Мавзуна Давлатзода. Мирхонд ва аҳаммияти «Равзат-ус-сафо»-и Ў

Ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар боиси он гардид, ки дубора ба умқи таърих назар карда, осори мутафаккирони аз доираи омўзиш дурмондаро мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор диҳем. Ҳар шахси худогоҳу равшанзамир дар назди халқу миллат вазифадор аст, ки осори гаронарзишу гаронмояи ба мерос мондаро аз худ кунад ва то ҷое имкон дорад бо расмулхати имрўза мунташир кунад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷаридаи олам, бисёр олимону донишмандон, муаррихону кашшофоне ҳастанд, ки мебояд фаъолият ва эҷоди корашонро бо далели исбот бар шоистагии том, ки дар гузашта нақш ва мақоми илмии худро доштанд, мавриди пажўҳиш қарор дода шавад. Яке аз ин ашхоси Мирхонд аст.

Мирхонд, номи пуррааш Муҳаммад ибни Саййид Бурҳониддин Ховандшоҳ ибни Камолиддини Маҳмуд соли 1433 дар Балх, дар оилаи Сайид Ховандшоҳи Бухороӣ ба дунё омадааст.

Сайид Бурҳониддини Ховандшоҳ дар хурдӣ аз падар ятим монда, ба амри тақдир дар айёми тифлӣ ба Балх меравад ва сипас барои дониш андўхтан ба Ҳирот сафар мекунад. Шўҳрати ў миёни аҳли илми Ҳирот ба ҳадде боло рафт,ки Шайх Баҳоуддини Умар – яке аз пешвоёни тариқати нақшабандия ба ҳангоми марг васият кард, ки Ховандшоҳ бар ў намоз  гузорад. Саййид Бурҳониддин ба ҳангоми пирӣ ба зодгоҳи худ – Балх баргашта, он ҷо аз дунё мегузарад.

Аз «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддин маълум гашт, ки Саййид Бурҳониддин яке аз авлоди Саййиди Аҷалл буданд. Писарон ва наберагони Саййиди Аҷалл дар замони ҳукумронии муғул вазифаҳоии олии давлатиро дар мансабҳои гуногуни идорӣ ба уҳда доштанд.

Аз насли ў се нахли умр боқӣ мемонад. Мирхонд дар миёни бародаронаш, бо зеҳни хуб, дониши мустаҳакам ва дар ҳифзи санаду масоили таърихӣ истеъдоди аҷибе дошт. Аз даврони хурдӣ ва тифлии Мирхонд маълумоти пурра дар даст надорем, ба ҷуз қиссае, ки худи муаллиф овардааст. Нақл ба ин мазмун аст, ки дар яке аз ҷангҳои Улуғбек бо Алоуддавлаи Ҳирот падари Мирхонд иштирок дошт ва қабл аз ҷанг рафтан бо худ васоили зиёд мегирад. Мирхонд, ки хурд буд, ба падараш мегўяд, моҳ кам мондааст, лозим нест сарупои зиёд бо худ доштан. Падар кўдакро бо носазо гуфтан сарзаниш мекунад ва мегўяд шоҳро ба моҳ чи ҳоҷат, чун ғалаба наздик аст. Иттифоқан, дар ҷанг онҳо шикаст мехўранд, тамоми молу маноли эшон ба дасти душман мемонад. Ҳарчанд мегўянд, ин ашё моли фалон аст ва онҳо гуфтанд: «Мо ба таббарукӣ мебарем, онҳоро бо худ мегирем».

Мирхонд, ки дониши қавӣ, истеъдоди баланд ва дар дарки воқеаҳои таърих истеъдод дошт, бо кўмак ва хости дўстон (ки нахостанд, дониши ў барбод равад) ўро ба дарбор расониданд. Мирхонд дар дарбори Ҳусайн Бойқаро (замони ҳукмрониаш 1471-1506) бо Мир Алишери Навоӣ (1441-1501) шиносоӣ пайдо карда, аз лутфу марҳамати эшон баҳраманд гардидааст.

Устод Садриддин Айнӣ, ки яке аз пажўҳандагони мероси Алишери Навоӣ буд, ишора мекунад, ки «…Мир Алишер Навоӣ ба баъзе ҷавонони форсизабон дасти кўмак дароз мекард». Камолиддин Биноӣ ва Мирхонд низ аз ин лутф ва марҳамат дур намондаад. Вақте, ки Навоӣ дар соли 1468-1469 ба мансаби аморати девон расид, Мирхондро ҳам ба ҳимоя гирифт. Ба ин масъала Е.А Бартелс дар асари «Адабиёти форсӣ дар Осиёи Миёна» таваҷҷўҳ намуда қайд кардааст, ки «…дар таҳқиқи адабиёти ин марҳалаи Осиёи Миёна донишмандони тоҷику ўзбек бо ҳусни ҳамкорӣ камари ҳиммат баста буданд».

Чунон чи Аббоси Зарёб менависад: «Амир Алишер ўро бар ин кор тарғиб кард ва дар иҷрои тарҳаш ҳама гуна ёриро кард: китобҳову васоили таълиф дар ихтиёри ў гузошт ва хонаеро, ки аз они худаш дар хонақоҳи «Ихлосия» бар канори наҳри Анҷил ё Анҷир аз музофоти муҳозии мадрасаи «Ихлосия» буд, маҳалли кори ў қарор дод».

Мирхонд яке аз муаррихони маъруф ва машҳури асри 15 мебошад, ки мероси ғанӣ боқӣ гузоштааст, ҳеҷ муаррихи Эрону араб дақиқан чунин осори таърихӣ, ки тавонад, дар бораи мафҳуми вожаи таърих ва аҳаммияти таърихнигории исломию эронӣ (тоҷикӣ) аз замони дар бораи падид омадани илми таърих ва интишор ёфтани ислом, фаъолияти пайғамбар (с) ва таърихи хулафои Рошидинро аз назари таърихӣ талқин карда бошад, бо Мирхонд қобили қиёс нест.

Мирхонд аввалин муаррихест, ки шарҳи ҳоли намояндагони аҳли дини мубини исломро аз ибтидои асри 16 ба таҳрир кашидааст.

Аз осори ў дар бораи илми таърих ва ҳодисаҳои муҳимми дар рўи замин ё дар ҳаёти инсоният ба вуқуъомада бо тафсил маълумот гирифтан мумкин аст.

Вай яке аз донишмандонест, ки воқеоти таърихиро муҷаз ва бо далелҳои муътамад ба қалам овардааст.

Мирхонд вақте ки ба навиштани таърихи султон Абусайид мерасад, ба бемории заъфи ҷигар ва дарди қуллия гирифтор мешавад. Маҷоли нишастанро надошт, табибон ўро ба парҳез амр карданд, вале аз навиштан маън накарданд, зеро ў бе навиштан зиста наметавонист.

Мирхонд бо вуҷуди беморӣ, ба паҳлўи рост хобида, таърихномаи худро менавишт. Ин ба бемориаш таъсир мекард. Худи ў мегўяд, ки агар аз навиштан боз мемонд хобҳои ошуфта медид. Дар натиҷа, ў асари безаволи худ “Равзату-с-сафо фӣ сирати-л-анбиёи ва-л-мулуки ва-л-хулафо-ро рўи кор овард. Ў барои навиштани китоб сӣ сол заҳмат кашид ва оқибат 22 июни соли 1498 аз дунё гузашт, ки ҳанўз китоб нотамом буд. Чун Ҳаким Фирдавсии бузург, осоре иншо намуд, ки дар мизонаш ягон осори олам баробар шуда наметавонад.

Равзату-с-сафо аз муқаддима, ҳафт қисм ва хотима бо тартиби зайл иборат мебошад:

Муқаддима: Дар бораи илми таърих, манфиатҳои он ва таърихнигорони исломию эронӣ (тоҷик);

Қисми аввал: дар бораи офариниши олам, пайғамбарон ва таърихи қаблазисломии эрониён (тоҷикон);

Қисми дувум: дар таърихи падид омадан ва интишор ёфтани ислом, рўзгори пайғамбари он (с) ва таърихи хулафои рошидин (чаҳорёр);

Қисми сеюм: дар таърихи имомони дувоздаҳгона, Умавиён ва Аббосиён;

Қисми чаҳорум: дар таърихи давлатҳои маҳаллии тоҷикӣ (эронӣ) аз қабили Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Бувайҳиён, Зиёриён, ҳукумронии Ғуриён (тоҷикон) дар Хуросону Ҳиндустон;

Қисми панҷум: дар бораи таърихи Чингиз, муғулони чингизӣ ва хисороти овардаи онон бар оламиён аз Чин то Аврупо умуман ва хусусан таърихи муфассали бедодгариҳои ваҳшиёнаи онон дар сарзамини тоҷикон аз савоҳили рўди Сайҳун то савоҳили Даҷла.

Қисми шашум: дар таърихи Темур ва баёни «ҷаҳонгушоӣ»-ҳо, ҷангҳо, забту бераҳмиҳои ваҳшиёнаи ў ва тавсеаи ҳукуматаш аз Аврупои шарқӣ то сарҳаддоти Чин, шарҳи ҷангҳои мутааддидаш бо қабоили ўзбек ва аз даштҳои Қазоқистони имрўзӣ ба Осиёи Миёна овардани иддае аз он қабоил ва ҳукумати фарзандони ў дар сарзамини тоҷикон, яъне Темуриён дар «Эрону Тўрон». Ба воситаи ҷангҳои мутааддиди онон хароб шудани кишвари тоҷик, муборизаҳои тоҷикон бо сарварии сарбадорон ва давлати онон, ҷангҳои  Бобурмирзо, ахбори аввалияи таърихӣ роҷеъ ба Улуғбек, ки бори нахуст сабт шудаанд ва ғ.

Қисми ҳафтум: Дар таърихи ҳукумронии Ҳусайн Бойқаро, ҷангҳову бераҳмиҳои онон дар марокизи умдаи тоҷикон, ҷангҳои мутааддид бо қабоили ўзбек, падид омадани аввалин давлати ўзбекони саҳрогард, дар Хуросону Мовароунаҳр ба таври оммавӣ сарзер шудани аквоми ўзбек аз даштҳои Қипчоқ (Қазоқистони шимоли шарқӣ ва навоҳии Астрахан) ба Мовароуннаҳру Хуросон – сарзамини тоҷикони марказию шарқӣ. Инчунин маълумотномаи арзишманде дар хусуси донишмандони маъруфи тоҷик, ки ҳамасри муаллиф будаанд, фароҳам омадааст.

Хотима: Дар баёни ҳикоёти гуногуни аҷиби олам гуфторе чанд омадааст. Мирхонди донишманд дар синни 66-солагӣ бандагиро ба ҷо овард. Ин замоне буд, ки муаллиф ба қисми ҳафтуми асар расида буд. Бо марги ў ин асар нотамом монд. Духтарзодаи ў – Ғиёсуддин ибни Ҳумомуддин маъруф ба Хондамир (1475-76- 1534-40), муаллифи таърихномаи бузурги «Ҳабибу-с сияр фӣ ахбори афроди-л башар» ва кутуби мутааддиди дигар, боқимондаи онро ба итмом расонда, мукаммал сохт.

В.В.Бартолд қайд мекунад, ки «дар миёни онон чи дар Шарқ ва чи дар Аврупо аз ҳама бештар асари Мирхонд шўҳрату интишор ёфта буд. Пораҳое аз онро бо забонҳои лотинию фаронсавӣ дар солҳои 1808 ва 1845 тарҷумаву нашр карда буданд. Умуман дар адабиёти аврупоӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки бештаре аз далоили таърихиро аз Мирхонд истифода кардаанд».

Нусхаҳои қаламии Равзту-с сафо дар ҷаҳон хеле зиёданд. Ду нусхаи қаламии бисёр мукаммалу зебои қарни ХVl аст, ки таҳти шумораҳои 30 ва 31 дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ маҳфузанд. Дар Теҳрон, Ҳирот, Петербург, Тошканд, Банкипур, Загреб, Қоҳира, Боку, Ню-Йорк, Бағдод, Исфаҳон, Қазон, Ереван, Душанбе, Копенгаген, Стокголм, Байтулмуқаддас, Машҳад, Қум, Лайдан, Единбург, Калкатта, Берлин, Мадрас, Лондон, Париж, низ нусхаҳои қаламии он маҳфуз ҳастанд. Ва борҳо дар шаҳрҳои Бомбай (1845), Теҳрон (1853-1857 дар даҳ ҷилд), Лакҳнав (1874) ва соли 1883 бори охирин чопи мукаммали он дар даҳ ҷилд дар Теҳрон (1960) ба табъ расидааст. Ва дар ҷаҳон кам забон аст, ки пораҳое аз он тарҷума нашуда бошанд. Мураттибону ноширони «Равзату-с сафо» дар охири чопи муфассали ин китоб (дар даҳ муҷаллад) андар муқоваи он баъд аз унвони китоб навиштаанд: «Шеваи насру нигориши камназир дар адабиёти форсӣ», ки воқият дорад.

Хулоса, Мирхонд новобаста, аз он ки дар муҳити хонаводагии сиёсӣ тарбият ёфтааст, ҳамчун нигорандаи барҷастатарини насри куруни вустоӣ эътироф шудааст, ки «Равзату-с-сафо»-и ў асари илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин осор таърихи беш аз ним миллионаи оламу одам, воқеоти пайдоиши ҳодисоти табиат, инсу ҷинс то ба пайдоиши давлату давлатдорӣ сухан меравад. Даҳҳо шоирони хамсанавису киссагўй аз маълумоти Мирхонд истифода бурда, онро чун сарчашмаи адабӣ эътироф кардаанд.

Мавзуна Давлатзода, унвонҷӯи шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ.

МАНБАЪ: “Зан, адабиёт ва илм”. Душанбе, 2023.

Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.

Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.