Меҳрнома. Ҳар комёбӣ сарчашма дорад

Шаҳноза ДониёроваОё метавон аз ин сатрҳо ифтихор накард? Ва медонед мухотаби муаллиф кист? Ҳамкори мо Шаҳноза Дониёрова. Ҳамон Шаҳнозае, ки худ замоне ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буд. Шаҳнозае, ки духтараш Робиа баъди модар шаҳди ин ғоллибиятро нӯш кард.

Шаҳнозае, ки солҳост миёни кӯдакону наврасон бо китоб мегардад, ташвиқ мекунад, меомӯзонад. Ва онҳо ӯро устоди худ медонанд…

Шаҳнозае, ки барои кӯдакону наврасон дар шуъба чандин маҳфил сохтааст ё мусоидат кардааст, ки ҳамкоронаш бисозанд.

Ӯ АЗ ИН ЗАҲМАТҲОЯШ ЛАЗЗАТ МЕБАРАД.

Ӯ ҳаргиз дунболи шуҳрат нест, намехоҳад аз ӯ бигӯянду дар борааш нависанд. Ин ҳамаро ӯ барои қонеъ кардани завқи маънавии худ анҷом медиҳад.

Ва боз хеле хоксорона, одиву заминӣ…

Шояд ду – се рӯз пеш аз сафари Москав баргашт. Шояд аз ин сафар гуфтаниҳое дорад.

МЕПУРСЕМ, МЕНАВИСЕМ.

Аммо ҳоло бихонед, шогирди пирӯзаш дар борааш чӣ навишта! Шогирде, ки Шоҳҷоизаи Озмун насибаш шуд.

ҲАМРОҲ МЕХОНЕМ:

АРЗИ СИПОСИ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒ … ” ТАБАССУМИ ҶИЁНХОН БА УСТОДИ ХЕШ

Имрӯз, ки дар даст *Шоҳҷоиза* дораму чашмҳо бо эҳсоси ифтихор медурахшанд, медонам: ин ҷоиза танҳо номи маро надорад…

Он бо номи Шумо низ пайванд аст, устодам — Дониёрова Шаҳноза.

Шумо он касе будед, ки вақте худ ба худ шубҳа мекардам, ба ман бовар доштед…

Он шабу рӯзҳое, ки ба хоб мерафт шаҳр, Шумо бо ман будед — бо қалам, бо китоб, бо сухани дилгармкунанда, бо нигоҳе, ки мегӯяд:

-Ту метавонӣ.

Заҳмати Шумо танҳо сухан нест — он роҳнамоест, ки сарнавиштҳоро тағйир медиҳад.

Ҳар саҳифаи китоб, ҳар ҷумлаи омӯхтаам, ба ҳар зина расиданам — бо меҳри Шумост, бо талоши Шумост.

Имрӯз, агар номи ман бо фахр садо медиҳад, бовар дошта бошед — ин садои номи Шумост, устоди ман!

Аз қалби саршори эҳтирому сипос мегӯям:

Ташаккур барои бовар ба ман.

Ташаккур барои инсонсозӣ.

Ташаккур барои ҳама чизе, ки гуфтеду ногуфтед.

Бо камоли ифтихор менависам:

Ман шогирди Шумо ҳастам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, муаллимаҷонам Дониярова Шахноза

БО ЭҲТИРОМ ШОГИРДИ ШУМО ТАБАССУМИ ҶИЁНХОН.