Табрикоти директори Китобхонаи миллӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Ҳамдиёрони азиз,
Дўстдорони китоб,
Истифодабарандагони ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!
Инак мову Шумо дар осонаи фарорасии соли нави мелодии 2026 царор дорем. Дар ин фурсати идона ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба муносибати расидани соли нави мелодӣ шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназири маънавиро таманно дорам!
Соли 2025 барои сокинони фаррухболи Тоҷикистон соли саршор аз муваффақият ва дастоварду хотироти нек буд. Зеро дар ин сол Тоҷикистони азиз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардид. Хосатан, номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Шомил шудани ин суннати қадимӣ ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО на танҳо ҷойгоҳи фарҳанги миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардорад, балки ба ҳифзу интиқоли ин мероси гаронбаҳо ба наслҳои оянда низ мусоидат хоҳад кард.
Соли 2025 барои миллати тоҷик, махсусан, китобдорону фарҳангиён соли пур аз муваффақиятҳо ба шумор меравад, зеро дар ин сол иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ самараи дилхоҳ ба бор овард. Дар ин замина озмунҳои ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бобати оммавигардонии анъанаи китобхонӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги мутолиа нақши бориз дорад. Боиси ифтихор аст, дар давоми 7 сол тибқи ҳисобҳо беш аз 3 миллион наврасу ҷавон ва шаҳрванди касбу кори гуногун дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намудаанд, ки қадами бузургу оянданигарона дар роҳи тарбияи маънавии аҳолӣ ва ҳифзи осори ниёгони тоҷик мебошад.
Тавре ҳамагон мебинем, дар ҳар гӯшаи дунё хабар аз ҷанг меояд. Бо шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо сулҳу субот ва ҳамгирот ҳукмрон буда, гузаронидани чунин барномаҳову озмунҳои зеҳнию илмӣ фазои кишвари моро бо дастовардҳои илмию фарҳангӣ музайян намудааст.
Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази муҳташами илмӣ-фарҳангӣ дар пайи иҷрои ҳадафҳои маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин боргоҳи маърифат дар баробари иҷрои рисолати нигоҳдории мероси пурғановати ниёгон, хизматрасонии гуногуншакл ба муштариён, инчунин дар баргузории конфронсу семинарҳо ва ҷорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Агар мо бунёди ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро хоҳон бошем, бештар ба мутолиаи китобҳо машғул шавем, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».
Китобхонаи миллӣ дар самти таҳияи дастурҳои методӣ-библиографӣ ва чопи силсилакитоби “Тоҷнома” (тоҷикон дар масири таърих) низ дар ин сол натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ дошт.
Муваффақиятҳои рӯзафзуни кормандони соҳа ва ташаббусу иҷдомоти арзишманди Пешвоми муаззами миллат дар ин самт, ангеза ва ҳавасмандиро бобати кӯшишҳои бештар ва босамартар зиёд мегардонад.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан табрику муборакбод намуда, ба шумо тандурустии комил, зиндагии пурнишот ва дар самти омӯзишу ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ руҳияи қавӣ орзу менамоям.
Соли нави 2026 фархунда бод, ҳамватанони азиз!
Бо эҳтиром,
Файзализода Ҷумахон Хол,
директори Муассисаи давлатии
“Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи
иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.