56 сол бо китоб

Ҷӯрабой РаҷабовПанҷоҳу шаш сол аст, ки ӯ аз китоб мегӯяду дар бораи китоб менависад. Дар ин беш ним аср шумораи дастурҳои библиографии омодакардааш ва мақолаву гузоришоти илмиаш аз марзи 500 убур кард. Дар ин беш аз ним қарн аз тарғиби китобу китобхона хаста нашуд. Дар ин беш аз ним аср иртиботашро аз китобхона наканд. Имрӯз ҳам, дар остонаи 75 соли умр аз пурмаҳсултарин ҳамкорони Китобхонаи миллӣ аст. Зарфи даҳ соли охир муҳаррири даҳҳо китобномаҳои шарҳиҳолӣ буд, дар таҳияи дастурҳои библиографӣ саҳм гирифт. Имрӯз ҳам масъулияти таҳриру танзими як силсила китобномаҳои шарҳиҳоливу дастурҳои библиографӣ рӯи шонаҳои ӯ қарор дорад.

Сухан аз устод Ҷӯрабой Раҷабов, мутахасиси варзидаи соҳаи китобдорӣ аст. Шахсе, ки бо рафтору амал, донишу фазл ва ахлоқи ҳамида метавонад барои ҷавонон намунаи ибрат бошад.

Ҷӯрабой Раҷабов 8 – уми декабри соли 1950 дар деҳаи Оҳалики шаҳри Самарқанд дар оилаи коргар ба дунё омадааст.  Аз соли 1969 фаъолияти кориашро дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи  Абулқосим Фирдавсӣ оғоз кардааст. Кор дар ин Китобхонаи калонтарин ва шиносоӣ бо мутахассисони варзидаи соҳа Ҷурабой Раҷабовро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар саргарми омӯзишу такмил бошад. Соли 1973 ба шўъбаи ғоибонаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги Москав дохил мешавад. Ў дар таҳсил ҳам фаъол буд ва дар байни ҳамкурсон низ мавқеи муайян дошт. Таҳсил ва дарсҳои пурмўҳтавои олимони варзидаи риштаи китобдорӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии илмию касбии Ҷўрабой Раҷабов нақши худро гузошт.

Ў пайваста меомўхт ва кўшиш мекард, ки ҳарчи бештар дар ҳаллу фасли масоили мубрами соҳа ширкат варзад. Талабу дархост ва эҳтиёҷоти хонандагони китобхонаҳои ҷумҳуриро ба эътибор гирифта, ў дар таҳияю танзими маводи методӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барои беҳтару ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ, омўзиш ва тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китобхонаҳо, нишонрас ва натиҷабахшии маҳфилу ҳамоишҳои, ҷорӣ намудани усулу равишҳои самарабахши хадамоти китобдорӣ дар байнӣ аҳолӣ ў дар таҳияву тартиб додани беш аз 500 дастури методӣ, китобномаҳои шарҳиҳолӣ саҳм мегирад. Аз ҷумла, китобчаҳои «Мавод ба ёрии кормандони китобхонаҳо оиди гузаронидани машғулияти семинарӣ» (1973), «Норак – иншооти бузург», (1973), «Аҳмадҷон Ҳамдӣ», (1975), «С.Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Китобхона ва кишту кори баҳорӣ» (1980), «Тавсияҳои методӣ оиди адабиёти табиатшиносӣ ва муҳофиззати табиат» (1983), «Ҷашнномаи адибони мо» (Бахшида ба тарғиби осори адабии Мирзо Турсунзода ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ, 1981), «Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нависандагони советии тоҷик» (1990), «Вориси Хайём» (бахшида ба адиб Лоиқ Шералӣ, 1991), «Тарғиби осори бебаҳои ниёгон дар китобхонаҳо» (1994), «Осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳо» (1997), “Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2000) ва ғайраро ба табъ мерасонад.

Барои китобдўстон ва ташкили китобхонаҳои шахсӣ Ҷўрабой Раҷабов китоберо таҳти унвони «Китобхонаи шахси чӣ гуна бошад» (1985) интишор дод, ки дар он оид ба созмон додани китобхонаҳои шахсӣ ва мавриди истифода қарор додани захираи китоб дар ин китобхонаҳо маслиҳатҳои муфид дода шудааст. Вай ҳамчун методист ба омўзиши таҷрибаи пешқадами китобдорони китобхонаҳои давлатҳои Русияву Украина, Қазоқистону Қирғизистон пардохта, онро дар Китобхонаҳои Тоҷикистон ҷорӣ намуд ва дар рушду нумўи соҳаи китобдории кишвар саҳми муносиб гузошт. Бо талошҳои ў беш аз 300 дастурамалҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тавсияномаҳои соҳаи китобдорӣ  ба тавсиб расиданд, ки имрўз ба онҳо китобдорон такя ва кор мебаранд.

Ў дар давоми фаъолияти кориаш аз вазифаи китобдор шурўъ намуда то ба вазифаи муовини директор оид ба илм расидааст. Имрўз ин устоди пураҷрибаи китобдор, муҳаққиқи барҷастаи китобдорӣ Ҷўрабой Раҷабов ба синни мубораки 75 расид.

Бо истифода аз фурсад устодро муборакбод мекунем ва барояш комёбиҳо дар кору хушиҳо дар рӯзгорашро таманно мекунем.

Уғул Бобораҳимова,

сармутахассиси шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Муассисаи Давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.