Лариса Демидчик – пажӯҳишгари мумтози адабиёти тоҷик

Демидчик Лариса Николаевна 12 августи соли 1927 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Мунаққид ва адабиётшиноси рус, доктори илмҳои филологӣ (1973). Соли 1953 баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба Институти забон ва адабиёти АФ ҶШС Тоҷикистон ба кор фиристода шуд ва то охири солҳои 80 асри 20 дар ҳамин институт кор кардааст.

Чанд муддат дар УДТ (ҳоло ДМТ) омўзгорӣ карда, баъдан сокини Санкт-Петербург шуд.

Демидчик кори таҳқиқотии худро бо таълифи мақолаву тақризҳо дар нашрияҳо оғоз намуд, ки «Суруди Ҳофиз», «Қонуни бародарӣ» (1954) аз намунаҳои он мебошанд. Минбаъд дар самти хеле кам таҳқиқшудаи адабиётшиносии тоҷик – таърихи зуҳур ва ташаккули драманависии тоҷикӣ пардохта, пажўҳишҳои назаррас анҷом дод, ки барои таълифи асарҳои аввалину пурарзише чун «Драматургияи тоҷик дар давраи ҳозира» (1957, ҳамроҳи Н. Нурҷонов), мақолаи «Асарҳои С. Айнӣ дар саҳнаи тоҷик» (1960), таҳқиқоти мукаммали «Тавлид ва такомули драматургияи тоҷик» (солҳои 1929-41) дар китоби «Драматургия ва театри тоҷик» ва ниҳоят рисолаи «Драматургияи тоҷик дар солҳои 40-50» замина гардиданд.

Дар асарҳои Демидчик таърихи 30-солаи драманависии тоҷик мавриди пажўҳиши ҷиддии илмӣ қарор гирифта, якчанд асари драмавии номаълум ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, мувофиқи мазмуну муҳтаво ва жанру сабк таҳлилу дастабандӣ шудаанд. Демидчик дар пажўҳиши насри тоҷикӣ ва намояндагони алоҳидаи он, ҳамчунин робитаҳои адабии тоҷикиву русӣ корҳои бунёдиеро анҷом додааст.

Монографияи ў «Насри солҳои 30», ки ба сифати ҷилди дуввуми «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» дар шаш ҷилд (1977) ба нашр расидааст, масъалаҳои муҳиммеро фаро гирифтааст. Тамоюлҳои асосии ҳаракати адабии солҳои 30, таҷрибаи ҳаётии С. Айнӣ ва тасвири вуқўъгароёна дар асарҳояш, бузургии таърихии осори ў, тасвири бадеии зиндагии нав дар очерку ҳикояи ин давра, мазмуни тоза касб кардани зиндагии маишӣ ва инъикоси он дар адабиёт ва ниҳоят хусусиятҳои романи тоҷикӣ дар заминаи робитаҳои адабии умумишўравӣ, хосса таҷрибаи адабии М. Горкий ва М. А. Шолохов ғанӣ гардидани суннатҳои адабӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтаанд.

Демидчик дар таълифи таърихи адабиёти тоҷики замони шўравӣ иштироки фаъолона доштааст. Таълиф ва тарҷумаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (М., 1961) ва асари бисёрҷилдии «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» (1970-75) аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳамчунин бисёр мақолаҳои Демидчик дар нашрияҳои марказӣ ва ҷумҳуриҳои дигар дар бораи гузаштаву имрўзи адабиёти тоҷик ва намояндагони он ба табъ расидаанд. Масалан: «Драматургияи тоҷик» (1975), мақолаҳо оид ба ҳаёту эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Саид Нафисӣ дар нашрияҳои алоҳида ва муаррифии А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар ва Саййидо дар «Энсиклопедияи театрӣ» ва «Энсиклопедияи мухтасари адабӣ» ба қалами ў тааллуқ доранд.

Маҷмўаи мақолот ва рисолаҳои «Оид ба принсипи таърихият дар насри Айнӣ» (1971), «Айнӣ ва Горкий» (1972), «Ҳаёти халқ ва таъсири адабиёт» (1975), «Солномаи драмавии Инқилоб» (1977), «Насри як сол» (1977), «Насри Ҷалол Икромӣ» (1979, ҳамроҳи М. Шукуров), «Аз ҳақиқати ҳаёт ба ҳақиқати адабиёт» (1985), «Сотим Улуғзода» (дар китоби «Эъҷози ҳунар», 1991) аз таҳлили масъалаҳои мубрами адабиёт ва шахсиятҳои собиқадори соҳа баҳс менамоянд.

 Демидчик асарҳои илмию адабии «Алпомиш» (1959), бахшҳои ҷудогонаи «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш (1957, 1960, 1976, 1984), рисолаи Р. Амонов «Адабиёти бачагонаи тоҷикӣ», ҳикояву қиссаҳои Р. Ҷалил, А. Баҳорӣ, Р. Амонов, В. Асрориро ба русӣ баргардон кардааст.

 Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1967.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.5. – С. 484.

Муаллифон С. Давронов, А. Набавӣ

 

Аз Лариса Демидчик дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

 

Таджикская драматургия 40-50-х годов. – Душанбе: Академия наук, 1965. – 204 с.

Таърихи адабиёти советии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1978. – Ҷ. 2. – 310 с.

Шукуров, М., Демидчик, Л. Насри Ҷалол Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 139 с.

От правды жизни – к художественной правде: Критические статьи о таджикской литературе. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 224 с.

Худойдодов, Б., Мусулмонқулов, Р., Демидчик, Л. Эъҷози ҳунар: Маҳорати Ҷалол Икромӣ. – Душанбе: Адиб, 1992. – 512 с.

Демидчик, Л., Шукуров, М. Меҳри зиндагӣ ва инсон: Дар бораи фаъолияти эҷодии С. Улуғзода // Садои Шарқ. – 1981. – №8. – С.129-142.

Таърих ва вусъати диди мо: Доир ба таърихи асарҳои драматургии тоҷик // Садои Шарқ. – 1981. – №10. – С.122-133.

Замон ва қонуни жанр: Драманависони тоҷик // Садои Шарқ. – 1982. – №8. – С.105-113.

Таҳаввули тарҷумаи реалистӣ дар адабиёти тоҷик / Тарҷумаи А. Абдуманнонов // Садои Шарқ. – 1985. – №10. – С.118-125.

Адабиёт дар борааш

Лариса Демидчик // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 81.

Сайфуллоев, А. Дўст медорам туро…: Бахшида ба адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони шинохтаи тоҷик  Демидчик Лариса Николаевна // Адабиет ва санъат. – 1987. – 13 август.

Набиев, А. Муаллима Лариса Николаевна: Оид ба адабиётшиноси машҳур Л. Н. Демидчик // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 1 сентябр.

Абдуманнон, А. Хидматгузори илму адаби тоҷик: Роҷеъ ба фаъолияти яке аз чеҳраҳои шинохтаву фарҳехтаи адабиётшиносӣ Лариса Николаевна Демидчик // Адабиет ва санъат. – 2017. – 31 август.

 

Таҳияи Истампулод Ормонов

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.