Профессор Д.Хоҷаев: Афкори забоншиносии устод Айнӣ дар таҳқиқи Сайид Ҳалимиён

Д.ХоҷаевУстод Айнӣ дар баробари поягузории насри бадеии адабиёти аҳди шўравии тоҷик дар устувор гардидани меъёрҳои забони адабӣ, тасҳеҳ ва таъин намудани қоидаҳои дастури забони тоҷикӣ дар давраи нав, яъне нимаи аввали асри ХХ хизмати арзанда кардааст. Ў оид ба масъалаҳои имло, алифбо, сабку услуби нигориши асарҳои осори бадеии классикон, луғату истилоҳот як силсила мақолаҳо таълиф намудааст.

Ин таълифоти устод Айнӣ дар ташаккул ва рушди афкори забоншиносии тоҷик дар замони нав нақши муҳим доранд. Устод дар таълифоти забоншиносии худ гоҳо ба дараҷае нозук ва боварибахш дар ҳалли мавзўъ қазоват менамояд, ки ҷойи баҳс намемонад ва шунаванда ё хонанда комилан қонеъ мегарданд. Аз ин нуқтаи назар, бо итминони комил метавон гуфт, ки устод Айнӣ дар илми забоншиносии давраи нави тоҷик яке аз асосгузорон маҳсуб меёбад. Вай яке аз аввалин муаллифони китоби дарсӣ – «Таҳзиб-ус-сибён» буда, ба таълифи ин китоб низоми нави таълиму омўзишро аз диди маорифпарварӣ пеш мегузорад. Устод Айнӣ мураттиб ва муҳаррири нахустин Луғати русӣ-тоҷикӣ (солҳои 1933-1934), Луғати тоҷикӣ-русӣ (1940) ва муалифи нахустин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (соли 1938) мебошад.

Хушбахтона, ин соҳаи фаъолияти устод Айнӣ диққати яке аз забоншиносои нуқтасанҷ Сайид Ҳалимиёнро ҳанўз ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ ҷалб менамояд ва оид ба фаъолияти забоншиносии устод Айнӣ соли 1964 рисолаи басёр боарзиши илмӣ таълиф намуда, онро бо муваффақият дифоъ мекунад.

Албатта то таҳқиқи ин забоншиноси борикназар оид ба саҳми устод Айнӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик ва илми забоншиносии тоҷик баъзе қайду ишораҳо ва мақолаҳо ба табь расида буданд, чунончи: Ниязмуҳаммадов Б. Мастер слова Айни и таджикский литературный язык// Сообщение Тадж. Филиала А.Н. СССР. Вып. ХХ, 1949, с. 18-22, Роли устод Айнӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик// Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик.-Душанбе, 1960, с. 5-19, Табаров С. Роли Айнӣ дар тараққии забони адабӣ ва насри советии тоҷик. – Шарқи сурх, 1946, №11, с. 7-11; Маъсумӣ Н. Рол ва мавқеи С. Айнӣ дар мубориза барои забони адабии тоҷик баъд аз револютсия. Шарқи сурх, 1954, №8, с. 87-105; Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. – Сталинобод, 1959; Муҳаммадиев М.С. Айнӣ ва забони адабии тоҷик. – Мактаби советӣ, 1963, №4, с. 58-64; Керимова А. Роль Садриддина Айни в развитии в современного таджикского литературного языка (на примере анализа глагольной системы). Автореф. дис. канд. филол. Наук.-М., 1954.

Тавре ки аз номгўйи мақолаю асарҳои оварда шуда пайдост, ин дастаи таълифот, асосан, ба саҳми устод Айнӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик иртибот дорад ва ин саҳми устод аз мавқеи эҷоди осори бадеии ў баррасӣ шудааст. Ғарази муҳаққиқи зиндаёд устод Сайид Ҳалимиён ҳамчун муҳаққиқи забоншинос муаррифӣ кардани устод Айнӣ буд. Аз ин ҷост, ки ў мегуяд: «Садриддин Айнии нависанда ва олим пас аз Инқилоб монда нашуда, барои рушди забони тоҷикӣ мубориза бурд. Ин муборизаи хастанопазири ў на фақат тавассути асарҳои бадеияш, балки дар мақолаю баромадҳо, мактубу қайдҳои вай равшан инъикос ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, таҳқиқи афкори забоншиносии устод Айнӣ аз ҷониби устод Сайид Ҳалимиён барин муҳаққиқ аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ дошт. Маълум аст, ки дар давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик ва шаклгирии афкори забоншиносии давраи нави тоҷик андешаҳои забоншиносии устод Айнӣ хеле муҳим ва ҳалкунанда маҳсуб мешуданд».

Муҳақиқи афкори забоншиносии устод Айнӣ Сайид Ҳалимиён хуб муҳокима меронад, ки пас аз Инқилоб С. Айнӣ ба кори омўзгорӣ ва рўзноманигорӣ як муддате машғул мешавад ва таҷрибаи омўзгорию рўзноманигорӣ, мулоқоту суҳбатҳо ба доираи васеи мардум назари ўро ба забони адабӣ ва масъалаҳои мубрами он устувор сохт ва афкори забоншиносии устод хеле густурда гардид.

Аз назари Сайид Ҳалимиён, шурўъ аз соли 1924 дар саҳифаҳои рўзномаи «Овози тоҷик» мақолаҳои устод Айнӣ нашр мешавад, ки дар онҳо муаллиф масъалаҳои умумии инкишофи забони тоҷикиро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, устод Айнӣ бар зидди онҳое буд, ки мехостанд ба асоси ким-кадом гўйиши алоҳидае забони адабии нави тоҷикро бисозанд. Ва маҳз бо кушишу муборизаи пайвастаи устод Айнӣ пеши роҳи ин ақидаи ғалат гирифта шуд, зеро забони адабии меъёри тоҷикӣ ҳанўз дар асри IХ-Х ташаккул ёфта буд.

Дар таҳқиқи илмии С. Ҳалимиён заҳматҳои устод Айнӣ то солҳои 30-юми асри ХХ дар бобати мустақилона инкишоф ёфтани забони адабии тоҷик ва роҳҳои рушди минбаъдаи он нишон дода шудааст. Дар ин давра, асосан, бисёр нозуку саҳеҳ меъёрҳои шинохти фонетикӣ, орфографӣ, луғавӣ, грамматикии забони адабии миллии тоҷикӣ муайян карда мешавад.

Минбаъд муборизаи устод Айнӣ ба сўйи риояи меъёрҳои забони адабӣ нигаронида мешавад. Омўзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи андешаҳои забоншиносии устод Айнӣ, аз яктараф, вазъи афкори забоншиносии тоҷикро дар солҳои 20-30-юми асри ХХ нишон диҳад, аз сўйи дигар, масъалаи ба таври густурда таҳқиқи вижагиҳои забону услуби ин адибу донишманди тавоноро пеш мегузорад.

Дар рисолаи номзадии С. Ҳалимиён тамоми паҳлуҳои фаъолияти забоншиносии устод Айнӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Рисола аз чаҳор боб ва ҳар бобе аз зерфаслҳо ва хулосаю руйхати адабиёт таркиб ёфтааст.

Муҳақиқ боби якуми рисоларо «С. Айнӣ дар бораи роҳҳои инкишофи забони тоҷикӣ» ном ниҳода, онро ба зербобҳо ё фаслҳои «С. Айнӣ дар бораи муносибати байни забони тоҷикӣ ва форсӣ»; «С. Айнӣ дар бораи роҳҳои инкишофи забони адабии тоҷикӣ»; «Муборизаи С. Айнӣ барои тозагии забони тоҷикӣ» ҷудо кардааст. Бояд ба таъкид бигўем, ки ин масъалаҳое, ки устод Айнӣ ба миён гузоштаасту назари худро оид ба онҳо баён кардааст ва муҳақиқи забоншинос С. Ҳалимиён аҳамияту арзиши забоншиносии онҳоро баррасӣ намудааст, имрўз низ арзишашон аз пештара камтар нест.

Дар зербоб ё фасли аввали боби якуми рисолаи муҳақиқ назари устод Айниро дар бораи муносибати забони тоҷикӣ ё форсӣ матраҳ намудааст. С. Ҳалимиён назари устод Айниро дар ин бобат ба ин тариқ хулоса кардааст. «То Инқилоби Октябр шоирону нависандагони тоҷику форс муддати дароз бо як забони адабии умумӣ, ки бо номҳои дарӣ, форсӣ ё порсии дарӣ ёд мешуд, осори худро навиштаанд».

Дар натиҷаи ҳодисаи таърихӣ дар ибтидои асри XVI ва асрҳои минбаъда ҳаёти мардуми тоҷику порс бо тарзи гуногун сурат гирифт ва дар забони адабӣ низ дар ин ду халқ вижагиҳои хосе пайдо шудаанд, ки дар натиҷа меъёрҳои пештара дар бахшхои луғат, грамматика ва услубиёт на ҳамавақт риоя мешуданд, махсусан, ин ҷараён дар асри XIХ ва ибтидои асри ХХ пурқувват мегардад…

«Устод Айнӣ умумият ва ягонагии таърихии забони тоҷикию порсиро таъкид карда, мегўяд С. Ҳалимиён, қайд менамояд, ки забони ҳозираи тоҷикӣ бештар вижагиҳои забони адабиёти классикиро нигоҳ доштааст, зиёда аз ин забони форсӣ, забони матбуоти солҳои 20-уми асри ХХ Ирон ба дараҷае бо вожаҳои арабӣ махлут шудааст, ки на танҳо тоҷикон, ҳатто худи форсҳо ба фаҳми онҳо кам дастрасӣ доранд».

Дар зербоби дуюми боби якум муҳақиқ назару андешаи устод Айниро дар бораи роҳҳои инкишофи забони адабии тоҷик таҳлилу таҳқиқ карда, аз мақолаҳои ба ин мавзуъ бахшидаи ў намунаҳои зиёде овардааст. Бинобар таҳқиқи С. Ҳалимиён, устод Айнӣ яке аз аввалин забоншиносонест, ки масъалаи дастраси умум будан ва омафаҳмии забони адабӣ, аз забон баровардани истилоҳоту таркиботи нофаҳмои арабӣ, қолабҳои ғайритоҷикии ҷумласозиро ба миён гузоштааст…

Ин матлаб аз мақолаи профессори ДМТ Давлатбек Хоҷаев “Афкори забоншиносии устод Айнӣ дар таҳқиқи Сайид Ҳалимиён”, ки дар китоби “Забон рукни тоат” (маҷаллаи илмӣ, №13) чоп шудааст, иқтибос шуд.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро, ки соли 2022 чоп шуда, фарогири мақолаҳои зиёди илмӣ дар бораи забон мебошад, дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ