Ба пешвози 1050-солагии Робиаи Балхӣ. Алиакбар Ваноӣ. Робиа шоири асри Сомониён

Робиаи БалхӣҚарни чаҳоруми ҳиҷрӣ оғози рушду шукуфоии забон ва адабиёти форсӣ ҳаммонанди ситорае дурахшон бар тораки таърихи боазамати Эрони асри Сомониён медурахшад.Дар ин аср ба гуфтаи Шиблии Нӯъмонӣ соҳиби китоби “Шеърулаҷам” ва бархе дигар аз донишмандон “занон ҳамдӯши мардон дар сохтан ва поягузории шеъру адаб даст доштаанд”. Зеро дар ин замон аст, ки зани шоирае барои нахустин бор ба порсӣ шеър гуфт ва ин ифтихор ва рӯкардро барои худ ба сабт расонд, ки пеш аз ӯ ҳеҷ зане ба порсӣ шеър нагуфта буд. Мутаасифона ин ганҷинаи беназир дастхуши тахту тоз ва дастандозии бегонагон  ва душманони фарҳанги мо қарор гирифта ва баҷуз андаке аз сурудаҳо  ҳамагӣ  аз байн  рафтааст.

Агарчи ҳудуди 55 байт бештар аз ашъори Робиа боқӣ намонда, аммо бузургони арсаи шеъру адаб чун Авфӣ дар “Лубобулалбоб” навиштааст, ки: “Робиа духтари Каъби Каздорӣ гарчӣ зан буд аммо ба дониш  бар мардони ҷаҳон бихандидӣ. Дар назми тозӣ тавоно ва дар шеъри порсӣ беандоза даст дошт. Бо хушмандии бисёр ва равонии табъи саршор пайваста меҳр бохтӣ ва шоҳидбозӣ кардӣ”.

Ризоқулихони Ҳидоят дар “Маҷмаъулфусаҳо” саргузашти Робиаро зикр намуда ва моҷарои меҳрварзии ӯро ба риштаи назм кашида ва номи онро “Гулистони Ирам” ниҳода.

Шайх Фаридуддини Аттор низ зиндагии ошиқона ва меҳрварзии ӯро, ки поёни андӯҳноке дошта, бо устодӣ суруда ва як шоҳкори адабӣ падид овардааст. Аттор дар манзуми “Илоҳинома”-и худ  зимни тақрибан панҷсад байт ишқи Робиаро аз оғоз то поён нишон дода ва он чунон дилангез ва андӯҳбор онро тарсим намуда, ки то хонанда онро ба поён нарасонад, дил аз хондан барнагирад. Дар ин достони зебо ва ғамбор Робиа бо сароғозе бисёр сода падидор ва ба саранҷоме пур аз андӯҳ поён меёбад. Беш аз инҳо, ки зикр шуд, дигар аз Робиа чизе дар даст нест.

Таронаҳояш бисёр андак, вале пурҷозиба ва устувору дилнишин аст. Ҳам ба тозӣ ҳнър гуфта  ва ҳам ба порсӣ, дар ин хусус Ҳидоят мегӯяд:

Ба назмаш ончунон табъею дасте,

Ки назми ҷумларо равнақ шикастӣ.

Нуктаи муҳим дар хусуси хонаводаи Робиа ин ки падараш фармондори меҳрубон ва додгари Балх буд ва мавриди эҳтироми мардум ва аҳлу дӯстдори илм.  Чунончи ба тарбияти фарзандони худ Ҳорис ва Робиа аҳамият медод. Робиаро, ки истеъдоди  таҳсил ва донишандӯзиро дошт, мавриди ҳимоят қарор дод ва дар тарбият ва парвариши ӯ кӯшид. Чунончи дар он замон расм набуд, ки духтар ба мактаб биравад ва дарс бихонад, аммо падари Робиа устод ва ё устодоне барои парвариш ва таълими ӯ ихтиёр намуд, то танҳо дурдонаи худро илм биёмӯзад. Мутаасифона, ҳеҷ гуна асноде дар даст нест, то пешинаи таҳсил ва номи устодони Робиаро зикр намоем. Аммо бидуни тардид  истеъдоди хориқулодаи  Робиа дар сурудани шеър ва тасаллут бар саноеи бадеӣ, авзони шеърӣ, вуруд ба водии ирфон ва фароҳам намудани бистари рушди маънавӣ, аз масири ишқи маҷозӣ барои расидан ба ишқи ҳақиқӣ, қатъан бидуни тарбият ва омӯзиш дар маҳзари устодони бузурги шеър ва ирфон имконпазир нахоҳад буд. Утуфат ва додгарии Каъб –падари Робиа ба унвони ҳокими Балх ва ҳамчунин алоқаи зиёди вай ба илму дониш ва исрор бар тарбият ва таълими духтари худ тадоъии ҳокими додгаре чун Кайковус ибни Вашмгири Зиёрӣ , ки ба тарбияти фарзанди худ- Гелоншоҳ  пофишорӣ мекард, то ҷое, китобе мушаббаъ ва муфассал дар 44 боб  ва ба қасди раҳнамоии фарзанди худ  таълиф намуд ва бо номи “Қобуснома” мунташир сохт. Ин ду хонавода ва ё ду тоифа, ки ҳарду ҳокиме сарзамини кӯчак  дар Эрони аҳди Сомонӣ ва баъд аз он буданд, яке дар ноҳияи Каздор ва дигаре дар Табаристон, ки ҳарду одилу додгар ва донишдӯст ва ҷиддӣ дар парвариши фарзандон, бидуни шак ингуна алоқамандиҳо ба илму дониш ва забони форсӣ бисёр муҳим ва чашмгир аст.

Дигар ваҷҳи ташобеҳи Рӯдакӣ ва Робиа аст.Ваҷҳи ташобеҳи ин ду пешкисватӣ ва пешқадамии онҳо дар шеъру шоирӣ ба забони форсӣ аст.Робиа дар радифи аввалзани шоира ва Рӯдакӣ дар радифи аввалмарди тавонои шоир, Рӯдакӣ нозукбин, нуктасанҷ бо ашъоре дилпазир Рогбиа низ ҳамчунин.

Он чӣ мояи ҳайрати бисёре аз ошноён бо Робиа мешавад ва ба маҳзи бархӯрд бо номи Робиа дар фикр фурӯ рафта ва ба таамуқ мепардозад/, чигунагии сайру сулуки ирфонии Робиа аст. Агарчи ҳеҷ иттилооте аз муаллими ирфон ва ахлоқи вай надорем, тайи тариқи ирфонии Робиа ба унвони як зани шоира, ки масбуқ ба сабиқа набуда ва баъл аз онҳо банудрат   мушоҳида мешавад, бисёр тааҷҷуббарангез аст. Ба хусус, он ки  пешзаминаи ин ирфонсароӣ аз як ишқи маҷозӣ об мехӯрад ва ба ишқи ҳақиқӣ мерасад. Абдурраҳмони Ҷомӣ номи Робиаро дар шумори занони зоҳид ва суфӣ зикр карда ва аз қавли Абӯсаиди Абулхайр гуфтааст: “Духтари Каъб ошиқ буд бар ғуломе, аммо ишқи ӯ аз қабили ишқҳои маҷозӣ набуд”.

Яке аз хусусиёти вежаи асри Сомонӣ ин аст, ки завқи шеъру шоирӣ илова бар мардон дар миёни занон низ ривоҷ дошта, ки боризтарини онҳо Робиаи Каздорӣ муосири Рӯдакӣ аст, ки дорои табъи саршоре будааст. Ин вежагии асри Сомониро ҳамчунин Шиблии Нӯъмонии ҳиндӣ дар китоби “Шеърулаҷам” зикр намудааст.

Табаҳҳури Робиа дар шинохт ва бакоргирии саноеи адабӣ ва буҳури  арӯз низ забонзади донишмандон ва бузургони арсаи илму адаб аст. Робиаро метавон яке аз ибдоъкунандагони буҳури  арӯзи ҷадид донист, чунончи Шамси Қайси Розӣ дар китоби “Алмӯъҷам фӣ маъойирил ашъорилаҷам”  барои исботи тавоноии табъ ва ҳаққи тақаддуми ӯ дар эҷоди анвоъи назми форсӣ ва устодии вай дар саноеи шеърӣ ва илми арӯз дар тавзеҳи баҳри мусаддаси муханнақ ба ин шеъри Робиа тавассул ҷуста ва менависад, ки андеша ва ниҳоди баланди духтари  Каъб чунин баҳреро дар буҳури форсӣ афзудааст:

Турк аз дарам даромад хандонак,

Он хубрӯйи чобук меҳмонак

Мафъулу фоъилотун мафъулун

Профессор Маҳмудхони Шеронӣ бо таҷзия ва таҳлили достони Робиа, ки тавассути Аттор дар “Илоҳинома ” омада, изҳор мекунад, ки  ин достон он тавр, ки дар “Илоҳинома” баён шудааст, дуруст ба назар мерасад. Агарчи двр таърихи Оли Сомон номи  Ҳорис ба унвони ҳокими Балх наёмадааст, аммо ӯ бояд ҳатман муосири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ мураббии Рӯдакӣ буда бошад.

Шайх Аттор ҳангоми навиштани достон гуфтааст, ки дар малфузоти шайх Абӯсаиди Абӯлхайри Миҳнаӣ дида, ки ӯ дар бораи ин достон таҳқиқ кардааст. Мавлоно Ҷомӣ дар “Нафаҳотулунс” дар зикри Робиа баёни шайх Абӯсаиди Абулхарро нақл карда, ки он ишқе, ки Робиа ба изҳори он пардохтааст, ишқе заминӣ нест. Калимоти шайх Абӯсаид чунин аст: “Сухане, ки ӯ гуфтааст на чунон аст, ки касеро дар махлуқ афтода бошад”.

Аммо ман дар дуруст будани ин достон шак дорам, ба иллати ин ки дар “Таърихи Бухоро”, яъне таърихи Оли Сомон дар миёни ҳокимони Балх номҳои Каъб ва Ҳорис дида намешавад. Дар сурате, ки дар ин қисса навишта шуда, ки Ҳорис дар ҷанге дошт шикаст мехӯрд, ки нерӯи Бухоро расид ва шикаст ба пирӯзӣ мубаддал шуд.Ва агар дар таърихи Оли Сомон чунин воқиаи ҷангӣ рух дода бошад, муаррихони Оли Сомон мебоистӣ дар ҷое онро зикр карда бошанд ва иллати дуввум он аст, ки шайх Аттор менависад:

Ба роҳе Рӯдакӣ мерафт як рӯз,

Нишаста буд он духтар дилафрӯз.

Ин баён низ машкук ба назар мерасад, нахуст ба ин сурат шоҳзодахонуме, ки дар кохҳо зиндагӣ мекунад ва духтари ҳокими Балх аст, оё дар бозор нишаста буд, ки Рӯдакӣ ҳангоми роҳ рафтан ӯро дид  ва барои ӯ ашъори худро хонд ва ӯ низ посухи онҳоро дод Дувум, ин ки Рӯдакӣ дар охири умри худ нобино буд ва чи гуна Робиаро дид ва шинохт. Савум, ин ки агар Рӯдакӣ дар он замон ҷавон буд ва дар бозорҳои Балх гардиш мекард, ин воқиа бояд марбут ба нимаи лувуми садаи савуми ҳиҷрӣ буда бошад. Аммо ин таърих наметавонад дуруст бошад, зеро подшоҳе, ки дар дарбори ӯ ашъори Робиа хонда шуд, метавонад Насри сонӣ ибни Аҳмад (301-331 ҳ.қ.) буда бошад, ки Рӯдакӣ ба дарбори ӯ мутавассил шуда буд. Зеро Рӯдакӣ дар 329 ҳ.қ. вафот ёфт. Чаҳорум, ин ки агар Робиа муосири  Рӯдакӣ буд, Авфӣ зикри онро дар феҳрасти шуарои Оли Сомон меовард ва агар устоде монанди Рӯдакӣ ашъори Робиаро писандида, пас ҳатман Робиа дар замони худ шоири номваре будааст. Аммо ба назар мерасад, ки то замони Низомии Арӯзӣ исми вай дар даст набуда ва Низомӣ шеъри ӯро пурарзиш надонистааст, вагарна Низомии Арӯзӣ ҳатман номи ӯро дар феҳрасти шуарои Оли Сомон меовард.

Панҷум, ин ки таркиб ба забони ашъори Робиа, вожаҳои арабӣ ба кор бурдани саноеъи  адабӣ  низ ин назарро таъкид мекунад, ки ӯ наметавонад муосири Рӯдакӣ буда бошад. Шашум, ин ки дар бовар кардани ин амр, ки дар он замон дар Қаздор забони форсӣ он қадар густариш ва ривоҷ пайдо карда буд  ва шеъру шоирӣ чунон аҳамияте ёфта буд, ки духтари Каъби арабзабон ҳам ашъори фасеҳе мегуфтааст, каме тардид вуҷуд дорад. Самъонӣ навиштааст: “Қасдор ободиест, наздики Ғазна ” агар нисбати Робиа ба ин қария юирасад, шакку шубҳа камтар мешавад, зеро дар он замон Ғазна маркази илму адвб ба шумор мерафтааст. Аксар тазкиранависон Робиаи Қаздориро дар шумори шоирони эронии аҳди Сомонӣ ба ҳисоб меоваранд ва ҳамон достони манқул аз Атторро маохизи дурусте медонанд. Аз вежагиҳои қобили таваҷҷӯҳи Робиа, ки ҳар ошно ба улуму адаб ва ҳунарро мвҷзуби худ месозад, метавон ба мавориди зер ишора кард:

Аваал, тасаллути Робиа ба таърих, улуми табиӣ ва улуми  адабӣ  (қудрати тахайюл ва борикандешӣ)  бо ҷасорат метавон гуфт роҳеро, ки Соиби Табрезӣ дар панҷ қарни баъд аз вай, қадам дар он гшузорида, Робиа поягузорӣ намудааст.

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт…

Дувум, ҳузури  Робиа ба унвони як наққош ва суратгар мисол заданӣ аст. Робиа дар канори тасаллут бар улум худро ба унвони як наққоши бебадил дар таърих ба сабт мерасонд. Робиа суратгариро бо тарсим  аз чеҳраи ошиқи худ шурӯъ мекунад ва пас аз пардозиш, тасвири тавассути хидмат ба маъшуқ мерасонад, то маъшуқро беш аз пеш шефта ва ҳайрон боқӣ нигаҳ дорад.Агарчи аз идомаи фаъолияти тасвиргарии Робиа ҳаммонанди осори шеърияш чандон иттилоъ ва оморе дар ихтиёри мо нест, аммо нубуғи ҳунарии шеър ва суратгарӣ дар вуҷуди Робиа чун чашмае вуҷуд дошта, ки мутаасифона, мо аз зулоли ӯ бенасиб мондаем.

Савум, сароҳати лаҳҷа ва садоқати баёни Робиа ба хусус, дар водии ишқу ошиқӣ беназир ва дархури таасӣ барои касоне  чун ӯ мебошад, ки пое дар водии адабу ирфон мегузоранд. Албатта, ин сароҳат он ҷо ҷолиби таваҷҷукҳ менамояд, ки аз забони як зан баён мешавад. Робиа поягузори садоқат дар ишқ аст, ӯ дар радифи аввалин касест, ки аз ишқи маҷозӣ зинае фароҳам месозад, то ба арши маънавӣ сууд намояд  ва ин улгӯе  мешавад, то дигароне чун Саъдии Шерозӣ дар ин водӣ ворид шаванд.

Чаҳорум, ҳайрат аз боруи андеша ва пухтагии шеъри Робиа аст, ки муосирон ва ояндагонро дар фикр фурӯ бурдааст, аммо он чи ки метавонад  посухи ин иддаои беназир ва ба ҳақ бошад, дарди ҳиҷронест, ки Робиаро дар даврони ошиқӣ (чи маҷозӣ ва ё ҳақиқӣ)  ҳаммонанди ҳолае иҳота карда, бо таворуд дар девони ашъори шуарое чун Ҳофиз ва ё Масъуди Саъди Салмон ба ин натиҷаи мантиқӣ даст меёбем, ки сархушӣ ва ё баръакс , ғаму ғусса ва дарди ҳиҷрону таҳаммули сахтӣ ва мусибат аз ӣҷумла маворидест, ки метавонад, заминаи борвари андеша ва пухтагию ҷазолати шеърро тасбит намояд ва онро ҷовидон созад.  Бидуни шак, Робиа қисмати аъзами ашъори худро дар он шароит сурудааст, яъне дар ҳолати сархушӣ аз ишқ ва ё дарди ҳиҷрони маъшуқи чи ҳақиқӣ ва ё маҷозӣ, албатта, ки ишқи ҳақиқӣ рушду нумӯъ ва мондагорияш садчандон хоҳад буд. Он чӣ Ҳофиз, Саъдӣ ва…ро ба авҷ расонда ва чеҳраи мондагор аз онҳо боқӣ гузошта, бидуни тардид забони ишқи ирфонии онҳо будааст.Ва дар нуқтаи муқобил низ он чи ашъори Масъуди Саъдро пурасар ва нуфузпазир ва ҷозиб намуда, оҳу нолаи сӯзонест, ки бар забони шеърии ӯ хайма афканда ва ашъори ӯро аз масири дили он ҳамдиле мағбун ва ғуссадор аз иттиҳоми ҷурме, ки  муртакиб нашуда, ҷорӣ намуда. Аммо ба ночор бояд ҳудуди 18 сол аз умри худро дар сахттарин  шароит ба сар бурд. Ин ҷост, ки забони шоир дигар забони маъмул нест, балки забони фарёдкунандаи номулоимоти рӯзгор аст. Ва ин муҳим боис шудааст, ки  ашъори Масъуди Саъди Салмон, ки дар даврони сахти зиндон суруда шуда, мӯ бар тани хонанда рост мекунад, қиёси ашъори Робиа бо ашъори Масъуди Саъд шояд аз ҷиҳоте муносибат дошта бошад.

Панҷум, ибдоъи санъати адабии муламмаъ аз ибтикорот ва моҳасали тасаллути Робиа ба забони арабӣ буда,Робиаро метавон як шоири дузабона донист, чун аслу реша ва хонаводаи ӯ аз тавоифи араб буда, бад-ин ҷиҳат забони арабӣ забони модарии ӯст. Дувум, ин ки ба ҷиҳати истиқрори онҳо дар мамолики эронӣ ва ҳашру нашри онҳо дар байни форсизабонон, форсизабони дигар ва ё ба иборате забони дуввуми онҳо ба ҳисоб меояд, ҳамин амр боис мешавад, то аз Робиа як шоираи дузабонаи комил ва мусаллат бисозад. Таркибот ва бакоргирии абёти арабӣ ва форсӣ дар канори ҳам дар қолаби шеърӣ ва бадеҳиёти завқи ҳунарии Робиа маҳсуб мешавад,агарчи қабл аз эшон касе ин ҳунарро дар шеър ба кор нагирифта буд. Ибдоъи муламмаъ дар таърихи адаб ва шеър ба номи Робиа ба сабт расидааст.

МАНБАЪ: “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургодошти Робиаи Балхӣ.

Мураттиб ва баргардонандаи матнҳо аз форсӣ ба крилӣ Анзурати МАЛИКЗОД.

Душанбе “Истиқбол”, соли 2010.

Ин китобро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард.

Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.