Ризо Сатторӣ (Эрон). Ду ғазал, ду шоир, як Робиа

РобиаҶойи  басе афсӯс ва дареғ  аст, ки аз шеъри нахустин зани порсисарой ҷуз андаке чизе  дар дасти мо нест  ҳамон гуна, ки донистаниҳои мо аз зиндагии шоир низ ба ҳамон андоза ночиз ва андакмоя аст.  Робиа аз ҷумлаи он гумкардагонамон дар водии адабӣи порсӣ аст, ки огоҳӣ  аз чанду чуни зиндагӣ ва шеъраш хор-хори ҷони шефтагони забон ва адабиёти шеъри порсӣ аст.

Он чӣ аз зиндагӣ  ва шеъри ин шоир дар китобҳо ва тазкираҳо омада,  имкони ҳар пажӯҳиши фарогиреро дар бораи шеър ва шоириаш аз пажӯҳишгарон гирифтааст.  Аз ин рӯ, то ба даст омадани огоҳиҳои тоза аз зиндагӣ ва шеъри ин шоир, наметавон ба дурустӣ дар бораи ҷойгоҳи шоириаш ба доварӣ нишаст.  Ин навиштаи кӯтоҳ барои он аст, то бо муқоисаи сабкшиносонаи ду ғазал, ки дар бештари навиштаҳое, ки аз Робиа дар он сухан рафтааст, бо тафовутҳои андаке ба унвони намунаҳое аз шеъри ин шоир оварда шуда, нуктаеро тарҳ кунад.

Ду ғазали мавриди баҳс:

Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Ишқ дарёи каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.

Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Баски бипсандид бояд нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.

Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,

К-аз кашидан тангтар гардад каманд.

2

Маро ба ишқ ҳаме мӯҳтамил кунӣ ба ҳиял,

Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷал?

Ба ишқат андар осӣ  ҳаме наёрам шуд,

Ба динам андар тоғӣ ҳамешавам ба масал.

Наим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бе ту равост,

Ки бе ту шакар заҳр асту бо ту заҳр асал.

Ба рӯйи некӯ такя макун, ки то якчанд,

Ба сунбул андар пинҳон кунанд  наҷми Зуҳал.

Ҳар ойина, на дурӯғ  аст, он чӣ гуфт Ҳаким,

Фаман такаббара явман  фабаъда  иззан зал.

Барои оғози баҳс дар бораи ин ду ғазал ночор аз тавзеҳи ду истилоҳ  дар сабкшиносӣ ҳастем:

Сабки давраӣ (period style)- “яъне  сабки каму беш муштарак ва шабеҳи осори як давраи хос” (Шамисо: 1373,69), ки осори   он давраро аз осори давраҳои дигар мутамоиз мекунад”.

Сабки шахсӣ (private style)- “яъне  сабки хоси як шоир ё нависанда, ки асари ӯро аз ҳар асари дигаре мутамоиз мекунад”. (Ҳамон ҷо)

Аз ин рӯ мутолиаи сабкшиносона кӯшишест маътуф ба ёфтани вежагиҳои сабкии як давраи хос.

Давр ин муқоисаи сабкшиносона нигоранда танҳо ду вежагии барҷастаи забонӣ ва адабӣ дар ин ду ғазалро баррасӣ мекунад, то бад-ин васила нуктаеро равшан кунад ва он ин, тафовути маънидоре, ки миёни ду ғазал вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки шоири ин ду ғазал наметавонад як нафар бошад.

  1. Муҳимтарин ва чашмгиртарин тафовути сабкии ин ду ғазал, ки ҳарду низ панҷбайтӣ ҳастанд, вежагии забонӣ (луғавӣ) –и ин ду ғазал аст. Дар ғазали нахуст ҳудуди 55 вожа ба кор рафта, ки дар он ба ҷуз вожаи ишқ, ки вожае роиҷ дар забони форсӣ аст, ҳеҷ вожаи арабии дигаре ба чашм намехӯрад. Барои такрори ин вожа (ишқ) чизе ҳудуди 5 дар сад аз вожагони шеър аст, аммо дар ғазали дуввум аз ҳудуди 70  вожа ба кор рафта, 24 вожаи он арабӣ аст, ки ҳудуди 30 дар сади вожагони шеърро шомил мешавад, ки дар миёни онҳо вожагони нисбатан сангин ва камкорбурде (бо таваҷҷӯҳ ба ҳинҷори забони қарни чаҳорум) чун: мӯҳтамил, тоғӣ ва ҷиҳим низ ба чашм мехӯрад.
  2. Дар байти чаҳоруми ғазали дувум шоир дар тасвирсозӣ ва илми нуҷум баҳра бурда, ки дар услуби шеъри он давра (қарни чаҳорум) марсум набудааст. Тасвирсозӣ бар асоси маводи илмӣ  он гуна, ки устод Шафеъии Кадканӣ менависад, дар авохири қарни панҷум ба дасти Абулфараҷи Рунӣ бино ниҳода мешавад. (Шафеъии Кадканӣ 1366,585-589) ва то он замон  шеъри форсӣ аз чунин тасвирҳое холист.

Хулоса: 1.Агар бипазирем, Робиа шоири қарни IV-ум аст, ба асоси вежагиҳои сабки ин давра, ки хуросонӣ аст, метавон гуфт, ғазали дувум наметавонад аз они Робиа бошад. Чаро, ки аз ин давра ғазалеро наметавон нишон дод, ки чунин басомади болое аз вожагони арабӣ дар он ба кор рафта  бошад ва ё шоир барои сохтани тасвири шеърии  худ аз маводи илми нуҷум баҳра бурда бошад. Фаромӯш набояд кард, ки шоире чу Анварӣ, ки дар қасоиди худ шеваи Руниро дар ба коргирии истилоҳоти улуми мутадовили аср барои сохтани тасвири шеърӣ ба камол мерасонад. (Шамисо1374,134) , бо тамоми одати зеҳнӣ аз ин шева канора мегирад  ва камтар намунае аз чунин корбурдҳоеро метавон дар ғазалҳояш (он ҳам ду қарн  баъд) нишон дод.

  1. Бо тафовутҳое , ки дар сабки ду ғазал нишон дода шуд, метавон гуфт, ки ин ду ғазал наметавонад сурудаи як тан бошад. Ба гумони нигоранда, бо таваҷҷӯҳ ба замони шоирии Робиа ва зодбумаш ғазали нахуст аз они Робиа аст, аммо шоири ғазали дувумро бояд дар давраи дигаре ҷустуҷӯ кард.

МАНБАЪ: “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургодошти Робиаи Балхӣ.

Мураттиб ва баргардонандаи матнҳо аз форсӣ ба крилӣ Анзурати МАЛИКЗОД.

Душанбе “Истиқбол”, соли 2010.

Ин китобро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард.

Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.