Маҷид Салим: “Орифе аз Ховалинг”

Қиссаи нави нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим «Орифе аз Ховалинг» аз рӯзгори наҷиби шоир Мирзо Бозори Ховалингӣ (1804- 1885) ҳикоят мекунад. Дар қисса адиб аз зиндагӣ ва рўзгори Мирзо Бозор қисса намуда, хонандаро ба лаҳзаҳои нотакрори умри адиб ошно месозад.

Кист Мирзо Бозори Ховалингӣ?

Посухи ин суолро метавон аз сарсухани Ибодуллоҳи Оқилзода ба китоби мазкур дарёфт.

Мирзо Бозор мутахаллис ба Хотир соли 1804 дар деҳаи Хосиёни Ховалинг дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Гузаштагони шоир низ дар ҳамин деҳа ба дунё омада,  ҷумлагӣ деҳқонзода будаанд. Падараш Шоҳиззатулло ҳарчанд деҳқон буд, аммо шахси босаводу пешрафтае маҳсуб меёфтааст, ки аз илмҳои замонааш ба қадри ҳол бархурдор будааст.

Вақте, ки ҷавон будааст, барои таъмини айёшати оилааш ба шаҳрҳои Қўқанду Бухоро рафта, дар корхонаҳои саноатӣ кор карда, ҷаҳонбинияшро васеъ намудааст. Ҳамин будааст, ки пас аз бозгашт ба зодгоҳ кўшидааст ба ҳар навъе бошад фарзандашро соҳибилм гардонад ва барои ин кор тамоми дороиашро сарф мекардааст. Ў ду писар доштааст, ки яке Саид ва дигаре Қурбон ном доштаанд ва то солҳои 1924- 1930 зиндагӣ кардаанд.

Хотир маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан барои мукаммал намудани савияи донишаш ба шаҳрҳои Ҳиндўстон, ки дар он замонҳо яке аз марказҳои фарҳангӣ ва адабӣ маҳсуб меёфтааст, сафар намуда, таҳсилашро идома додааст. Шоир илмҳои расмии замонаш, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунари хаттотиро аз бар кардааст ва яке аз донишмандону шоирони замони худаш баргузида шудааст. Ў баъди бозгашт дар зодгоҳаш Ховалинг зиндагӣ ихтиёр мекунад ва пешаи аҷдодӣ- деҳқонию боғдориро идома дода, ҳамзамон толибилмонро таълим медодааст.

Мирзо Бозор Хотир соли 1885 аз олам чашм мепўшад. Ў дар мазори Сафедорҳои деҳаи Хосиёни Ховалинг ба хок супурда шудааст.

Аз Хотир мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст. Девони Хотир аз 400 ғазал, рубоиёт, қитъаот, мухаммасот, соқинома, муфрадот ва марсия иборат буда, ба мавзўъҳои гуногуни зиндагии иҷтимоъӣ, фалсафӣ, диниву ирфонӣ бахшида шудааанд. Ғазалиёти шоир аксаран равону пуробуранг мебошанд. Сабки ғазалҳои шоир таровати сурудаҳои Ҳофизро меоварад ва пири шеършиносу нуктасанҷ, дўсти наздиктарини Сайдалӣ Вализода Хол Ислом ҳамин нуктаро мушоҳида доштааст, ки Хотирро «Ҳофизи асри XIX» унвон карда буд.

Китоби Маҷид Салим “Орифе аз Ховалинг”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Зарина Зиёвуддинова,
м
утахасисси  шуъбаи адабиёти
кудакон  ва  наврасон