Лутфалии Суратгар. Гули сурх
Ин мақола соли 1969 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст ва аслан таассуроти муаллиф аз сафараш ба Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус Тоҷикистон ва ширкаташ дар Симпозиуми шеъри форсист, ки ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Муаллиф атрофи суханронии Зоя Османова, ки мегуфт: Оё гули сурх дар адабиёти форсӣ пажмурда шудааст, изҳори назари ҷолиб мекунад. Бо ташаккур аз ҳамкорамон Фараҳнози Тоҳирхон, ки заҳмат кашида, ин матлабро рӯнавис кардааст, онро ин ҷо мекорем, то ҳамагон баҳра гиранд.
**** **** *****
Рўзи нахустини ташкили симпозиум, ки ифтихори раёсати он ба банда дода шуда буд ва дар оғози он дар бораи саҳми мероси адабӣ дар таҳаввул ва таҷдиди шеъри форсӣ суханронӣ кардам, бонуи донишманди рус Зоя Османова, корманди илмии Инистути адабиёти ҷаҳон, ки маркази он Маскав аст, суханронии ҷолибе эрод кард бо унвони «Оё гули сурх дар адабиёти форсӣ пажмурда шудааст?».
Нуктаи муҳимми ин суханронӣ он буд, ки гули сурх, ки мо онро «сурӣ» меномем, дар оғоз дар Эрон парвариш ёфта ва аз он ҷо ба кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ бурда шудааст ва дар тамодии қурун барои шоирон, гўяндагон мазҳар ва намудори латофат ва фараҳангезӣ ва сурхии наҷиб ва мулоимие, ки дар рухсори дилрабоён дида мешавад, будааст. Агар имрўз ин падидаи табиӣ бо он кайфият, ки гўяндагони давраҳои пешин бо он дамсоз будаанд, барои сухангустарони асри кунунӣ ҷилвагарӣ надорад, бояд аз он ба навъе, ки бо табоъеи мардум ва авзои замона созгор бошад, истифода кард.
Ман аз назари раёсати ҷаласа ҳангоми маъруфии ин суханрон дар оғози гуфтор ва дар поёни он ҷумлаҳое гуфам, ки мавриди писанди ҳуззор қарор гирифт ва хулосаи он ин, ки ҳар гоҳ бихоҳам барои лутфи манзар ва зебоии сурӣ ва дилагезии маънавӣ ва роиҳаи матбўъӣ, ки аз суханронии ҷолиб ва фараҳбахши суханрон бармесохт, падидаеро дар назар оварданд, чизе ҷуз гули сурх ба назар намеояд, ки баргҳои латиф ва шаффофи он монанди он аст, ки ҳоҷиби моваро нест ва аз шиддати латофат даруни ҷон ва олами маънавии гўяндаро ошкор месозад. Ва ин худ ҳикоят мекунад, ки гули сурх пажмурдагӣ наёфтааст. Ҳақ ҳам ин аст, ки гули сурх ё сурӣ, ки имрўз дар асари таҷасусот ва озмоишҳои илмии боғбонии гиёҳшиносӣ беш аз сад навъи мухталифи он ба шумур расида ва боғчаҳои гетӣ ва гулдонҳоро зинат медиҳад, ҳанўз дар назар мардуми ҷамолписанди дунё ба номи гули сурх маъруф ва масалан гулҳои ҷинс ки аз сафед то қирмизи тираи мутамоил ба саёҳӣ дида мешавад, ба ҳамон номи аслӣ мехонанд ва латофат ва тароватро бад- он монанд мекунанд. Пеши мо эрониён ва дар миёни гўяндагони нуқоти дигари гетӣ низ аз замони Рўдакӣ то асри имрўз ин гули зебо дар хидмат истодааст. Чунон ки ба қавли Дармстетери фарансавӣ беҳтарин маҳомаде, ки дар бораи он суруда шуда ва гули сурх низ онро пазируфтааст, қитъаи Қисоии Марвазӣ аст, ки гуфтааст.
Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,
Мардум каримтар шавад андар наими гул.
Эй гулфурўш, гул чӣ фурўшӣ ба ҷои сим,
В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул?
Пас аз Кисоӣ Фирдавсии бузург ва Манучеҳрии Домғонӣ, ки қатроти борон ё жоларо ба рўи гулҳои гуногун муҷассам мекард, чеҳраи нозанинонро дар ҳангоми хайзадагӣ ба ин гулбаргҳо монанд мекард ва Саъдӣ ва Ҳофиз ва дигар гўяндагон низ аз гул ва гулоб барои баёни ин ҳолат кўмак металабанд ва дар даврони сафавия ва асри бозгашт ба сабки куҳан низ сурӣ хидматгузори содиқ буд ва шоири ширингуфтор дар асре ки бо мо фосилаи замонии бисёр надорад, дар тавсифи духтаре, ки шохае аз гули сурӣ дар даст дошт, мегуфт:
Зи ғорати чаманат бар баҳор нисбатҳост,
Ки гул ба дасти ту аз шох тозатар монад.
Ва Қоонии Шерозӣ дар ҳангом, ки дилбанди хешро ба тамошои гулзор мебурд, чунин гуфт:
Пурсӣ ҳаме аз ман, ки гули сурх кадом аст,
Ҷоно ту гули сурх тасаввур натавонӣ,
К- он ҷо ки туӣ ранги гули сурх шавад зард,
Ин аст, ки ҳаргиз ту гули сурх надонӣ.
Аз ин рўй метавон ба ин натиҷа расид, ки гули сурх ҳаргиз пажмурдагӣ наёфта ва бо ҳамон равнақ ва ҷило ва ҷилваи дерин дар гулшани рўзгор ба дилрабоӣ мепардозад ва агар тафовуте дар кор бошад ё пажмурдагӣ эҳсос шавад, онро бояд дар табъи гўяндагон ва завқи сухангустарон ва даврони кунунии адабиёт ҷустуҷў кард, ки ҳамон тавр ки машкуҳоро ба шакли нав бо ин гул ороиш медиҳанд ва дастаҳои гулро ба тарзи тоза дар гулдон мечинанд, гулзори адабро ороиши ҷадид намедиҳанд ва гулҳои тоза ва бонакҳат дар боғи шеър наменишонанд.
Дар симпозиуми шеър ва дар ҷаласае, ки дар донишгоҳи шаҳри Душанбе барои хондани шеър тартиб ёфта буд ва гўяндагони мухталиф ашъори зебои худро ба самъи муштоқони адаб мерасонанд, мушоҳида карданд, ки дар айни он, ки гўяндагони ҷавон бо шеъри нав эҳсосоти хешро қолаб медиҳанд ва чашмаи зояндаи адаб ҳар он дар Тоҷикистон монанди Эрон нумуи тоза дорад, боз гўяндагони дигар аз қолабҳо ва зебоиҳои бадеии куҳан барои баёни мақосиди нав истимдод мекунанд ва дар каломашон аз кайфияти бодаи солхўрдааст.
Ва аммо аз назари таваҷҷўҳ ба тарзи баёни мардуми Тоҷикистон, ки калимоти асили форсиро дар муҳовироти худ ба кор мебаранд, ва тафовуте, ки дар доманаи итлоқи калимот ва таъбироти форсӣ ба вуҷуд омада, бояд гуфт, ки забоне пок ва тиҳӣ аз олоиши калимоти намаънус, ки дар он калимоти дурушти ноошно гўши ҷонро харош намедиҳад, мавриди истеъмол дорад. Забони ширини форсӣ барои мардуме, ки дар паи вусъат бахшидани иттилооти худ ҳастанд ва ҳама барои пешрафти моддӣ ва маънавӣ талош мекунанд, ба василаи нашри китоб бисёр ба хидмати мардум даромадааст.
Билҷумла дар симпозиум шеъри форсӣ аз ҷиҳоти мухталиф мавриди баҳс қарор гирифт ва мабоҳисе пеш омад барои касоне ки бо адабиёт ва махсусан шеъру шоирӣ сару кор доранд.
Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1969, №2
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи
матбуоти даврӣ.