Таассурот аз паём
Бо руҳияи баланди ватанхоҳӣ ва миллатдўстӣ аз бинои Парлумони навбунёди кишвар баромадам ва роҳ сўйи бинои муҳташаму мунаққаши Китобхонаи миллӣ пеш гирифтам ва бо як эҳсоси пурифтихор ва пурмасъулият дар зеҳн даҳҳо нақшаву вазифа ва ҳадафҳои бунёдкориро таҳрезӣ мекардам, зеро бо тамоми он самимият ва муҳаббате, ки Пешвои миллат аз тоҷикону Тоҷикистони азиз сухан мегуфтанду аз таърихи пурифтихори он муҳофизат мекарданд, дар мавҷ-мавҷи маърифатам умед ба ояндаи дурахшон падид меомад. Зеро чунон ки дар Паём садо дод: “…ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”.
Албатта, ман дар қатори даҳҳо ҷавони саодатманди кишвар сарфароз ва хушбахт будам, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки ба Маҷлиси олии кишвар манзур шуд, иштирок ва шоҳиди суханронии хирадмандона ва падаронаи Пешвои муаззами миллат шудам.
Дар иҳотаи бинои замонавӣ ва пурнақши Маҷлиси олӣ шоҳиди ҳол будам, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббату самимият ба халқу Ватан, дар паёми солона аз дастовардҳову пешрафтҳои кишвар маҳбубаман дар 10 соли охир ва корнамоиҳои таърихии миллати тоҷик боифтихор сухан мекард ва ин ба мо рўҳу илҳоми тоза мебахшид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пешбарии огоҳонаи сиёсати дарҳои боз дар садорати Пешвои муаззами миллат бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои наслҳои миллат ба сўйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ марҳала ба марҳала имкониятҳои нав ба бор оварда, барои ояндагон як давлати мутамаддин ва таърихан кўҳани миллати тоҷикро муаррифӣ мекунад. Ин аст, ки дар Паём қайд гардид, ки “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд” ё ҷойи дигар “Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд”.
Ҳамзамон, ташаббуси дигари байналмилалии Тоҷикстон вобаста ба рўйдодҳои замони муосир, махсусан дар самти техника ва технология, ки падидаҳои он дар нармафзорҳои интернетӣ бо номи “Зеҳни сунъӣ” ҷаҳониёнро ба маъриат кардани он водор кардааст, дар Паёми Пешвои миллат садо дод: “Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид”.
Ифтихори дигари мо ҷавонон аз он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои худ аз соҳаи фарҳанги кишвар сухан дар миён мегузоранд ва онро ҳамеша ҳастии миллат унвон мекунанд. Ҷаҳониён барҳақ медонанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаю фарҳангии Осиёи Миёна буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар Осиёи миёна, балки дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Дар Паём Пешвои миллат аз ворид гардидани ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон ба феҳристи мероси ҷахонии Юнеско сухан гуфта, онро ташаббуси созандаи миллати тоҷик донистанд: “…Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад”.
Дар радифи даҳҳо ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид ва ин дастовард низ дар Паём бо як ифтихормандӣ садо дод. Зимнан, бояд таъкид намоем, ки санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Умуман, Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории кишвар чун шаҳодатномаи раҳнамое маҳсуб меёбанд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдории моро сол аз сол рушду равнақ мебахшанд.
Барои мо ҳамчун иштирокчии бевоситаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои ҷолиби дигар он буд, ки роҷеъ ба ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо суханҳои судманду хирадмандона гуфта шуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди таҳкими маънавиёти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз сиёсати пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаву барномаҳои судманд ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, завқи китобхонии тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста равон гардидааст. Аз ҷумла дар Паём садо дод: “Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд… Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”.
Бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар масири рушду пешрафти устувор, ки аз ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, кору пайкори якдилонаву дастаҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона баҳри ояндаи дурахшони давлат ва боландагиву сарбаландии наслҳои миллатро тақозо мекунад, моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият ва кору зиндагии худ қарор диҳем. Чунончи ба таъкид гуфтанд: “Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”
Зокир Рабиев,
мудири бахши
таҳрир ва интишорот.