Бо бачаҳо. Муҳаммад Ғоиб: “Чӣ меҷӯяд Нозанин?”

Чӣ меҷӯяд Нозанин?Гирди гаҳвора гардад,

Мисли овора гардад.

Бехи яхдонро кобад,

Паси ҷевонро кобад.

Бинад таги харакро,

Кардаст гум лўхтакро?

Бинад ҷои хобро,

Ҷои нону обро.

Чӣ меҷўяд Нозанин?

Ин гули рўи замин?

Чӣ ҷўяд, мо надонем,

Ў хурд, мо калонем.

Баъди хеле ҷўстуҷў,

Гумкардаро ёфт ў.

Сарпӯши додояш буд,

Аз шодӣ рафт он ҷо зуд.

Сарпўшро аз ҷо бардошт,

Саре дар зераш надошт.

Якбора гиря сар кард,

Гўши ҳамаро кар кард.

Додояш дар сафар буд,

Дур аз хонаву дар буд.

                 МЕҲМОН

Ба хона доя омад,

Зани ҳамсоя омад.

Қанду мавиз оварданд,

Ҳар гуна чиз оварданд.

Як деҳа бохабар шуд,

Муборакбодӣ сар шуд.

Хурду калон омаданд,

Пеши меҳмон омаданд.

Меҳмон дар гаҳвора буд,

Ба гиря овора буд.

РЎЗИ   ТАВАЛЛУД

Дастархон пур аз чиз аст,

Пур аз мағзу мавиз аст.

Ҳама сухан мегўянд,

Дар ҳақи ман мегўянд.

Вафо навозад рубоб,

Хонад сурудаш Шаҳоб.

Шеър хонад Гулнора,

Рақс кунад Ситора.

Ҷангараҳо ҳам хубанд,

Дигар маро накўбанд.

Имрўз аҷоиб рўз аст,

Ҳама ба ман дилсўз аст.

БИБИЮ  БОБО

Раванд саҳро

Очаю додом.

Монанд бо мо

Бибию бобом.

Бибию бобом

Ягона ҳастанд,

Нигаҳбони мо

Дар хона ҳастанд.

Бибем гўяд,

Ба мо афсона.

Бобом хонад

Байту тарона.

Як дам нашинанд,

Дар хона ором,

Дилу ҷони мо

Бибию бобом.

НОНИ  ҲАЛОЛ

Ба модар ёрӣ додам,

Ба хоҳар ёрӣ додам.

Гаҳвораро ҷунбондам,

Додарамро хобондам.

Корҳоро буд кардам,

Дарсамро аз худ кардар.

Сонӣ сари хон шиштам,

Пеши модарҷон шиштам.

Очаам гуфто дарҳол:

«Нони хурдаат ҳалол!»

МАНБАЪ: Муҳаммад Ғоиб: “Чӣ меҷӯяд Нозанин”. Душанбе “Адиб”, 2025.

 Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубро шумо, бачаҳои азиз метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонед.

 Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

 мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.