Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Шурои  илмӣ-методии “Китобхонаи миллӣ”

26-уми декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид. Маҷлисро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Садбарггул Дӯстова оид ба масъалаи “Роҳандозии инноватсияи китобдорӣ дар фаъолияти шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ” шунида шуд.

Баъдан, нақшаи кории Китобхонаи миллӣ барои соли 2026 ва ҳамчунин тасдиқи нақшаҳои кории шуъба, бахш ва марказҳои Китобхона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ чанд масъала, аз ҷумла: тақризи Суфизода Шодимуҳаммад – директори китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ ба дастури “Русский писатели Республики Таджикистан: библиографический указатель. Часть 2” ; тақризи Манонзода Абубакр – сардори медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастури “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ: феҳристи адабиёт”; тақризи Валиева Наргис – сардори шуъбаи библиографияи миллӣ ба дастури “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон: мундариҷаи нашрияи “Китобхонаи миллӣ” солҳои 1964-2024” баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, дар асоси пешниҳод ва тавсияҳои аъзои Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ оид ба масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ганҷина Ҷолаева
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.