Китоби нав. Юнуси Имомназар: “Сабзу сурх”

Аз пайи Инқилоби Октябр, ки дар Русия ба вуқӯъ пайваста буд, авоили солҳои бистуми асри XX дар сарзамини Аморати Бухоро низ табаддулоти куллии сохти кишвардорӣ ба амал омад. Дар ин маҳдудаи таърихӣ сабку равишҳои зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳатто эътиқоду ҷаҳонфаҳмии мардум дигаргун шуд. Агар то ин дам парчами сабзи Ислом эҳтизоз дошт, бо мурури вақт байрақи сурхи Ҳукумати Шӯроҳо ҷойгузини он гардид.

            Дар китоби “Сабзу сурх” низ воқеаю ҳодисаҳои  ҳамин давраи гузариш, ки  ҳудудаи  даҳ солро фаро мегирад, табаддулоти зеҳнию иҷтимоии одамон, одоб ва расму оинҳои алоқаманд бо нигориши бадеӣ баён шудаанд. Муаллиф дар мисоли персонажҳои фаровон, алалхусус, дар симои як нафар муллои  таҳсилкарда, ки бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру андешаҳои худ боқӣ мемонад ва бародари омӯзгори ӯ, ки ба ҳаёти нав созгор мешавад, сужаи асар ва гиреҳкушоии рӯйдодҳоро тасвир менамояд.

            Ⱪобили зикр аст, ки бо далели асари бадеӣ будан, исми персонажҳо, номи маҳалҳо (ба ҷуз шаҳрҳои бузург) ва ҳамчунин густариш воқеаю саҳнаҳои офаридашуда маҳсули тахаюлоти нависанда аст. Яъне, воқеияти бадеӣ мазмун ва мундариҷаи асар аст, на исмҳо.

            Китоб барои мутолиаи хонандагони синну соли мухталиф пешниҳод шудааст.

 Юнуси Имомназар адиби шинохтаи тоҷики муқими Ӯзбекистон мебошад ва “Сабзу сурх” асари тозаэҷоди ӯ буда, ҳамагӣ чанд моҳ қабл дар нашриёти “Тамаддун”-и шаҳри Тошканд чоп шудааст.

Хонандагони муҳтарам метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Малика Абдуллоева