Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Даштҳо

ДаштҳоДаштҳо аслан, паҳноҳои васеи бедарахт ё камдарахт буда. Дар он ҷо рустаниҳои бисёрсолаи ба хушкию камобӣ ва гармию хунукиҳо тобовар мерўянд. Даштҳо дар мавзеъҳои камбориши хушк воқеъ буда, бештар бо биёбонҳо ҳамшафатанд. Боришот дар ин ҷо хеле кам ва дар мавсимҳои муайян меборад.

Замини даштҳо барои сабзидану парвариши дарахтон ниҳоят хушк аст, вале дар он ҷо буттаю нимбутта ва алафхои ба хушкӣ тобовар аз ғеша, шибоғ, ҷорўбак ва ғайра хуб нашъунамо мекунанд. Даштҳоро дар Аврупо ва Осиёи «дашт», дар Амрикои Ҷанубӣ–«пошпа» ё «пампаса», дар Амрикои Шимолӣ–«прерия» меноманд. Даштҳои камдарахти минтақаҳои гармсери Африқо, Ҳиндустон ва Австралия «саванна» ном дорад.

Дар даштҳо кадом ҳайвонот зиндагӣ мекунад?

Дар даштҳои Амрикои Шимолӣ пеш барзаговҳои азимҷусса–бизонҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло аз ҳайвоноти пештараи даштҳо гургҳои даштӣ (кайотаҳо), шағолҳо, сагҳои марғзорӣ боқӣ мондаанд. Дар даштҳо (саваннаҳо)–и  Австралия кунгуру, коалҳо, аз парандагон шутурмурғи эму ва кукабараҳо зиндагӣ мекунанд. Даштҳои Африқо ҷойи сукунати ҳайвоноти гуногуну парандаҳо ва хазандагону ширхўрҳои бузургҷусса аз ҷумла, фил, баҳмут, зарофа, шер, ғизол ва гўрхар мебошад.

Оё дашт барои чорводорӣ мувофиқанд?  

Даштҳои васеи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав барои чаронидани гўсфанд ва чорвои калон истифода бурда мешаванд. Ҳайвонот сарсари алафҳоро хўрда, ба нашъунамои онҳо халал намерасонанд, чунки алафҳо аз бехи поя шохаҳои нав мебароранд ва баъди кандани нўгашон боз ҳам ғафстар мерўянд.

Ҳоло қисмати зиёди даштҳои иқлимашон муътадил шудгор карда мешуданд. Дар ин ҷо бисёр зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ва ҷуворимакка мекоранд. Бахусус заминҳои сиёҳхоки даштҳои алафзорашон баланд, нисбатан ҳосилхезанд.

Ноҳияҳои гирдбодӣ дар куҷо ҷойгиранд?

Хушксолии бардавом дар даштҳо ҳодисаҳои муқаррарианд. Солҳои 1930 дар даштҳо (прерияҳо)–и қисми марказии Амрикои Шимолӣ хушксолии сахт мушоҳида гардид. Бисёр чаронидани чорво ва бераҳмона шудгор кардани қитъаҳои замин боиси нестшавии пўшиши набототӣ, рўй додани камҳосилӣ ва урёнии хок гардид. Дар натиҷаи тундбоду шамолҳои сахт тўдаи хокро ба ҳаво бардошта, гирдбодҳои хурду бузургро падид меорад. Ҳамин тариқ, ин ҳудуди шамолхезу серчанг номи «ноҳияи гирдбодӣ»–ро гирифтааст.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).Душанбе, 2023.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.