Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ
Таваллуд-1870 мелодӣ. Аз девони Васлӣ
Абири кокулат ночиз созад накҳати гулро,
Парешон мекунад фикри ту иқлими таамулро.
Рухат ойинадори ҳайрати чашми асирон аст,
Диҳад ошуфтагӣ зулфи сиёҳат набзи сунбулро.
Қиёмат аз қиёми қоматат дар даҳр бархезад,
Ғиреви ошиқон барҳам занад афғони булбулро.
Нигоро, раҳм кун, бинмо висоли хеш бо Васлӣ,
Дуо созам, набинад равнақи ҳуснат таназзулро.
****** ******
Абрувонат баҳри сайди дил камонӣ мекунад,
Наргиси шерафканат соҳибқиронӣ мекунад.
Тири мижгонат зи шӯхӣ оламе бемисл намуд,
Мурғи дилҳо аз нигоҳат парфишонӣ мекунад.
Наргисат пинҳон зи ту ворехт хуни ошиқон,
Шеваи ошиқкушӣ, донӣ- надонӣ мекунад.
Ҳар замон гӯяд забонат бар ҳадиси ишқ дарс,
Гӯиё шарҳи китоби осмонӣ мекунад.
Атласу кимхоб қадри кас намесозад баланд,
Қимати одам фузун касби маонӣ мекунад.
Бебаре ҳам дар бараш дорад либоси ифтихор,
Ҳирқаи пашмин шукӯҳи парниёнӣ мекунад.
Нотавониҳо тавонист дар изҳори аҷз,
Оҷизиро ҳар тавоно нотавонӣ мекунад.
Мулло Сайидаҳмади Васлӣ дар Самарқанд, Тошканд ва Бухоро таҳсили комил намуда, чанде дар Бухоро мударрис буда, алъон дар Самарқанд аз ҷумлаи мударрисин аст. Мумоилайҳиро доир ба сарфу наҳви арабӣ таълифест. Сарфу наҳви забони форсиро низ ба усули забони араб тартиб дода, дар авоили ҷорӣ шудани усули ҷадида дар Самарқанд баъзе рисолаҳои форсӣ барои мактабҳои нав тартиб додаву баъзе таълифоти илмиву таърихии дигар низ дорад, мегӯянд.
Девони аввали Васлӣ, тақрибан чаҳор ҳазор байт, дар соли 1327 ҳиҷрӣ дар Самарқанд табъ ёфта буд. Имрӯзҳо дар садади тартиб додани девони дувум аст.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.