Ёде аз устоди меҳрубону дилсўз

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг, бонуи донишманд ва нуқтасанҷ академик Хуршеда Отахонова имсол (2-уми сентябр) ба синни мубораки 94-солагӣ мерасанд. Агар дар байни мо мебуданд, боз корҳои зиёди илмӣ ба анҷом мерасониданд. Зани муътабар, донишманд, матншинос, адабиётшинос, шоир ва муҳимтар аз ҳама инсони халиму хоксор ва меҳрубону дилсўз буданд.

Тамоми фаъолияти илмии муаллима дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ҷараён гирифтааст. Барои омўхтани бойгонӣ ба Санк-Петербургу Масква рафта, дар он ҷо равиши нигоҳ доштани бойгониро омўхта, сипас ба ватан баргаштанд.

Соли 1960 аввалин бойгонии Обидҷон Лутфихўҷаеваро ба Институт оварда, ба омўзиши илмии он оғоз кардаанд. Баъд аз он дигар бойгонии нависандагону адибонро ҷамъоварӣ намуданд. Дастурамали илмӣ доир ба омўзиши бойгонии адибонро мураттаб сохта, ба чоп расонд. Муаллима Хуршеда Отахонова дар байни занҳои Институт фарқ мекарданд, чунки рафтору гуфторашон, нишасту бархосташон аз дигарон фарқ мекард. Дар тарбияи шогирдону насли ҷавон кўшиш мекарданд. Зани бо тамкин ва камгап буданд, андеша карда, баъд сухан мегуфтанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози паст сухан мекарданд, ки ба дигарон халал ворид накунанд. Одамонро нороҳат кардан намехостанд.

Доимо дар ҷустуҷўи дастовардҳои тозаи илмӣ буданд, ҳафтаномаҳоро бесаброна интизор мешуданд, ки кай нашр мешуда бошанду зудтар дастрас карда мутолиа кунанд. Кўшиш мекарданд, рўзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Минбари халқ», «Тоҷикистон» ва маҷаллаҳо «Садои шарқ», «Истикбол», «Фирўза», «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайраро дастрас намуда хонданд.

Бештари вақти худро дар навиштани мақолаву тақриз ва китобиёт сарф карда, китобҳои тозанашрро хонда, маводи лозимиро барои навиштани мақолаҳо пайдо карда, ҷойҳои муҳимро ба дафтарчаашон қайд мекарданд. Ман бо диққат ба ҳар як амалу рафтори он кас нигоҳ мекардам ва нуқтасанҷона кор карданашон диққатамро ҷалб мекард. Гоҳе рўз кори муаллима тўл мекашид. Дар китобхонаҳо барои ҷамъоварии адабиёт соатҳо менишастанд, он чизеро ки худашон навиштаанд, борҳо хонда таҳриру тасҳеҳ мекарданд. Барои ислоҳ кардан медонанду мегуфтанд, ки хуб нигоҳ кун, ки хато чоп накунӣ. Табассум мекарданду мегуфтанд бачем боз аз ман наранҷӣ ин гуфтаҳои ман барои ту дарс аст.

Ин зани заҳматкаш саҳми шоистае дар илми адабиётшиносӣ гузоштааст. Бори гарони илмро чун мардон устуворона кашида, дар тўли ҳаёташон китобҳои зеринро рўи чоп овардаанд: «Дил мехоҳад, ки гўяму гирям» (2011), «Чеҳраҳои шинохта» (2004), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (2010), «Абулқосим Лоҳутӣ. Куллиёт,ҷилди 1-2.» (2010), «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў.(Ҳикояҳо ва «Одамони ҷовид»).»(2014), «Абулқосим Лоҳутӣ. Куллиёт. Иборат аз 7 ҷилд, ҷилди 1 (Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор, муқоиса ва тавзеҳот). (2003), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (2003), «Абулқосим Лоҳутӣ. Номаҳо» (2004), «Пайрав Сулаймонӣ. Куллиёт (мураттиб, муаллифи сарсухан, муқоисаи матнҳо, тавзеҳот)» (2006), «Дастурамал доир ба танзими илмии бойгонии адибон» (2013), «Ҳусни инсон» (2016), ва як силсила мақолаҳо манзури хонандагон намудааст.

Имрўз ба шарофати заҳматҳо ва ибтикороти муаллима Хуршеда Отахонова дар бойгоние, ки эшон бунёди онро гузоштаанд, бештар аз 38 – фонд аз осори адибон гирд оварда шудааст. Академик Хуршеда Отахонова ин бойгониро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд. Ва дар ин асос куллиёти осор ва маҷмўаҳои адибони номварамонро ба монанди Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоҳутӣ, Ҷавҳаризода, Аминзода, Раҳим Ҳошим, Раҳимӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигаронро барои чоп омода намудаанд.

Академик Хуршеда Отахонова яке аз аввлин донишмандоне буданд, ки ба матншиносии илмии адабиёти муосири тоҷик ибтидо гузоштаанд. Дар ин хусус мақолаҳои зиёди илмӣ навиштаанд, ки имрўз чун дастури асосӣ барои шогирдони ин соҳа хидмат менамояд. Ҳам ба шахсияти намунавӣ ва ҳам ба воситаи гузоришу суханрониҳояшон аз тариқи матбуоту воситаҳои радиову телевизион бештар дар масъалаи ахлоқи некў ва муоширати байни одамон суханронӣ карда, мардумро бештар даъват мекарданд, ки одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро риоят намоянд.

Муаллиа Хуршеда Отахонова дар китоби «Ҳусни инсон»-ашон, ки дар бораи одобу ахлоқи суннатии тоҷикӣ баҳс менамояд, борҳо таъқид бар он намудаанд, ки инсон бояд боадабу хушсухан бошад. Имрўз дар ҷомеаи демократии мо одобу ахлоқ бояд дар ҷои аввал истад мегуфтанд Хуршеда Отахонова.

Тамоми ҳастии ин бонуи заҳматкаши донишманд бо меҳру муҳаббати самимӣ ва ихлоси бепоён барои мардумаш пайванд буд. Ва пайваста кўшиш мекарданд, ки дар бораи ватану ватандорӣ сухан кунанд. Шеър ҳам менавиштанд. Бештари шеърҳояшон дар васфи ватан, зодгоҳ, модар, фарзанд, хоҳар, гузаронии дунё навишта шудааст. Барои мисол як порча аз ин шеърашонро меорем:

Боз як рўзам ба бекорӣ гузашт,

Бо азобу ранҷу беморӣ гузашт.

Мақсад аз ин умри тўлонӣ чӣ буд?

Бесамар, бо сад гирифторӣ гузашт.

Дар бораи фарзандашон Парвин хешу пайвандонашон низ шеърҳои хубу самимӣ гуфтаанд. Солҳои охири ҳаёташон дар бораи зодгоҳи ба ҷон баробарашон Истаравшан шеъре суруданд ва дар қоғазе покнавис карда оварданду ба шавқу ҳаяҷон барои мо ҳамкоронашон хонданд. Шеър ин аст:

Истарвшан, Истаравшан,

Зодгоҳи дилпазирам,

Истаравшан, Истаравшан,

Зодгоҳи камназирам….

Зодгоҳи азизашон, Тоҷикистони маҳбубро низ чун ҷонашон азизу гиромӣ ва шукуфоии сарзаминашонро манбаи илҳоми саршори эҷод медонистанд. Ҳам дар мақолаву гузоришҳои илмӣ, ҳам дар рафтору одобу гуфтор ва ҳам дар ашъорашон муаллима Отахонова шахси ватандўсту самимӣ ва меҳрубону инсондўст намоён мешуданд.

Чояшон ҷаннат бошад!

Холиса Раҳимова,

ходими илми шуъбаи Ганҷинаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ

Аз китоби “Зан, адабиёт ва илм”. Душанбе, 2023.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.