Шарҳи истилоҳ. Библиографияи адабӣ чӣ илмест?

Библиографияи адабӣАҳамияти адабиёти бадеӣ дар тарбияи меҳнаткашон ва бахусус ҷавонон хеле бузург аст. Афзоиши чопи асарҳои адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ аз як тараф, зиёд гардидани эҳтиёҷоти мардуми мо ба китоб аз ҷониби дигар, тақозо мекунад, ки шаклҳои муфиди қонеънамоии хонандагон мавриди истифода қарор гиранд.

Дар иҷрои ана ҳамин вазифаи муҳим библиографияи адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ нақши умдаеро бар уҳда доранд.

Аҳамияти библиографияи адабиёти бадеӣ қабл аз ҳама ба аҳамиятнокии худи адабиёти бадеӣ, яъне мақоми он дар ҳаёт бастагӣ дорад. Нақши танқиду библиография дар оммавигардонии адабиёти бадеӣ бисёр бузург аст.

Робитаи библиографияи адабӣ бо илми адабиётшиносӣ, педагогика ва умуман бо фарҳанг қавитар шуд. Баланднамоии он дар мавзўоти муайян, ки бо эҳтиёҷоти хонандагони гуногун алоқаманд аст, беҳтар гардид. Бо иборати дигар, библиографияи адабӣ бештар ба қонеъгардонии тафриқа эҳтиёҷоти ба иттилоот доштаи истеъмолкунандагон рў овард.

Ёрии библиографияи адабӣ ба олимони адабиётшинос дар тадқиқоташон роҷеъ ба муаммоҳои рўз (дар инкишофи адабиёт) хеле фаъол гардид.

Библиографияи адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ дорои асоси илмист. Он бо илми адабиётшиносӣ алоқаи зич дорад. Яъне библиографияи адабӣ қисми таркибии ҳам адабиётшиносӣ ва ҳам библиография аст.

Ҳамин тавр, омўзиши библиографияи адабӣ имкон медиҳад, ки дар риштаи библиографияи адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ донишу малакаҳои муайяни кор бо даст оварда шавад.

Аммо дар китобҳои дарсии ин ришта оид ба масъалаҳои библиографияҳои халқҳои ИДМ (ғайри рус) матолиби хеле кам пешкаш шудааст, ки он ҳам танҳо адабиёти ба забони русӣ чопгардидаро шомил мегардад.

Дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ библиографияи миллии бисёр халқҳои ИДМ инкишоф ёфт, вале таҷрибаи бойи онҳо алҳол ба таври бояду шояд омўхта нашудааст.

Хушбахтона, назарияи библиографияи миллии мо, яъне библиографишиносии тоҷик ҳанўз аз солҳои шастуми асри ХХ бо амалия ҳамкорӣ дорад. Ва дар ин муддати кўтоҳ як қатор масъалаҳои муҳими ба библиографияи умумӣ ва соҳавӣ дахлдоштаро ҳамчун мабҳаси (объекти) тадқиқот хоста гирифт ва аз уҳдаи ҳалли онҳо низ баромад. Чунончи, мавҷуд будани шумори муайяни адабиёт имкон дод, ки дар соли 1981 барномаи «Библиографияи адабии тоҷик» чоп гардад. Дар навбати худ чопи барнома тамоми адабиёти  назариявию методиро дар як ҷо ҷамъоварӣ намуда ва ба тадқиқи  манбаъҳои библиографияи адабии тоҷик роҳи фарохеро боз кард.

Барнома бо ҳам наздик будани «Библиографияи адабиёти бадеию адабиётшиносӣ» ва «Библиографияи адабии тоҷик»-ро амалан нишон дод ва дар айни ҳол махсусиятҳои библиографияи адабии моро бо намунаҳои муносиб собит намуд. Яъне библиографияи адабии тоҷик қисми таркибии библиографияи шўравӣ аст ва фароовардаҳои он библиогрфияи тамоми кишварро дорою комил мегардонад.

Он мисли ҳамаи библиогрфияи шўравӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти васеи хонандагон ба асарҳои адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ даъват шудааст. Ин библиография ба тадқиқоти адабӣ ва танқиди адабӣ мусоидат мекунад. Ба иҷрои маълумоти библиографӣ ва таблиғоти адабиёти бадеӣ дар китобхонаҳои мухталиф кўмак менамояд.

Замон талаб менамояд, ки библиографияи адабии тоҷик библиографони моро ба дақиқ ҳис намудани ҳаёт, амалӣ гардидани бозсозӣ сафарбар намояд. Яъне ба библиографишиносӣ зарур аст, ки амалияро бо тавсифҳои муфид ғанӣ намуда, дар амалия тарбия шудани равияҳои хуб ёрмандӣ намояд.

Библиографияи адабии тоҷик ба ҳамаи он усулҳое, ки библиографияи умумӣ ба онҳо такя мекунад, асос ёфта, дар назди худ ҳамон мақсадҳоро мегузорад ва аз хамон раванду услубҳои маъмул истифода мекунад. Аммо библиографияи адабии тоҷик бо махсусиятҳои  хоси ба характери мавод алоқаманд фарқ мекунад. Ин библиографияи мустақил буда, дорои таърих ва мақсадҳои мушаххаси миллӣ аст. Он ба масъалаҳою муаммоҳое сарукор дорад, ки маҳз ба забону адабиёти тоҷик ва ё умуман бо шароити Тоҷикистон иртибот доранд.

Библиографияи адабӣ ҳамчун яке аз илмҳои ёрирасони адабиётшиносии тоҷик беш аз пеш рушд мекунад ва аҳамияти  бағоят калони назариявию амалиро касб менамояд.

Аз китоби “Библиографияи адабии тоҷик”. Муаллиф Р.Шарофов. Ин китоб соли 2014 чоп шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси  шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.