон ва лаёқатманд дар кўшиши онанд, ки бо суруду таронаҳои тоза ба тоза самъи қадршиносонаи хуҷандиёнро оро бидиҳанд. Ин кори осон набуд ва нест, зеро на ҳар овозхон ҷуръати дар ин муҳит бастани оҳанг ё худ сурудани навоҳои классикиро дорад.
Шояд ҳамин нуктасанҷии шунавандагони асил аст, ки дар фазои мусиқии имрўзи хуҷандшаҳр ҳамеша навоҳои классикӣ садо медиҳанд ва зимни ин ҳунармандон ба офаридани суруду таронаҳои муосир низ машғул мегарданд. Мисли ҳамеша ин ё он овозхон дўстии мустаҳкамро бо шоирони давр идома медиҳад ва чунин тавъами эҷодӣ омили пайдо шудани асарҳои нав мегардад. Ба ибораи дигар гўем, дар Хуҷандшаҳр суннати бастакорӣ мисли қадим идома дорад.
Бастакор кист? Ў дар фазои фарҳангии ин ё он минтақа чӣ рисолатеро иҷро мекунад?
Мо медонем, ки Акашариф Ҷўраев бастакор буд, ў садҳо таронаҳои мардумиро аз нав “коркард” намуда бо овози ширинаш ва бо садои панҷтораш вориди дунёи мусиқии ҳирфаӣ намуд. Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷўрабек Муродов, Ҷўрабек Набиев низ бастакорони бузурги аср ба шумор мераванд. Аз лаҳни сурудҳои онҳо садои зиндаи ҳаёти мардуми кишвар, рўҳияи волои халқи азизи тоҷик ба гўш мерасад. Анъанаи бастакорӣ имрўз низ миёни ҷавонони ҳунарманд идома дорад. Яке аз чунин фидокорони соҳаи ҳунари мусиқӣ ва бастакорӣ, муаллифи суруду таронаҳое, ки дар китоби мазкур ба нота гирифта шудаанд, Ҳусейн Юсупов мебошанд.
Шиносоии банда бо ин ҳунарманди наҷиб чанд сол қабл ба вуқўъ омада буд. Аснои яке аз сафари эҷодии банда ба шаҳри Хуҷанд дар маҳфили дўстон ва шогирдон Ҳусейнҷон хеле хоксорона, бо тамкини ба худ хос ҳамроҳи мо буд ва бо илтимоси ҳозирин чанд суруди хешро шармгинона сароид. Ман зуд пай бурдам, ки сабку услуб ва маҳорати оҳангсозии ин ҷавон аз дигарон хеле фарқ мекунад, зеро дар навозишу хонишаш заррае ҳам тақлиду пайравиҳои беҳуда ба назар намерасид. Баъд аз ин мо чандин карат бо ҳам дар нишастҳои дўстона иштирок мекардем ва сурудхониҳои Ҳусейнҷонро бо лаззати том гўш мекардем. Соли 2017 дар яке аз вохўриҳоямон Ҳусейнҷон ба ман маҷмўаи сурудҳояшро, ки дар кадоме аз студияҳои шаҳр сабт шудааст, тўҳфа намуда хоҳиш кард, ки ба тафсил гўш карда, фикру андешаҳоямро бигўям.
Дар Душанбе рўзе бо рафиқон ҷамъ омадем ва ман ҳамчун савғои ҳунарӣ ба онҳо сабти овозхонии аҷоиб ва нотакрори Ҳусейнҷонро пешниҳод кардам. Азбаски овоз ношинос буд ва сабки овозхонӣ ғайри маъмулӣ ба назар мерасид, ҳамагон бо шавқи зиёд аз ман оид ба ин оҳангҳо ва ин сароянда пурсон шуданд.
Ҳамон вақт ман қарор додам, ки ҳатман ин оҳангҳо бояд ба нота гирифта шаванд ва маҳсули эҷодии ин бастакори фидоӣ дастраси мутахассисон ва мухлисони суруду наво гардид. Ба ин таклиф шоир Камол Насрулло низ ҳамраъй гардид ва бо ҳамин кори ба нотагирии сурудҳои Ҳусейнҷон оғоз шуд. Бояд зикр намуд, ки ин кори хеле душвор ва пурмасъулияти эҷодиро мутриб ва оҳангсоз, мутахассиси варзидаи соҳаи Шашмақом Сайдулло Убайдуллоев дар муддати як сол дар сатҳи олӣ ба иҷро расонид ва инак, ин навоҳои нодир пешкаши шумо, аҳли ҳунар мегардад.
Чуноне ки болотар зикр намуда будем, яке аз суннатҳои наҷиби мактаби ҳунарии Хуҷандшаҳр – ин ҳамкории мутрибону шоирон ба шумор меравад. Аз матни шеърҳое, ки Ҳусейнҷон барои оҳанг бастан интихоб намудааст, баръало аён мегардад, ки ў ин суннати бузургро бо меҳру масъулият идома додааст. Аслан интихоби шеър, матни мувофиқ яке аз шартҳои асосӣ барои офаридани оҳанги суруд мебошад, зеро як сактаи беҷо, ё худ як образи номувофиқ метавонад, садои ширини сурудро барои шунаванда гўшхарош созад. Ҳусейн Юсупов дар баробари ашъори классикон (Камол Хуҷандӣ ва ғ.) бо шоирони давр – Лоиқ Шералӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Камол Насрулло, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аҳмадҷони Раҳмадзод, Норинисо, Ҳадиса Қурбонова муддати тўлонӣ ҳамкории зичи эҷодӣ доштааст ва ба иддаи зиёди ғазалу таронҳои онҳо оҳанг бастааст.
Дар баробари ин, боиси ифтихор ва шодмонист, ки бастакори ҷавон ба осори яке аз маъруфтарин шоирони тоҷикзабони Ҷумҳурии бародарии Ўзбекистон Ҷонибек Қувноқов муроҷиат намуда, ба ғазалҳои ў оҳангҳои дилнишин офаридааст. Қобили ёдоварист, ки ҳамкории эҷодии оҳангсозии тоҷик бо Ҷонибекро ҳанўз сарояндаи номи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов солҳои 70-ум оғоз намуда буд. Ин анъанаро Ҳусейн Юсупов ривоҷ дода, бо ҳамин риштаҳои дўстии миёни мардумони ҳарду кишварро боз ҳам мустаҳкамтар сохт. Суруд “Ҷонфидои миллат” ном дорад ва ёдовар бояд шавем, ки Ҷонибеки мо ҳақиқатан ҳам ҷонфидои миллат буд:
“Ман постдори ҳиммат, бо ин нишон шиносед,
Ҳиммат матои қиммат, бо ин нишон шиносед…”
Оҳанги ба ин шеър эҷод намудаи Ҳусейнҷон воқеан шиносномаи ёди неки Ҷонибек гардидааст. Доир ба мазмун ва услуби оҳангҳои Ҳусейнҷон бояд ҳатман як сифати нотакрори онҳоро номбар намуд. Аснои бо диққат ба онҳо гўш андохтан шунаванда ҳатман ба олами ҳасратҳои ширин, орзўҳои беғаразонаи мутриб ворид мешавад. Дар ин навоҳо шикоят нест, алами рўзгор нест, даъвои бузургӣ ҳам нест, зеро Ҳусейнҷон хоксорона, бо тамкини табиӣ шеърҳои интихоб намудаашро ба шуаванда талқин мекунад.
Доираи мавзуъҳои ин сурудҳо хеле фарох аст ва мазмуну мундариҷаи онҳо дар баробари лирикаи ошиқона васфи ваҳдати миллӣ ва саодати кишварро дар бар гирифтаанд. Чанд оҳангро бастакор гўё ба сифати назира ба устодони маъруфи мусиқӣ шодравон Маъруфхўҷа Баҳодуров ва Ҷўрабек Муродов бахшидааст. Дар оҳанги “Дилгудози Маъруфхўҷа” бастакор бевосита аз лаҳни осори худи устод истифода кардааст ва гўё бо ҳамин як намуд таъзими ҳунарӣ ба ҷо меорад. Сатрҳои шоир Аҳмадҷони Раҳматзот ин ҷо аз минбари рўзгори кунунӣ эҳтиром ва сипоси авлодро ба устоди зиндаёд баён сохтааст (“Ба ҷуз санги хаёли ман дигар болин намеёбӣ…”)
Дар суруди бахшида ба Ҷўрабек Муродов шеъру оҳанг тавъам васфи чашмасорони кўҳистонро тараннум мекунанд, ки дарвоқеъ мусиқии Ҷўрабек садои фораму ширини онҳо мебошад (“Зи навои ту шунидам, нағамоти чамасорон, Зи садои нарми тори ту садои тори борон... ” – Аз Мўҳсин Аминзода).
Дар муҳтавои оҳангҳои Шашмақом нақши бахшҳои Мустазод хеле назаррас мебошад, зеро оҳангсозони қадими тоҷик ҳамеша ин жанри хеле ҳам аҷоиби назми классикиро бо услуби хеле нодир (аниқтараш бо риояи “мустазод” дар риштаи оҳанг низ) истифода кардаанд. Ҳусейн Юсупов ба Мустазоди Камоли Хуҷандӣ оҳанг баста, ҳамчунин дар мусиқӣ низ порчаи оҳангии “мустазод”-ро мисли устодони пешина чун илова овардааст (Эй рехта савдои ту хуни дили моро, Бе ҳеҷ гуноҳе…). Яъне муқарар аст, ки бастакор аз асрори мустазодхонӣ ва мустазодбандӣ огоҳии хуб дорад.
Ва ниҳоят мехостам, яке аз оҳангҳои хеле ҳам маъруфи Ҳусейнҷонро, ки ба шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайни Мўсозод (фақеҳ ва донишманди муосири тоҷик) ба алоҳидагӣ қайд намоям. Ин суруд барои хор (овозхонии дастаҷамъӣ) офарида шудааст ва мазмуну мундариҷаи шеърро муҳаббати аҳли илму адаб ба шаҳри азизашон ифода намудааст:
“Хуҷанд, эй мазҳари авранги дилҳо,
Навоят зиннати оҳанги дилҳо…”
(аз Ҳоҷӣ Ҳусейни Мўсозод)
Меҳри Ватан аз гавҳора сар мешавад мегўянд, вале албатта ба ибораи устод Лоиқ Шералӣ ҳар як санги деҳа, ҳар як чашмаи кўҳӣ – пораи Ватан ба ҳисоб мераванд. Хуҷандро дўст доштан – ин рамзи Ватани азизамонро эҳтиром намудан аст. Ва бастакор ин сатрҳоро бо забони овозхонии дастаҷамъӣ – яъне садои кулли мардум ифода намудааст. Ҳамин аст ифодаи меҳр ва ҳамин аст хислати наҷиби бастакори фидокор Ҳусейнҷон Юсупов.
Аз маҷмўаи нотаҳои ин китоб бояд кулли ҳунармандон, шогирдони муассисаҳои таълимии ҳунар ва мухлисони сершумори мусиқӣ бо илҳом ва эҳтиром баҳрабардорӣ намоянд.
Манбаъ: Ҳусейн Юсупов: “Гулбонги роз”, Хуҷанд, “Хуросон”, соли 2019.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.