Муаррифии нусхаи хаттии “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ дар (асрҳои XVI- XVII м.)
Китобхонаи миллӣ аз ибтидои таъсис ба масоили гирдоварӣ, таҳқиқ ва тарғиби нусхаҳои хаттӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Моҳи майи соли 1933 Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссарияти маорифи халқии Тоҷикистон ба Китобхонаи Фирдавсӣ аввалин маҷмўи дастхатҳои нодирро интиқол медиҳад. Баъд аз як сол дар сохтори Китобхона Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки имрўз махзани асосии нусхаҳои муътабари хаттӣ маҳсуб меёбад, ба фаъолият шурўъ мекунад. Ҳадафи асосии Шуъба, қабл аз ҳама, ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буд.
Дар радифи ин иқдоми нек, кормандони шуъба дар созмондиҳӣ ва таҳияи аввалин феҳристу картотекаҳои нусхаҳои хаттӣ кӯшиш намуданд. Соли 1953 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ як қисми фонди дастхатҳои Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсиро (3290 нусха, аз ҷумла 1804 нусха дастхат) ба Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқол додаданд ва ин фонд барои таъсиси Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ замина гузошт. Аз соли 1954 Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар самти ҷамъоварӣ ва дастрас намудани нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ фаъолияташро идома дод. Масалан, бо ташаббуси яке аз ходимони фидоии соҳаи китобдорӣ, ки беш аз ним аср вазифаи мудири Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ-ро ба уҳда дошт, устод Абдуллоҷон Юнусов дар радифи дигар намунаҳои беҳтарини осори ниёгон, дастхатҳои нодир, аз қабили «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри XV), «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри XVI), «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (асри XVI- XVII м.), аз аҳолӣ ҷамъоварӣ ва ба фонди тиллоии Китобхонаи миллӣ ворид гардониданд.
Яке аз нодиртарин нусхаи хаттӣ, ки дар «Осорхонаи китоб»-и Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст ин «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ (1184-1292) мебошад.
Ҳангоме ки тамошобин ё сайёҳ ба толори «Осорхонаи китоб» ворид мешавад, ин нусхаи хаттӣ аз тарафи дасти рост, дар қатори сеюм ва дар табақаи якум бо номи “Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар як нусхаи ду китоб, яке “Бӯстон” ва дигаре “Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ пешкаш шудааст, ки соли китобати ҳар кадоми онҳо аз ҳам фарқ доранд. Масалан, китоби “Бӯстон” сол, ҷойи китобат ва исми котиб номаълум аст, вале аз рўи навъи хату коғазаш ба асрҳои XVI- XVII м. нисбат додан мумкин аст.
Китоби “Гулистон”-и Саъдӣ бошад, он соли 1248 ҳ. қ. / 1832 м. китобат шудааст. “Бӯстон” аз 137 варақ (275 саҳифа) ва дар байни “Бӯстон” ва “Гулистон” саҳифаҳои аз 275 – 283 вуҷуд надоранд. Китоби “Гулистон ” бошад, аз саҳифаи 284 оғоз мешавад, ки он 109 варақ (217 саҳифа)-ро фарогир мебошад. Ҳаҷми умумии варақҳо ва саҳифаҳо бошад, аз 246 варақу 492 саҳифа иборат мебошанд. Китоби мазкур дар дафтари инвентарӣ таҳти рақами 166 ба қайд гирифта шудааст.
Асари мазкур, аз ҷиҳати мазмун яке аз беҳтарин ёдгориҳои шоир маҳсуб мешавад, ки то ҳол муҳтавову маънои баланди хешро дар байни омма гум накардааст. Ба қавли баъзе муҳаққиқони соҳа аз ҷумла, Ғуломҳусайни Юсуфӣ “Бӯстон”-и Саъди Шерозӣ дар “Баҳри мутақорриб” ҳамвазни “Шоҳнома”-и Абдуқосим Фардавсӣ офарида шудааст. Саъдии Шерозӣ “Шоҳномаи”-и Абдулқосим Фирдавсӣ ва “Хамса”-и Низоми Ганҷавиро борҳо хондааст, ҳатто дар пайрвии онҳо “Бӯстон”-и худро эҷод кардааст.
“Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ аз 10 бобу 4000 байт иборат мебошад, ки аз ҷониби худи шоир чунин боб андар бобҳо оварда шудааст: Боби аввал: “Дар адл ва тадбир ва рай” (19 ҳикоят). Боби дуюм: “Дар эҳсон” (29 ҳикоят). Боби савум: “Дар ишқ ва мастӣ ва шӯр” (19 ҳикоят)”. Боби чорум: “Дар таваззӯъ” (27 ҳикоят). Боби панҷум: “Дар ризо” (12 ҳикоят). Боби шашум: “Дар қаноат” (15 ҳикоят). Боби ҳафтум: “Дар олами тарбият” (22 ҳикоят). Боби ҳаштум: “Дар шукр бар офият” (9 ҳикоят). Боби нуҳум: “Дар тавба ва роҳи савоб” (19 ҳикоят). Боби даҳум: “Дар муноҷот ва хатми китоб” (3 ҳикоят) иборат мебошанд.
“Бӯстон”- и Саъдии Шерозӣ аз оғози то анҷомаш дар бораи масъалаҳои муҳимми ҷамъияти инсонӣ: Тарғиби адлу адолат, некўкорӣ, ишқу мастӣ,тавозўъ ва хоксорӣ, ризою қаноат, тарбият, шукр ва тавбаю савоб ва муноҷотро дарбар мегирад. Нусхаи мазкур аз ҷониби котиб ба таври комил китобат шудааст.
Саҳҳофиро Мулло Муҳаммад Саид иҷро кардааст. Худи дебочаи нусхаи “Бӯстон” дар васфи “Тавҳид”, “Ситоиши Пайғамбар (с)”, “Сабаби назми китоб”, “Ҳамди подшоҳи ислом Атобак Абубакр ибни Сипеди Зангӣ” ва “Дар мадҳи подшоҳи ислом Атобак Муҳаммад ибни Саъд ибни Абубакр” бо сарлавҳаҳои сурх ишора шудааст. Матнаш назмӣ ва бо ранги сиёҳи қадима, сарлавҳаҳояш бо ранги сурх ишора шудааст. Он дар ду сутун бо навъи хати настаъалиқи зебо, муқовааш (даффа) дорои нақшу нигор, занҷираҳои сермўҳрадор, бо ранги сабзи баланд ва шерозаи муқова аз ранги хокистаранг омода шудааст. Дар варақи 1а,б лавҳаи зебое дорад, ки гирдогирди матни ҳамаи варақҳои нусха бо ҷадвал ва рангҳои гуногун кашида шудааст. Дар варақҳои аввалу охир ва варақҳои 8, 18, 28-29, 40, 41, 47, 63, 65- 67, 70, 71, 73, 75, 76, 78, 125 баъзе байтҳо навишта шудааст. Андозаи китоб 29 х 16 аз см. иборат буда, андозаи матн бидуни ҳошия 11 х 17,8 см. мебошад. Матн дар ҳар варақ 15 сатрӣ китобат шудааст.
НОҚИСӢ: Ба бештарин варақҳояш об расида, инчунин, баъзе варақҳои тармимшуда дорад. Байти якуми “Бӯстон” Саъдӣ бо чунин масраъҳои шеърӣ оғоз мешавад:
Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забонофарин.
Ин мисраъҳои овардашуда, дар солҳои баъдӣ бо хати дигар навишта шудааст. Коғази гирду атрофи мантнаш аз рангҳои шарқӣ таъмир гардидааст.
Нусхаи хаттие, ки наздик ба замони Саъдии Шерозӣ аз ҷониби Ғуломҳусайни Юсуфӣ соли 760ҳ.қ./1359м. китобат шудааст. Тибқи маълумотҳои бадастомода, қадимтарин нусхаи хатти “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ аст, ки он дар Китобхонаи “Будимир”-и шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия нигоҳдорӣ карда мешавад. Ҳамчунин дигар нусхаҳои муътабар ва кӯҳани нусхаҳои хаттии “Бӯстон”-и Саъди Шерозӣ дар китобхонаҳои дунё дастраст мебошанд. Аз ҷумла, дар даҳ нусхаи дигар низ дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд, Туркия, Покистон, Қавқоз, Аврупо, Осиёи Марказӣ ба мисли китобхонаҳои бузурги Тошканд ва “Маркази мероси хаттӣ” -и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами 503). маҳфуз мебошанд, ки ин нусхаҳо дар унвон, теъдод, байт ва калимаҳояшон ихтилофоти гуногун доранд.
Китобхонаи миллӣ дар тӯли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои шинохти воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва зиндасозиву абадигардонии хотираи пурғановати таърихӣ нақши муҳим бозиданд.
Саидакбар Абдулазиззода,
муовини сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир