Назаре ба таҷрибаи ҷаҳонии Паёми Президент ба парламент. Бахши 1

Паёми Президент ба парламент ҳамчун яке аз падидаҳои муҳим дар замони муосир маҳсуб ёфта, оид ба ин падидаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар конститутсияҳои аксарияти кишварҳои ҷаҳон муқаррароти дахлдор мавҷуд мебошад. Паёми Президент ба парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат имрӯз ҳукми анъанаро соҳиб шуда, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба маъракаи муҳимии сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст.

Паёми Президент ба парламент заминаи таърихии тӯлонӣ дошта, аз таҷрибаи давлатдории Англия маншаъ мегирад. Дар ин бобат, А. М. Шлезингер зикр менамояд, ки анъанаи бо Паём баромад кардани Президент аз таҷрибаи бритониёии “сухани тахтӣ”-и монарх ҳангоми кушодани ҳар як ҷаласаи нави парламент сарчашма гирифтааст. Роҷеъ ба ҳамин масъала муҳақиқ В.Е. Зоркин низ қайд менамояд, ки сухани тахтии ҳамасолаи монархи Англия ба парламент монанд ба Паёми Президент мебошад. Бояд қайд намуд, ки чунин анъана дар давлати Англия дар асри XIII рӯйи кор омад ва то ҳол идома дорад. Чунончи, 11- уми майи соли 2021 Елизаветаи II бо сухани тахтӣ дар парламент баромад намуд, ки он барномаи қонунгузории фаъолияти парламент дар давоми сол мебошад ва дар заминаи ин муроҷиат таҳия ва қабул гардидани ҳудуди 30 лоиҳаи қонунҳо баҳри рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ин кишвар дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамчун падидаи Паёми Президенти кишвар ба парламент он дар давлати ИМА зуҳур кардааст. Бо қабул гардидани Конститутсияи ИМА дар соли 1787 падидаҳои Президент ва Паёми Президенти кишвар ба парламент бори аввал расман дар ин давлат муқаррар карда шуданд.

Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон аввалин Президенти Амрико интихоб мешавад ва дар асоси фасли 3 моддаи II Конститутсияи ИМА бо истифода аз ваколати конститутсионии худ нахустин маротиба 8–уми январи соли 1790 бо Паём дар назди парламент баромад менамояд. Вале анъанаи бо Паём баромад намудан дар назди парламент дер давом накарда, пас аз Ҷорҷ Вашингтон танҳо Президенти дуюми Амрико Ҷон Адамс дар вазъияти тантанавӣ баромад менамояд.

Президенти сеюми ин кишвар Томас Ҷефферсон чунин амали сиёсиро дар таҷрибаи давлати демократӣ муносиб намедонад ва баромадашро танҳо дар шакли хаттӣ ба парламент ирсол мекунад. Ин муносибати Томас Ҷеферсон то ҳадде ҷиддӣ буд, ки пас аз вай дар тӯли анқариб як қарн тамоми президентҳои ИМА бидуни баромад кардан дар назди парламент, Паёми худро танҳо дар шакли хаттӣ ба парламент фиристоданд.

Ба андешаи Ш. Саидов “соли 1913 Вудро Вилсон анъанаи хондани Паёми солона дар назди конгрессро аз сари нав зинда намуд, ки президентҳои минбаъдаи ИМА онро идома доданд”. Ба ин андешаи Ш. Саидов мо розӣ шуда наметавонем, зеро Вудро Вилсон ду маротиба Президенти Амрико (1913-1917, 1917-1921) интихоб гардид ва дар давраи якуми президентиаш ҳамаи паёмҳои худро дар шакли баромад дар назди парламент ироа намуд ва дар давраи дуюми президентиаш ду Паёмро дар шакли баромад дар назди парламент ва ду Паёми дигарашро дар шакли хаттӣ ба парламент ирсол намуд, ки президентҳои минбаъдаи ИМА то интихоб шудани Президенти чилуми Амрико, яъне Роналд Рейган паёмҳои худро ҳам дар шакли баромад дар назди парламент ва ҳам дар шакли хаттӣ ба парламент ирсол намуданд. Роналд Рейган низ ду маротиба Президенти Амрико (1981-1985, 1985- -1989) интихоб гардид ва дар давраҳои президентиаш ҳамаи паёмҳои худро дар шакли баромад дар назди парламент ироа намуд. Роналд Рейган аҳаммияти Паёми Президент ба парламентро дар ҳаёти сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва рушди давлат муҳим шуморида, ироаи онро дар назди парламент лоиқ донист. Минбаъд дигар прездентҳои ИМА ин анъанаро то ҳол идома истодаанд.

Пайдоиш ва рушди падидаи Паёми Президент ба парламент дар ИМА сарчашмаи пайдоиш ва рушди Паёми Президент ба парламент дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон гардид. Ҳоло дар таҷрибаи давлатдории аксари кишварҳои ҷаҳон падидаи Паёми Президент ба парламент мавҷуд мебошад. Дар конститутсияҳои кишварҳои ИДМ ба ҷуз аз Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба падидаи Паёми Президент ба халқ ва парламент меъёр муқаррар гардидааст.

Чун қоида субъекти ироаи Паём Президенти кишвар буда, дар аксарияти ҳолат ба мақоми олии қонунгузор ирсол карда мешавад. Масалан, Президенти ФР бо Паёми ҳарсола дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба Маҷлиси Федералӣ муроҷиат менамояд (банди е, моддаи 84 Конститутсия). Дар асоси моддаи 128 Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон Президенти ҷумҳурӣ метавонад бо Паёми худ ба Маҷлиси Миллӣ муроҷиат намояд.

Тибқи конститутсияҳои як қатор мамлакатҳо Президент бо Паём ба халқ ва парламент дар бораи вазъи кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат менамояд. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо Паёми ҳамасола ба халқи Қазоқистон дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат менамояд (банди 1, моддаи 44 Конститутсия) Мувофиқи банди 13, моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Белорус дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат менамояд, Ҳамчунин, Президенти ҶБ бо Паёми ҳамасола ба парламент муроҷиат менамояд, ки он дар ҷаласаҳои Палатаи намояндагон ва Шурои Ҷумҳуриявӣ шунида мешавад ва муҳокима намегардад (банди 14, моддаи Конститутсия) .

Президенти Ҷумҳурии Муғулистон метавонад бо Паём ба Хурали Бузурги Давлатӣ (парламент) ва халқ муроҷиат намояд, бо салоҳдиди худ метавонад дар кори иҷлосия иштирок кунад, бо Хурал пешниҳод ирсол намояд ва дар бораи масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот диҳад (моддаи 33 Конститутсия). Мувофиқи қисми 5 моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Гурҷистон Президент ҳуқуқи бо Паём муроҷиат кардан ба халқ ва парламентро дорад. Президент дар як сол як маротиба дар бораи масъалаҳои муҳимми вазъи кишвар ба парламент маъруза пешниҳод менамояд. Дар Ҷумҳурии Туркманистон низ Президент бо Паёми ҳарсола ба халқ ва Маҷлиси Туркманистон оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муроҷиат менамояд (банди 11 моддаи 71 Конститутсия ).

МАНБАЪ: Фирӯз Сайнозимзода: “Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ”. Душанбе, 2024.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Тоҷикисон.