“Меҳргон”-е, ки Китобхонаи миллӣ чоп кард
Нишондиҳандаи библиографии «Меҳргон» адабиёти солҳои 1983 – 2023 – ро дар бар гирифта, ҷадидтарин асари библиографие мебошад, ки дар он рӯйхати адабиёт аз ҷумла, маҷмуи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номгӯи китобҳо, шарҳҳои маводи энсиклопедӣ ва мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон мураттаб гардидааст.
Феҳрист аз 5 қисм иборат буда, 621 маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ интишорёфтаро фаро гирифтааст.
Маводи ба феҳрист воридшуда гурӯҳбандӣ шуда, унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарт тасвир шудааст. Навиштаҷоти библиографии асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Маводд дар қисмҳо ва зерқисмҳои Феҳрист тибқи навъу шакл, забону замони нашр ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”, Китобхонаи марказии илмии АМИ ҶТ ба номи Индира Гандӣ, Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо дарназардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ ва дигар китобхонаҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва веб-сайтҳои Интернетӣ таҳия шуда, маводди чопию электронии солҳои 1983-2023 нашршударо дар бар мегирад.
Асари мазкур бо дастгоҳи маълумотдиҳии нашр таъмин буда, барои осон намудани кори пажӯҳандагон дар поёни дастур кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд, ки барои саривақт пайдо намудани адабиёт аз дохили феҳрист кӯмак мерасонанд.
Дастури библиографии “Меҳргон” ба мутахассисон ва дигар гурӯҳҳои хонандагон барои бештару хубтар ошноӣ пайдо намудан бо маводди марбут ба ҷашни Меҳргон ва анҷоми таҳқиқотҳои илмӣ вобаста ба ҷашнҳои миллӣ кӯмак хоҳад расонид.
Мураттиби китоб Сайзароб Нодирзода, муҳаррир Шариф Комилзода буда, он зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода таҳия шудааст.
Нишондиҳандаи библиографии «Меҳргон» – ро шумо метавонед дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост кунед ва мутолаа намоед.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд