Нозир Ёдгорӣ: Ба хобам даро, модар! (Марсия)
Модар, ту гузаштӣ ва охирин риштае, ки имрўзи маро ба дирўз – ба зиндагии бепарвову беғам, ба ба ҳиссиёти дар дунё танҳову бесоҳиб набудан мепайваст, пораву канда шуд. Дигар дар ин дунё касе маро чун ту дўст нахоҳад дошт, чашм ба роҳи омаданам нахоҳад дўхт ва вуҷудамро бо нигоҳҳои гарм навозиш нахоҳад кард.
Модар! Ҳама вақт барои ман азизу наздику муқаддас будӣ, вале ҳаргиз гумон надоштам, ки танҳо як худи вуҷуд доштанат, ҳарчанд дар бистари беморӣ азоб мекашӣ, барои ман то ин дараҷа муҳиму ногузир аст. Аз рўзи маргат ҳар қадаре вақт бисёртар мегузарад, бештар эҳсос мекунам, ки ту барои ман мурғи саодат будай, сутуни давлат будай, як сарчашмае аз парешониҳо, ташвишҳо, ноҳинҷориҳо раҳобахш будай. Мутаккои ман будай…
Модар! Ту аз бари ман, аз сари ман рафтӣ!
Барои нигоҳ доштанат, аққалан ба таъхир андохтани сафарат Худоро зораву нола мекардам, духтуру табибу мулло меовардам; шабҳоро паҳлўи болини ту рўз мекардаму рўзро шаб. Вале кам кардам. Яқин кам кардам: акнун худро нафрин мехонам, ки чаро ту бемор будиву ман ба кор мерафтам, ту аз дард нола мекардиву маро гоҳе ғанаб мебурд. Ана бин, боз имрўз даст ба сина мезанм, ки: «Шабҳоро паҳлўи бистари ту рўз мекардаму рўзҳоро шаб!» Ин ҳама пеши шабзиндадориҳои ту, ташвишу азобҳое, ки ман додамат, қатрае аз баҳр ҳам нест… Ман аз ту қарздор мондам ва ин қарзро то қиёмат канда наметавонам.
Вақте бемор будиву ман паҳлўи бистарат нишаста-гоҳе базўр табассум мекардӣ, то ман бисёр ғам нахўрам; гоҳе худро ба хоб мезадӣ, то ман лаҳзае бихусбам. Худ аз олам гузаштан доштӣ, вале маро эҳтиёт мекардӣ. Ман бошам, ин ҳамаро фаҳмида, таҳсис карда ба кор мешитобидам, то танбеҳам надиҳанд. Бин, тафовутро: ту мушкилоти ҷонканиатро ниҳон дошта, маро эҳтиёт мекардӣ, вале ман аз танбеҳ тарсида, соатҳои тўлонӣ болини туро тарк менамудам.
«Тезтар биё, бачам!…»- мегуфтӣ.
«- Хуб шудааст» – ҷавоб медодам ман, вале гоҳо ба ваъдаам вафо намекардам.
Ман он вақт намедонистам, аниқтараш фаҳмида наметавонистам, ки ин ҳама охирин лаҳзаҳои дидору гуфтори мост, ин охирин суханони пурҳарорат ва меҳрноканд, ки гўшҳои ман мешунаванд. Ҳатто ақлам нагирифт, ки овози туро, акси туро дар фитта сабт намоям. Ҳатто ақлам нагирифт, ки мадидтар дар паҳлўи бистари ту нишинам, то шояд гўшҳоям аз суханони ту сертар ва чашмонам аз дидани ту пуртар гарданду имрўз шояд тасаллое ёбад.
Модарӣ – бузургист! Вале ту барои ман бузургтар будӣ, чунки бепадар ки ба воя расондиям, аз дигарон бештар азобу ташвиш доштӣ. Имрўз худ аз худ мепурсам: оё ба қадри ту расида тавониста бошам?! Ба фикрам, не! Ҳарчанд дигарон ҳам талқин мекунанд ва худи ман ҳам медонам, ки кулли зиндагон мирандаанд, вале дар як гўшаи дил армоне ниҳон аст ва афсӯсе пинҳон, ки андаке бештар, боз як қадри дигар кўшиш мекардам, шояд ту боз чанд соли дигар зинда мемондӣ ва тахмину хаёле вучудамро мехўрад, ки барои табобатат оё ҳама корро кардам?!
Модар! Як моҳ пеш аз маргат, табибе ки ту ба он сахт эътиқот баста будӣ, ба ман фаҳмонд: «Писарам, ош пухтааст, дигар даводават фоида надорад!» Ман ба ў бовар накардам, ман ўро бад дидам ва то абад бад хоҳам дид. Даводав кардам, вале ў рост мегуфтааст.
Рўзи маргат ҳам духтур овардам. Медонистам, ки дигар фоида надорад, вале ду рўз, ки ғайри об чизе ба даҳон набурда будӣ, хостам доруе резанд то сер аз ин дунё биравӣ. Духтур дид ва розӣ нашуд, гуфт: «Бефоида аст». Дигар илоҷе набуд… Як соат қабл аз вафот бо зораву лоба як пиёла ордбирён хўрондамат. Намефоридат, вале то ман ғам нахўрам, розӣ шудӣ; фурў бурда наметавонистӣ, вале то ман ғусса накашам, базўр фурў мебурдӣ ва нисфаш мерехт…. Баъд, намедонам, ки сер мурдӣ ё гурусна?
Чӣ хел зебо будӣ, вақте пайкари беҷонатро рў ба қибла, пуштнокӣ тахт карданд. Гирён даст ба пешонии сардат расондам. Ин лаҳза аз тамоми ташвишҳои зиндагӣ фориғ, сарду хомӯш будӣ ва рўҳи бузургат дар дорулбақо сайр дошт. Ва фаҳмидам, ки ту, ҳарчанд инро намехостӣ, аввалину охирин номеҳрубониро кардай ба ман: тоқаву танҳоям гузоштӣ дар ин олами пурташвишу пурҳаводис, дигар бераҳнамо, бетакягоҳ, ятиму хору бечора шудаам…
Эй мардум! Фаҳмида бошед: бо ҳама чизе, ки дорем, бо оилаву фарзанд, бо дўстону ақрабо, бо мансабу манзаллат бе модар тоқаву танҳо ва бечораву хор мешавем. Ҳузури модар, дидори модар – беҳтарин неъмату нусрат аст. Ба қадри он хатман бояд расид. Баъд ҳама мисли ман орзу мекунед ва илтиҷо менамоед, ки:
«- Илтимос, ба хобам даро, Модар! Ба хобам даро, то аққалан дар хоб бо ту дидор бинаму сўҳбат бикунам…»
МАНБАЪ: Нозир Ёдгорӣ: “Бори вазнин, роҳи дароз…”. Душанбе, “Адиб”, 2010.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа аст.
Таҳияи Саломат ЯЪҚУБОВА,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.