Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Қорӣ Раҳматуллоҳ Возеҳи Бухороӣ

Ёр тимори дили хастаи мо кард ? Накард!

Гузаре ҷониби арбоби вафо кард?  Накард!

Соате мӯниси ғамхонаи мо буд? Набуд!

Тарки ҳамсӯҳбатии аҳли риё  кард?  Накард!

Бар муроди дили аҳбоб даме рафт ? Нарафт!

Дарди ушшоқи ҷигархор даво кард?  Накард!

Чашмаш аз лутф сӯи ғамзадагон дид?  Надид!

Дилаш аз меҳр ба мо майли сафо кард?  Накард!

Аз парешонии ман зулфи туро гуфт?  Нагуфт!

Ё ки тақрири ғамам боди сабо  кард?  Накард!

Бар ғами бекасиям ҳеҷ касе сӯхт?  Насӯхт!

Аз шиканҷи ситами даҳр раҳо кард?  Накард!

Коми  Возеҳ фалаки шӯъбадаҷӯ дод?  Надод!

Раҳм бар вай нафасе  баҳри Худо кард?  Накард!

РУБОИЁТ

Аз аҳли ҷаҳон умеди ёрӣ ғалат аст,

Ойини вафову ҳақгузорӣ ғалат аст.

Чашми меҳру таваққуи  зулму ситам,

Дорӣ,  ғалат аст, агар надорӣ, ғалат аст.

******    ******

Афсус, ки дар ҷаҳон маро ёре нест,

Ғам бисёру нишони ғамхоре нест.

Он колаи ноқисам ба бозори ҷаҳон,

К-аз беқадрӣ, маро харидоре нест.

******    ******

Аҳдест, ки илму фазлу дониш хор аст,

Ҳиммат масруфи  сарфаи динор аст.

Асҳоби ту аз сӯҳбатат, эй  ёри азиз,

Бе зар, ту агар  Абӯзарӣ, безор аст.

ФАРДИЁТ

Рақиб гуфт, ки афтодаам маро  бардор,

Дуош кардаму гуфтам:  Худот бардорад!

******    ******

Дили рақибу лаби шикваи ману  дари айш,

Ба як ишораи абрӯ шикасту  басту кушод.

******    ******

Рақиб дар ҳарамат маҳрам асту  ман маҳрум,

Ҳаром агар накунам айши ӯ,  ҳалолаш  бод!

ДАР ТАЗМИН:

Тан  дур аз висоли ту чанде  ба ҳаҷр сохт,

“Моро аз ин гиёҳи заиф ин гумон набуд.”

******    ******

Ҳамчу  кокул аз сарат гаштан  насиби  мо нашуд,

“Нест дар даври ту қадри мӯй  моро эътибор.”

******    ******

Ҳеҷ  кас ҳамхобаи он тан нашуд,

“Давлати бедори махмалро нигар!”

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ  дар адабиёти форсӣ аз ҷумлаи мутаббаҳирини  замони худ  буд.  Дар адабиёти араб  дар Мовароуннаҳр  аз муосиронаш  пешӣ мекард.  Дар риёзиёту илми тиб низ  соҳиби дасти дароз буд. Дар тафсир, ҳадис, таърих  ва тароҷими аҳвол  аз ҷумлаи мутахассисин  буд. Гӯянд, се ҳазор ҳадисро бо иснодоташ аз бар дошт.  Тафсири Қозӣ Байзовӣ ва Кашшоф  аз камоли татаббӯъ ва музовалааш  билмаол маҳфузаш шуда буд. Бо вуҷуди ин ҳама фазоил,  ғайри он ки дар айёми валиаҳдии амир  Музаффар чанд гоҳе ба дарбор маҳрам шуд,  дигар на илмӣ ва на мулкӣ  ба мансабе нарасида, дар камоли эҳтиёҷ, лекин бо истиғнои  тамом аз  дунё гузашт.

Тазкиранависони муосир таълифоташро ба қарори зайл шумурдаанд:

1.”Туҳфат-ул-аҳбоб”-  дар тазкираи аҳволи шуарои аҳди манғитиён  муштамил бар зикри аҳвол ва  намунаи ақволи яксаду сӣ нафар шоир.

  1. Савонеҳ-ул-масолик”- сафарнома дар сафари Ҳиҷози худ.
  2. Шақоиқ-уд-дақоиқ”- ба таърифи улум ва аҳлаш.
  3. Девони форсӣ, арабӣ ва туркӣ.
  4. Маҷмуъае дар радоиф-ул-ашъор аз ҳар кас.

6.Маҷмӯъае дар фардҳои барҷаста аз ҳар кас ба тартиби ҳуруфи ҳиҷо.

  1. Рисолаи манзумае ба номи “Барфу ях” дар тасвири яху барфи кӯҳи Кирмоншоҳ, ки дар бозгашти сафари Ҳиҷоз муаллиф ба он ҷо ворид шуда.
  2. “Хони лаззат” дар зикри анвои атъимаву ашриба ба тартиби ҳуруфи ҳиҷо, тақрибан 25 ҷузъ.
  3. Маснавие дар ҳикоёти мутафарриқа.

10.”Ароис-ул-абкор  ва наводир-ул-афкор” – ба назму насри форсиву арабӣ.

11.Тарҷумаи туркии рисолаи форсии Ҳотамӣ Шайх  Баҳоӣ дар аҳволи устурлоб.

  1. Тарҷумаи форсии рисолаи “Бирр-ус-соа”-и Муҳаммад ибни Закариё дар тиб.
  2. Туҳфаи Амония” дар тиб ва ғайраҳо аҷзоҳои мутафарриқа.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.