“Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он”
Китоби Ибодулло Абдуллоев “Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он” чун китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2021 чоп шудааст. Китоб чун маводди таълимӣ барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва касбӣ аз рӯйи ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва филологияи тоҷик пешниҳод шудааст.
Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллозода дар сарсухан бо сарлавҳаи “Бузургтарин кашфиёти инсон” дар бораи хеле муҳимм ва саривақтӣ будани чопи ин китоб изҳори назар карда, навиштааст:
Дастнависи олими пуркори халқамон Ибодулло Абдуллоев «Пайдоиши хат ва инкишофи он» ба дастам расид. Ҷиддӣ ва бо ҳавсала хондам. Дарёфтам, ки маводе муҳим ва зарур дар замони мо. Ва ин зарурат дар чӣ ифода меёбад?
Якум. Дар он ки дар нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва филологияи тоҷик фане ба унвони «Хат, пайдоиш ва рушди он» дарҷ ёфтааст, вале маводи зарурӣ нест. “Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он” метавонад ҳамин ҷойи холиро пурра намояд.
Дуюм. Аз маводи пешниҳодгардида маълум мешавад, ки тоҷикон дар пайдоиш ва рушди хат мардуми тамошобин ва ғайрифаъол нестанд: онҳо низ ҳиссаи сазовори худро гузоштаанд.
Сеюм. Хат ё нутқи хаттӣ дар ҳифзи таърих, тамаддун ва фарҳанги халқ нақши калидӣ мебозад.
Чорум. Дар замони мо воситаҳои гуногуни хатту интишори он, аз ҷумла воситаҳои техникию технологӣ арзи вуҷуд карда бошанд ҳам, хатту хатти дастнавис аҳамияти худро гум накардааст: хоно, тоза ва босуръат навиштан аз вазифаҳои муҳим аст, ки ҷомеа дар назди мактабу маориф, омўзгору хонанда мегузорад.
Китоби Ибодулло Абдуллоев «Таърихи пайдоиши хат ва инкишофи он» аз муқаддима ва чор фасл иборат буда, масъалаҳои «Хатҳои пиктографӣ ва идеографӣ», «Хатнависии ҳиҷоӣ», «Хатнависии ҳарфӣ-овозӣ», «Таърихи хат дар мактабҳои пешина ва ҳозираи тоҷик»-ро фаро мегирад.
Таъқид мекунем: ин китоб замима низ дорад, ки он бо унвони «Дафтари машқи хат ва тозанависӣ» ҳанўз соли 2010 чоп шуда буд ва дар амалияи омўзгорону хонандагони синфи 1 қарор дорад ва баҳои сазовор ҳам гирифтааст. Умед аст, ки китоби нави муаллиф низ ҷои сазоворро ишғол менамояд.
Китоби мазкурро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.