“Шоҳномаи Саолибӣ”. Идомаи достони Баҳром
Омадани Баҳром ба пеши падараш Яздигурди базаҳкор ва бозгаштанаш ба назди Мунзир. Баҳром аз Мунзир дастурӣ хост, ки назди падар биравад ва аз дидор ва хидмати ӯ баҳраманд гардад. Мунзир гуфт:
Эй шоҳзода! Ман аз шодии ту басо хурсанд мешавам ва басо хоҳонам, ки ҳамвора туро фармон барам. Лекин падарат, ҳамон гуна ки шунидаӣ, сахт тундхӯ ва номеҳрубон аст, фузун бар инҳо ситамгар ва бадбархурд аст ва бо ситамгарӣ ва бадхуӣ, ки дорад, миёни хешованду бегона фарқ намегузорад. Метарсам, ки аз рафтан ба назди ӯ пушаймон шавӣ ва аз тундхӯй ва сангдилӣ ва хашми ӯ чизе бубинӣ, ки туро сахт нохуш ояд. Баҳром сухани Мунзирро напазируфт ва барои рафтан ба пеши падар пой фишурд ва рои Мунзирро рад кард.
Ногузир Мунзир афзору мояҳои боиста барои сафари ӯ омода кард ва ӯро равона сохт.
Чун Баҳром ба назди падар расид, гушодарӯӣ ва таваҷҷуҳе, ки аз падар умед дошт, надид, чи ба ӯ эътиное накард. Ва ҳаққи фарзандии ӯро, чунонки шояд, нагузорид. Баҳром гуфтаи Мунзирро ба ёд овард ва аз напазируфтани ройи ӯ пушаймон гашт ва аз ин ки аз Мунзир дур шудааст, дилшикаста гашт.
Яздигурд дар пойин овардани пойгоҳи фарзанд ва бемеҳрӣ ба ӯ ҳеҷ кӯтоҳӣ накард, то ҷое ки ӯро дар ростаи чокарон ва перомуниён дар пеши худ ба хидмат биистодонид (водор кард).
Рӯзе Баҳром дар назди падар истода буд, ки беихтиёр чурте зад ва сараш ба нардаи тахти подшоҳ хӯрд. Яздигурд бонг бар ӯ зад ва ӯро дашном дод ва фармон дод, ки ба зиндонаш биафкананд. Лекин бо хоҳишгарии бародари қайсар, ки барои бастани паймони оштӣ ба Эрон омада буд, ӯро озод кард ва фармон дод, ки ба ҷойгоҳаш дар назди Мунзир бозгардад.
Баҳром аз шодӣ бол даровард ва барои рафтани ҳар чӣ зудтар ҳеч диранг накард, то ин ки худро ба Мунзир расонд.
Мунзир бо сипоҳаш ба пешвози Баҳром омад. Ҳар ду барои бузургдошти якдигар пиёда шуданд. Мунзир аз ҳоли Баҳром ва аз он чи дар сафар бар ӯ гузашта буд, пурсиш кард. Баҳром гуфт: некном бошӣ ва аз накӯҳиш ба дур монӣ! Аз рӯзе, ки аз ту ҷудо шудаам, мазаи шодӣ начашидаам. Ва аз ҳангоме, ки фармони туро напазируфтам, ба ҳеч рӯй аз фарҷоми кор хушнуд набудаам. Худойро сипос, ки пас аз он ки маро дар дӯзахи дигарон сӯхт, ба канори ту, ки биҳишти ман аст, бозгардонид. Мунзир хандид ва гуфт:
Шоҳо, надонистаӣ, ки «он чи дар оина ҷавон бинад, пир дар хишти хом он бинад».
Пас ӯро дар кохи худ фурӯ овард ва гиромӣ дошт ва меҳрубонӣ кард ва армуғонҳо, асбон, писаракон ва духтаракони зебо, ки баҳои он наздик ба сад ҳазор динор буд, пешкаш кард.
Баҳром чун гузашта ба шодхорӣ ва шикор саргарм шуд ва аз ин ки дубора пас аз гирифторӣ ба зиндагии хуш бозгаштааст, чашмаш равшан гардид.
Саранҷоми кори Яздигурди базаҳкор
Чун мардум аз газанди подшоҳии ноҳинҷори Яздигурд ба сутӯҳ омаданд ва аз бадроҳиву дилсахтӣ ва фурӯмоягин ӯ басо талхкомӣ кашиданд, тири дуо ба сӯи осмон партоб карданд ва рӯй ба Худо оварданд ва шабу рӯз дуо карданд, ки онҳоро аз бадрафтории ӯ бираҳонад ва газанди ӯро аз сарашон кӯтоҳ кунад.
Рӯзе, ки ӯ дар Гургон бар тахти подшоҳӣ нишаста буд ва дарбориён гирдогирдашро гирифта буданд, яке аз дарбонон даромад ва ӯро аз пайдоиши асбе огаҳӣ дод, яла ва белигому тезтак, ки дар зебоӣ ва бекостӣ ва накӯӣ беҳамтост ва намегузорад касе наздикаш шавад, то бар ӯ даст ёбад.
Акнун омадааст ва бар дари кох истода ва мардум гирдогирди ӯро гирифтаанд ва ҳама ба ҳар забоне дар бораи ӯ сухан мегӯянд, ҳамаро хира ва шигифтзада кардааст.
Яздигурд диранг натавонист кард ва ба дидани асб шитофт ва зебоияш чашми ӯро низ хира кард ва шодӣ ба дилаш роҳ ёфт, гуфт: ин некие аст, ки Худованд барои ман омода карда ва маро бо он гиромӣ доштааст. Пас наздик шуд ва даст бар пешонӣ ва кокули асб суд. Асб тавсанӣ накард ва роми ӯ гашт. Яздигурд зину лигом хост ва даст ба капалаш кашид ва ҳамин ки дар дунболи асб истод, асб бо ҳар ду пой чунон бар синаи Яздигурд кӯфт, ки афтод ва дардам ҷон супурд, ту гуфтӣ, ки ҳаргиз зи модар назод.
Мардум нахуст ҳаросон шуданд, вале пас аз андаке шод гаштанд. Асб роҳи худро кашид ва рафт ва кас надонист, ки аз куҷо омада ва ба куҷо рафт. Ҳама як забон гуфтанд: ин кори Худои меҳрубону бузург буд, ки хост бо куштани Яздигурди накӯҳида ва базаҳкор, ба мардум зиндагӣ бахшид. Марги ӯ пас аз гузашти бисту як сол аз подшоҳияш рух дод.
Он чи пас аз марги Яздигурди базаҳкор гузашт ва достони ройзанӣ дар кори кишвар то расидани Баҳром ба подшоҳӣ
Чун Яздигурд дар Гургон даргузашт, бузургону сарон ба Мадоин бозомаданд ва дар кори подшоҳи оянда ба ройзани нишастанд ва гуфтанд: Худованд бо диҳиш ва бахшоиши бузурги хеш моро аз газанди бадтарин ва ситамкортарини шоҳон вораҳонид. Акнун дуруст нест, ки подшоҳиро ба яке аз ин хонадони ситамкор бисупорем, бавежа Баҳром, ки афзун бар ҳаммонанди, ки ба падар дорад. ба хӯйи тозиёну ситамкорӣ ва сангдилии онҳо низ баромадааст.
Биёед мардеро баргузинем, ки доноӣ ва озмудагӣ ва гузашту меҳрубониро бо ҳам дошта бошад ва ӯро шоҳи худ созем. Ҳамагон бар ин ҳамрой шуданд ва ба подшоҳону марзбонои нома навиштанд, ки дар ройзанӣ ба онҳо бипайванданд. Пас анҷуман карданд ва рой заданд, саранҷом бар марде аз фарзандони Сосон Хусрав ном якдил шуданд ва бе он ки бо Баҳром ройзанӣ кунанд, бо ӯ ба шоҳӣ паймон бастанд.
Баҳром ва Мунзир ва тозиёне, ки бо ӯ буданд, ба хашм омаданд ва бо даҳ ҳазор тан марди ҷангӣ ба роҳ афтоданд, то беруни Мадоин фуруд омаданд ва ба гурӯҳи ройзанон паём фиристоданд ва онҳоро сарзаниш карданд ва накӯҳиданд, ки аз роҳи рост ва баргузидани шоистатарин кас барои шоҳӣ, яксӯ шуданд.
Шуроиён посух доданд ва Баҳром ва ёрони ӯро ба нишаст ва анҷуман фаро хонданд. Чун анҷуман барпо шуд, пас аз гуфтугӯҳое, ки миёни онҳо даргирифт, Баҳром гуфт: эй мардум, ман аз ҳаққи худам даст барнамедорам ва шоҳиро ба дигаре вонамегузорам, пас агар шумо аз ман фармон баред ва кишварро ба ман бисупоред, шуморо сипос хоҳам гуфт ва бо шумо ба дод рафтор карда некӣ хоҳам кард ва ҳуқуқатонро пос хоҳам дошт. Ва шуморо аз ин нигаронӣ, ки чун падар ситамкор ва бадрафтор бошам, осуда мекунам. Лекин агар бо ман аз дари нофармонӣ дароед ва дар вогузории хаққи ман ба дигар пофишорӣ кунед, рӯзгоратонро тор ва рӯзатонро шаб хоҳам кард ва ба зӯр шоҳи шумо хоҳам шуд ва он гоҳ ҳамаи шуморо дар баробари сабук шумурдан ва рӯ гардондан аз худ, ба кайфар хоҳем расонид.
Гуфтанд: имрӯз пароканда шавем, фардо гирд оем. Баҳром ва Мунзир ба лашкаргоҳ бозгаштанд ва шуроиён, ки аз бунбаст раҳо шуда буданд, замоне дароз ба ройзанӣ нишастанд. Бархе аз онҳо ҳаводори Баҳром буданд ва гурӯҳе пуштибони Хусрав ва бархе дигар ба каси дигар гароиш доштанд, носозгорӣ боло гирифт.
Чун фардо гирд омаданд. Баҳром хомӯш монд то шӯроиён ҳарчӣ хостанд гуфтанд. Он гоҳ лаб ба сухан гушуд ва гуфт: ҳамоно подшоҳӣ касеро шояд, ки аз ду арҷмандӣ бархурдор бошад, ки якеро аз ниёкон бурда ва дигареро худ ба даст оварда бошад ва шумо хуб медонед, ки нажоди ман аз он ки ба сӯи ӯ гароидаед, бартар аст ва донишу бартариҳои ман аз ӯ афзунтар. Агар аз ин ба гумонед, афсарро миёни ду шери даранда бигузоред, ҳар кадом аз мо, ки тавонист онро баргирад, шоистатарин кас барои подшоҳӣ хоҳад буд. Пас агар ман афсарро баргирам ва ба Хусрав чира шавам, бо ман паймон бандед ва маро ба шоҳӣ пазиред ва сипас маро биозмоед ва дар хӯю рафтори ман бинигаред, агар онро писандидед чи беҳтар ва гар на ман бо Худо паймон мебандам, ки худро аз подшохӣ барканор кунам ва чун яке аз шумо бошам ва бо ҳар кӣ шумо паймон бастед, паймон бандам ва аз ҳар кӣ шумо фармон баред, ман низ фармон барам.
Ҳамагон ин гуфтаро бо хурсандӣ пазируфтанд ва ду шери даррандаи гурусна оварданд ва афсар дар миёни онҳо гузоштанд. Баҳром ба Хусрав гуфт: кадом як аз мо пешгом мешавад? Хусрав гуфт: ту. Баҳром доман ба камар зад ва ба сӯи шерон рафт. Яке аз ду шер ба рӯи ӯ парид. Баҳром бо гурз бар ӯ навохт, ки гурехт ва чун дигаре тозиш овард, бо шамшер сар аз танаш ҷудо кард ва афсарро баргирифт ва ба сар барниҳод.
Ғиреви шодӣ аз ёрон бархост ва нахустин касе, ки бо ӯ паймон баст, Хусрав буд. Пас аз ӯ Мунзир ва фарзандаш Нуъмон ва пас аз онҳо дигар марзбонон ва бузургон паймон бастанд. Он гоҳ ҳама шод шуданд. Бавежа тозиён, чӣ Баҳром парвардаи онҳо буд ва миёни онҳо болида буд ва номвартарин ва волотарини эшон ба шумор меомад ва хоҳони эшон буд.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.