Эроди нависанда ба эроди мунаққид. Масъуд Муллоҷонов ҳақ буд ё Муҳиддин Хоҷазод?
Ин матлаб 56 сол пеш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст ва аслан назари нависандаи хушбаён Муҳиддин Хоҷазод (он замон Хоҷаев) дар атрофи суханронии мунаққид Масъуд Муллоҷонов дар Пленуми Иттифоқи нависандагон аст, ки дар бораи вазъи наср дар он замон баҳс мекард. Маълум нест, ки Муҳиддин Хоҷазод ин андешаҳоро дар пленум изҳор дошта буданд ва ё дар шакли мақола чун посух ба эродҳои мунаққид дар маҷалла чоп карданд. Ба ҳар сурат як посухи хубу баҳсбарангез аст. Нависанда ба эродҳои мунаққид эрод гирифтаву посух додааст ва ҳамзамон дар бораи насри замон изҳои назар кардааст.
Хондани ин мақоларо баъди беш аз ним аср зарур донистем ва ҳоло онро ин ҷо меорем.
АНДЕШАҲО
Одамӣ шири хом хўрда – дия, гумон кардаам, ки пленуми навбатии нависандагони Тоҷикистон модоме ки ба наср бахшида мешавад, албатта камбудию муваффақияти он пурра таҳлил мегардад ва илоҷи равнақи он дар оянда ёфта мешавад.
Аммо маърўзаи рафиқи ғамхори мо Масъуд Муллоҷонов тарзе навишта шуда буду чунон хонда шуд, ки ман ба ҷои мунаққиди дилсўз ва дақиққор, қассоберо дидам, ки гўшту пўсту калларо ба ҳам омехта бо як нарх мефурўхт.
Хафагии ман на аз он аст, ки «Парвин» ном ҳикояи маро танқид карданд, балки аз он ки онро мунаққиди мўҳтарам нафаҳмидаанд.
Он кас мегўянд, ки қаҳрамони ин ҳикоя чӣ гуна одам аст? Ва худ ҷавоб медиҳанд: одами фориғбол, бепарво, беҳиссиёт, ки аз ҷамъият канда шуда дар гўшаи ҳавлӣ ҷой гирифтааст. Нависанда нисбат ба қаҳрамонаш бетараф аст.
Бояд дониста бошед, ки дар адабиёт лутф ва киноя ном воситаҳои тасвир ҳаст. Банда хостам, ки дар ин ҳикоя аз ҳамон воситаҳо каме истифода барам. Ҳикояи номбурда ба забони русӣ, украинӣ ва белорусӣ низ тарҷима шудааст. Ду забони охиринро чандон хуб надонам ҳам, тарҷимаашро хондам, ки мабодо тобиши ҳамон лутфҳо вайрон нашуда бошад. Не хушбахтона, фаҳмидаанду нигоҳ доштаанд.
Акнун дар хусуси батарафию бетарафии камина нисбат ба қаҳрамонони ҳикояам. Ин даъвои мунаққиди мо ҷон дорад ба он маъно, ки ман дар ҳақиқат пеш аз туй нақора намезанам, яъне ки пеш аз муборизаву афту дарафти қаҳрамонҳои мусбату манфӣ бар мадади яке намеоям. Ба ихтиёрашон мегузорам, ки каме ба якдигар мушт ба гиребон шаванд. Зеро медонам, ки оқибат ғалаба насиби қаҳрамони мусбат мешавад. Ва ин ғалаба ғалабаи ҳалол аст.
Аммо мунаққиди мўҳтарам талаб мекунанд, ки ман аз аввал ба таги пои қаҳрамони манфӣ арзан резаму ба даҳони қаҳрамони мусбат ҳалво андозам. Не ба назарам беадолатӣ мешавад ва набояд, ки эҷодкори ҳақиқӣ бо ин роҳ равад, агар мунаққид ҳам танҳо аз ҳамин нуқтаи назар образҳоро таҳлил намекард, чи хуб мешуд.
Хулласи калом, ман нисбат ба персонажҳои манфию мусбати худ бетараф нестам. Фақат ин ки якеро аз пову дигареро аз даст намекашам. Сонӣ ин ки ҳар як нависандаи ҷавону пирро роҳеву равише. Чаро бояд талаб кард, ки ҳама бо як роҳ равем? Охир ҳар як кўҳнавард ҳам орзу мекунад, ки ба қуллаи Помир ба пои худ барояд!
Саволи дигаре, ки мунаққид ба миён гузоштанд, чунин буд: «Мақсад аз ин ҳикоя чист?»
Ҳар чизе ки аз нўги қалам баромад, ман аз рўи одат мавзўву мазмуни онро ба назар гирифта, ба ҳамқаламонам, ёру дўстонам медиҳам, ки хонда фикру мулоҳизаҳояшонро гўянд. Ҳикояи «Парвин»- ро, ки ба муносибати кампиру фарзандаш бахшида шудааст, ба модрам хонда додам. «Ҳа, албатта, олам дигар шуду мо кампирҳо дигар нашавем–мӣ?» – гуфт. Ман бошам, ҳа, модоме, ки як кампири нохонда ва маълумоти олӣ надошта, чунин гўяд, мақсаде ки аз ин ҳикоя мехостам, ҳосил шудааст – гуфта чоп кардаам.
Акнун чанд сухан дар бораи баҳои мунаққид ба қаҳрамонҳои романи Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва романи Сотим Улуғзода «Восеъ».
Образи Асад Махсум ниҳоят мураккаб ва зиддиятнок аст. Нависанда нисбат ба образи мусбат – коммунист Ҳайдарқул бештар ба образи манфӣ эътибор додаст.
Образи Восеъ дар романи Сотим Улуғзода каме суст баромадааст. Мебоист ў фаъолтар ва муборизтар мешуд.
Чунин буданд эродҳои мунаққиди мўҳтарам.
Вақте ки мунаққид аз повесту ҳикоятҳои нависандагони ҷавон қаҳрамони мусбати фаъол ва мубориз талаб мекунанд, даъвояш ҷон дорад, зеро мавзўи он асарҳо ба дирўзу имрўзи зиндагии мо бахшида шудааст. Персонажҳои мусбат бошанд дар он лак андар лак аст. Аммо нисбат ба романҳои таърихӣ, ки ба баёни давраҳои авали револютсия ва ё ба тасвири воқеаҳои панҷоҳ- шаст сол пеш аз он бахшида шудааст, чунин талаб гузоштан, ба назарам аз рўи ҳақиқати таърих нест. Вазъияти давр қаҳрамон меофарад, на хоҳиши шахсии мо.
Дар ҳақиқат дар солҳои авали инқилоби Бухоро зиддиятҳо бисёр буданд, чунин одамони корчаллон ва маҳмаддоно, монанди Асад Махсум, худро револютсионер хонда ҳамкориҳо мекарданд. Ҳайдарқул барин коммунистони пок дар канор мемонданд.
Романи «Восеъ» ба саҳифаҳои боз ҳам қадимтари таърихи халқи тоҷик – шўриши Восеъ бахшида шудааст. Ва бузургии нависанда дар он аст, ки вазиъияти он давраро чунон холисона ба қалам додааст, ки мо сабаби шикасти пешвои мардуми шўришгарро пурра мефаҳмем ва бештар ба қадри он инқилобе мерасем, ки бо ғалаба анҷомиду то имрўз пойдор аст.
Фарз кардем, ки нависанда аз рўи маслиҳати мунаққид образи Восеъро фаъол, мубориз месохт. Пас мебоист ў ба амирон ғалаба мекард ва мо қариб як аср пеш инқилоб мекардем. Ваҳ, чӣ хуб мешуд! Аммо орзу дигар асту ҳақиқат дигар. Нависанда ҳар чи қадар хаёли бой дошта бошад ҳам, аз ҳақиқати зиндагӣ дур намеравад. Хуб мешуд, ки мунаққиди мо ҳам он талабҳояшонро вобаста ба вазъи замону шароити макон мегуфтанд.
Ниҳоят мехоҳам дар хусуси насри адибони ҷавонамон чанд мулоҳизаи худро гўям.
Ҳоло дар аксарияти асарҳои мо, ҷавонон, баёни воқеа аз номи қаҳрамон меравад, ки дар худ шахсияту нуқтаи назари муаллифро таҷассум кардааст. Хубии ин тарзи баён маълум аст, ки асарро маҳрамтар, ба дили хонанда наздиктар мекунад. Сониян, ба муаллиф имконият медиҳад, ки доираи баёни давраи тасвиршавандаро маҳдудтар, фақат дар он нуқтаҳояш, ки худ мушоҳида кардааст, гирад.
Аммо дар ин тарзи баён хатаре ҳам ҳаст, ки агар ҳушёрӣ накунем, моро ба шикасти эҷодӣ мебарад. Зеро чунон фирефтаи ҳиссиёти шахсӣ мешавем, ки ҳама гуна объективизмро фаромўш мекунем. Хаёл мекунем, ҳар чи мо дар бачагии худ, ки ба давраи ҷанг рост омад дидему шунидему ҳис кардем, сар то по ҳақиқати зиндагӣ буд ва бе ҳеҷ хаёлу андеша чун воқеаи типикии он давра имрўз ба қалам медиҳем.
Дар ин кор агар ҷаҳд кунем, мувофиқи қонунҳои маъмули назарияи адабиёт ва маслиҳати баъзе мунаққидон дар асар ба тариқи сунъӣ ба паҳлуи «қаҳрамони манфӣ» қаҳрамони мусбати туфайлиро оварда мечаспонем, ки қаҳрамони манфии моро тарбия диҳад. Ва он аз рўи анъана тарбия ҳам медиҳад.
Ба ин касалӣ рафиқи пурғайрати ман Юсуфҷон Акобиров гирифтор шудааст ва аз як повест то дигар повест осори он бештар зуҳур кардааст. Бадии кор дар он аст, ки ў пайравон ҳам дорад.
Бо Маъруф Бобоҷонов хонанда шинос аст. «Хишти аввал»- и ўро мо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп карда будем. Ҳарчанд ки хишти хом буд, шаклу шамоиле дошт, маълум буд, ки лои ин хишт пухта аст. Ва умед доштем, ки меҳри хонанда ба оташи дили ин ҷавони умедбахш ҳамроҳ мешаваду хишти хоми ўро мепазад. Вале, ҳайҳот, саросемагии ў он оташро хомўш карда истодааст. Ҳарҷанд ки муаллим Ҷалол Икромӣ оид ба повести «Маҳтобшаб» – и Маъруф Бобоҷонов суханҳои нек гуфтанд, маълум, ки «Хишти аввал» – и ўро нахондаанд, вагарна як олам монандии тарзи баён, персонажҳо ва ҳатто конфликту ҳалли онро мушоҳида мекарданд.
Давраи бачагии ман ҳам монанди бачагии Юсуфҷон Акобиров дар деҳа, дар кори колхоз гаштааст. Раису бригадир аз саҳар ҳамаро ба кор мебаровард, хоби ширини мо, бачаҳо ҳам, чунон ки дар урфият мегўянд, «ҳаром» мешуд. Ба назарамон аз ҳама «одами ганда» раису бригадир метофт. Зеро мо он вақт намедонистем, ки онҳо моро на дар полизу худ балки дар майдони колхоз кор мефармуданд, то як кило ғалла ё пахта тезтар чида шаваду ба дарди Ватан даво гардад.
Агар се-чор сол пештар ман ҳам солҳои бачагии худро ба рўи қоғаз меовардам, ҳай чӣ хатои азиме мекардам. Қаҳрамони он – раису бригадир-манфӣ мебаромад ва ҳол он ки онҳо мусбаттарини мусбатҳо будаанд.
Бинобар ҳамин то як даме ки мо монанди Чингиз Айтматов моҳияти ҳодисаҳоро дарк карда наметавонем, то даме ки мушоҳидаҳои шахсии давраи бачагиро бо имрўз пайваста, ба он хусусияти ҷамъиятӣ дода наметавонем, аз натурализм хушк ва шикасти эҷодӣ ҷои гурез нест.
Мунаққиди ғамхори мо дар фуроварди сухан гуфтанд, ки маърўзаро махсус чунин сохтам, ки баҳсу мунозира шавад. Ин усул ба ман ҳам манзур шуду ба он пайравӣ кардам.
МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№7
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ