Сарсухани Муҳаммадҷон Шакурӣ ба китоби худ “Нигоҳе ба таърихи адабиёти тоҷикии садаи бист”
Ин китоб соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва як сислсила мақолаҳои адабиётшиноси маъруфро дар бар мегирад. Худи муаллифи китоб сабаби гирдоварии ин мақолаҳои парешон дар як китобро ин гуна арзёбӣ кардааст:
САРСУХАНИ НИГОРАНДА
Дар ин китоб бештарини мақолаҳое, ки банда дар охирин даҳаи садаи бист дар бораи адабиёти форсии тоҷикӣ ба қалам гирифта будам, гирд омадааст. Аз ин миён танҳо як мақола, ки бо номи «Зиндагиномаи Аҷзӣ» омадааст, маҳсули овони ҷавонии нигоранда- соли 1951 буда, як боби рисолаи чопнашудаи камина дар бораи ин шоир аст ва ин боб ҳам дубора таҳрир шуда, соли 1992 дар «Садои Шарқ» чоп шуд.
Мақсад аз як ҷо гирд овардани ин мақолаҳо он аст, ки чунонки аз номи китоб бармеояд, нигоҳе, ҳатто метавон гуфт, нимнигоҳе ба сад соли адабиёти тоҷикони Фарорўд андохта бошем. Чун сада ба поён расид, кўшишҳое барои ҷамъбасти он бояд пеш гирифт. Ба вежа чун дар охири ин қарн, соли 1991 Тоҷикистон ба истиқлол ноил шуд ва дар таърихи тоҷикон як давраи нави бузург оғоз ёфт, ба ҷамъбандӣ ва оянданигорӣ бештар зарурат пайдо кард. Камина натавонистам барои ояндабинӣ ҷуръат бикунам, вале барои он ки пас аз пошхўрди импиротурии шуравӣ ва даст додани истиқлоли давлатӣ ба баъзе лаҳзаҳои адабиёти тоҷикии сада бо биниши нави имрўзӣ як бор чашм давонда бошам, андак ҷуръат пайдо кардам.
Бештар аз панҷоҳ сол аст, ки камина дар бораи адабиёти шуравии тоҷикӣ чизе мегўям ва коғаз сиёҳ мекунам. Имрўз бисёре аз андешаҳои пештари худро ботил мешуморам, бо қатъият аз онҳо даст мекашам. Баъзеи ин андешаҳо аз пиндорҳои расмии замини шуравӣ ва бархе аз норасоии фаҳмиши худам сар зада буданд. Албатта набояд гумон кард, ки ҳар чӣ то нимаи солҳои ҳаштод (яъне то зуҳури М.Горбачов ва тағйири меъёрҳои арзёбӣ) навишта будем, нодуруст буд. Не он гоҳ низ донишмандони мо мулоҳизоти ҷиддии зиёд баён кардаанд. Ва баъзе навназариҳои баъдӣ реша дар воқеияти пеш дорад. Бо вуҷуди ин имрўз ақидаҳои давраи пеш аз истиқлолро аз нав санҷидан лозим аст. Ин зарурат аз охири солҳои ҳаштод чандин бор таъкид шуда буд. Яке аз мақолаҳое ки чунин таъкид дорад, маколаи «Аз паи фаҳмиши нав» дар аввали китоб ҷо дода шуд.
Ният доштам, ки барои ин китоб мақолае дар бораи таҳаввули жанрҳои насри нави реалистии тоҷикӣ бинавасам. Бисёр мехостам мақолае муфассал дар бораи Сотим Улуғзода таълиф бикунам. Инчунин дар бораи Ҳакими Карим ва Пӯлод Толис як мақолаи мухтасар навиштан мехостам. Агарчи дар бораи эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев ва Саттор Турсун нисбат ба он чи навишта будам, фикрам чандон дигар нашудааст, мехостам боз андаке изҳори ақида бикунам. Адабиёти муосири тоҷикони Фарорўдро бидуни баррасии осори Сорбон, Кўҳзод, Баҳманёр, Абдулҳамиди Самадӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Кароматуллоҳ Мирзоев, Сайфи Раҳимзод ва чанде дигарон наметавон равшан кард. Лекин беморӣ имкон надод, ки барои фарозтару фарохтар фаро гирифтани адабиёт, лоақал осори баъзе аз номбурдагон кўшиш ба кор бибарам. Қарор додам, ки дар ин китоб бо он чи ба даст дорам, қаноат бикунам.
Медонам, ки ҳар чи дар ин китоб ҳаст, аз нуқс холӣ нест. Дар мақолае фақат саргузашти як нависанда, масалан Аҷзӣ, дар мақолаи дигар танҳо ду-се соли охири умри нависандае, чунончи Беҳбудӣ, гоҳ фақат як-ду ҷиҳати масъалаи калоне, дар мақолаи «Се шохаи як дарахти баруманд» агарчи сухан «аз ҳар куҷо як шингил» омадааст, гумон дорам, «мушт намунаи хирвор аст» ва бо чунин мақолаҳо ҳам роҷеъ ба вазъи умумии адабиёт тасаввуре метавон пайдо кард.
Мақолаи «Падари миллат» («Садриддин Айнӣ- равшангари бузурги тоҷик») бо хоҳиши якумин сафири Чумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби окои Алиашрофи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, макола оид ба Ҷалоли Икромӣ бо супориши шодравон Меҳроби Акбариён барои маҷалаи «Симурғ», мақолаи «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии қарни бист» бо илтимоси Шоҳрухи Миршоҳӣ-раиси Анҷумани Рўдакӣ (Порис) ва бархе мақолаҳои дигар низ бо хоҳиши дўстони хориҷии миллати тоҷик навишта шуда буд. Дар ин мақолаҳо шояд назардошти фаҳмиши иштиёқмандони хориҷӣ эҳсос шавад. Ин дўстони азизамро, ки бандаро сазовори чунин супорише донистанд ва сабабгори навишта шудани чанд мақола гардиданд, аз ҷон сипос арз менамоям.
Мехоҳам таъкид бикунам, ки имрўз агар дар бораи адабиёти форсии тоҷикӣ чизе бинависем, хонандагони Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳоро низ ба назар гирифтан лозим меояд. Хонандагони ин кишварҳо, ба вежа мутахассисони онҳо нисбат адабиёти тоҷикони Фарорўд ҳар чӣ бештар шавқ пайдо мекунанд ва азбаски огоҳии кофӣ надоранд, дар осори адабиётшиносӣ барои онҳо шарҳу эзоҳи вежа лозим аст, то ки фаҳмидани қазия осон шавад. Имрўз ҷавонони Тоҷикистон низ дар мавриди адабиёти чиҳил – паҷоҳ соли пеш ба тавзеҳоти бештаре эҳтиёҷ доранд. Дар ҳар қадам эҳсос мекунем, ки фикри ҷавонони имрўз аз фаҳмиши рўйдодҳои панҷоҳ-шаст соли пеш кам-кам дур меравад. Ин ҷавонон аз мардуми он солҳо ҳар чи бештар фарқ пайдо мекунад. Ҳоло тафаккури тозае шакл мегирад ва анқариб бисёре аз мақолаҳои зеҳнии садаи бист чизе номафҳум хоҳад шуд. Алҳақ қарни бист акнун таърих аст, таърихи гузаштаест. Бо шикасти ғояи комунизм, бо фаро расидани истиқлоли миллӣ ва тағйири куллии бунёди зиндагии иҷтимоӣ давраи тозаи таърих оғоз гардид, қарни бист ба қатори давраҳои гузаштаи таърих даромад. Албатта зиндагии мо, тафаккуру тасаввури мо, аз ҷумла адабиёту санъат дер гоҳ бо садаи бист вобастагӣ хоҳад дошт, робитаи ногусастании қарни бисту як бо қарни бист ва асрҳои дигар ҳеч гоҳ қатъ нахоҳад шуд ва имрўзу фардо идомаи дирўзу парирўз хоҳад буд, вале ба ҳар ҳоле садаи бист дар таърихи халқҳои шуравии собиқ давраест, ки ба охир расидааст. Ҳудуди садаи бист ва бисту як ҳудуди ду давраи бузурги таърихист. Фақат сада дигар нашуд, замон дигар шуд, таърих аз бех дигар шудан дорад. Ва иншооллоҳ ба коми тоҷикон хоҳад шуд.
Аз ин рў банда кўшидаам имконе ба даст оварам, ки ба адабиёти садаи бист гоҳ-гоҳе як андоза ба сифати адабиёти давраи гузашта нигарам, баъзе равандҳоро чун раванде, ки поён ёфтааст, аз назар гузаронам, аз онҳо барои давраи тозаи таърих сабақе берун кашам, таърихро ба хидмати давраи нав бигузорам. Ин кор ба шахсоне чун банда кам муяссар мешавад, мо дар баъзе равандҳои он замон ширкат доштем ва гоҳ барои пешбурди онҳо мусоидат карданӣ будем. Гумон мекардем, ки маънои рўйдодҳои атрофро ба хубӣ донистаем, лекин аз эҳтимол дур нест, ки маънои таҳтонии он рўйдодҳоро пай набурда будем ва ҳанўз пай набурдаем. Шояд пайбурди амиқ ба насли нав даст хоҳад дод. Мо аз дирўзи худ чандон дур нарафтаем ва побанди пиндорҳои он ҳастем. Касоне, ки имрўз ҳам мисли дирўз фикр мекунанд ва замон хеле дигар шуда бошад ҳам, тарзи тафаккури онҳо заррае дигар нашудааст, ҳанўз зиёданд. Онҳо зеҳни моро ба акиб мекашанд, андешаро аз пешрафт боз медоранд. Афсус, ки чунин касонро дар байни ҷавонон низ мебинем. Насли наврас, ки худро аз қайду банди фикри кўҳна раҳоӣ бахшид, навназар шуд, хиради ҷовидон ва арзишҳои башариро дастури амал қарор дод, метавонад ба маънои ихтилофи пурпечи қарни бист, аз ҷумла аҳди шуравӣ, сар фурў бибаранд.
Ин кор дар охири умри имперотурии шуравӣ шурўъ шуда буд ва алъон идома дорад. Банда низ хостам «як пои малах» оварам ва кўшидам, ки ба ҳар масъала, ки дахл кардам, бо назари нав, на бо биниши дирўзӣ, балки бод иди имрўзӣ нигариста бошам. Аммо дар баъзе мавридҳо фикри ман дигар нашуд ва ҳамон аст, ки дар навиштаҳои пештараи ман буд.
Умед аст, ки ҳақиқати ҳол бо ҷусторҳои илмии пажӯҳишгарон, ба вежа наврасони навбин, равшан хоҳад шуд.
Ба сабаби беморӣ, омода кардани чопи ин маҷмуа ба душворӣ муяссар шуд. Қисме аз мушкилотро ҳамсарам Дилафрўзи Икромӣ осон кард. Аз ў ва аз ҳамаи касоне ки ёрмандиро дареғ надоштанд, ба вежа аз дўстони қадршиносам Шамсиддини Солеҳӣ ва Нурмуҳаммади Одиназода сипосгузор ҳастам.
13-ноябри соли 2000.
Китоби Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Ойҷонгуд Давҷронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.