Кишваршиносӣ. “Фархориён”-и Бурҳониддини Усмон
Ин китоб соли 2010 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва чанд нусха аз онро метавон дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолаа кард. Муаллифи китоб журналист, шоир, нависанда ва омӯзгор буда, “Фархориён” аввалин асари таърихии ӯст.
Аз муаллиф дар муаррифии Фархор мехонем:
Фархор дар тарафи ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ва ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон воқеъ гардидааст. Он аз шимол ба ноҳияи Данғара ва Восеъ, аз тарафи ҷанубу ғарбӣ ба ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва аз тарафи шарқ ба ноҳияи Ҳамадонӣ, аз тарафи ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Тўли он аз шимол то ҷануб 61 км ва аз шарқ ба ғарб 35 км мебошад. Масоҳати Фархор 1,2 ҳазор километри мураббаъ буда, зиёда аз 139,2 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ки 84,5 дарсади он тоҷикон, 13,3 дарсад ўзбеконанд.
Дар Фархор, инчунин дигар миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд. Маркази маъмурии он шаҳраки Фархор буда, дар он 5 мактаби таҳсилоти умумӣ, як литсей, як беморхона, як дармонгоҳ, якчанд дорухона, як муассисаи фарҳангӣ, инчунин корхонаи коркарди пахта, фабрикаи ресандагӣ, матбаа, ташкилоту муассисаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд.
Нуқтаҳои аҳолинишин ба воситаи роҳҳои маҳаллӣ, ки масофаи онҳо зиёда аз 597,2 километрро ташкил медиҳад, бо ҳам алоқаманданд. Аз онҳо 4,5км мумфарш.73,9 километр сангфарш буда, 78,6 километраш роҳи хокӣ мебошад.
Ноҳия асосан ба чор минтақа тақсим мешавад; паҳнкўҳҳои Олимтой, силсилаи қаторкўҳҳои Сиёҳ (Қаратов), теппаи Ўртабуз ва ҳамвории байникўҳӣ, ки онро олимон водии Фархор низ ном мебаранд.
Минтақаи Олимтой қисми шимолии ноҳияро ташкил медиҳад ва он аз якчанд паҳнкўҳҳо иборат аст. Он аз сатҳи баҳр 600-800 метр баланд буда, майдонҳояш асосан барои кишти зироатҳои ғаладонагӣ ва хўроки чорво истифода бурда мешаванд.
Майдони Олимтой 10320 гектарро ташкил медиҳад. Ин заминҳоро қаблан 5 хоҷагии ноҳия собиқ колхоз ба номи Ленин, ба номи Карл Маркс, “40-солагии Октябр”, “Коммунизм” ва Заводи зотпарварии “Ҳисор” истифода мебурданд.
Олимтой сокиони муқимӣ дорад, ки онҳо дар деҳҳои хурд-хурд маскан гирифтаанд. Шоҳроҳи калони давлатии вилоят аз он ҷо мегузарад, ки он ноҳияро бо дигар ноҳияҳои ҳамсарҳад мепайвандад.
Аз байни паҳнкўҳҳои Олимтой дарёчаи Оби Тоир ҷорӣ шуда, ба дарёи Сурхоб мерезад.
Дар болои дарёи Сурхоб кўпруки нақлиётгар сохта шудааст, ки он водиро ба пахнкўҳи Олимтой пайваст мекунад…
Идомаи онро метавонед ин ҳамин китоб дар Китобхонаи миллӣ бихонед…
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.