Номаҳои Ҳаким Карим ба Ҷалол Икромӣ
Моҳи январи соли 1969 маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” мақолаи калонҳаҷми Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромиро бо номи “Мактубҳои Ҳаким Карим” чоп кардааст. Ҳадафи муаллиф бо овардани як силсила номаҳои адиби маъруф ва шарҳ дар ҳошияи онҳо аз сӯе ёди нависанда ва тарҷумони чирадаст бошад, аз сӯи дигар нишон додани азамату густардагии доманаи эҷодиёти ӯ будааст.
То имрӯз дар китобҳои дарсӣ чун аз Ҳаким Карим сухан меравад, хеле кутоҳ аз тарҷумаи ҳолаш нақл мекунанд ва осорашро номбар мекунанд. Аммо номаҳо Ҳаким Карими дигарро ба хонанда ошно месозанд: Ҳаким Карими ҷӯё, соҳиби истеъдоди фавқулодаи нависандагиву тарҷумонӣ, шахси ба худ ниҳоят серталаб, китобхону сермутолаа, марди шӯху ҳозирҷавоб…
Ҷалол Икромӣ ин матлабро бо ин ҷумлаҳо оғоз мекунад: Мактуби охирин дар таърихи якуми декабр соли 1941 навишта шудааст. Бисту ҳашт сол! Бисту ҳашт соли дароз мегузарад аз он даме, ки ман мактуби охирини ӯро гирифта будам. Пештар ин муддат як умри одам ҳисоб мешуд! Бисту ҳашт сол мешавад, ки дигар аз вай на мактубе, на хабаре, на садое! Ҳаким Карим дар қарибиҳои Ленинград Ватани бузургашро ҳимоя карда қурбон шуд…
Аз ин мақола мо чанд номаи Ҳаким Каримро интихобан рӯнавис кардем. Сипос ба ҳамкорамон Фараҳнози Тоҳирхон, ки заҳмати ин кори муфидро ба уҳда гирифтаву хонандагонро бо навиштаҳои хеле ҷолиби адиб ба дӯсти адибаш Ҷалол Икромӣ ошно месозад. Ҳамчунин баъзе шаҳрҳҳои устод Икромиро ҳам канори номаҳо меорем, то баъзе ҷузъиёт аз рӯзгору осори Ҳаким Карим хубтар дарк шавад.
ИНАК НОМАҲО:
«Ҷалолхон!
Ҳозир ниҳоят хит шуда, Марк Твенро тарҷима карда шишта будам, ки мактубат расид. Хурсандиамро шунав: гўё хонаи торик бароям чароғон шуд. То ин дам ман дар чунин ақида будам, ки ҳама аз ман рў гардодаанд, ҳама аз ман даст кашидаанд, олами адабиёт ва санъат маро «оқ» кардааст ва ҳоказо… фаҳмидам, ки ин хаёлоти бемаънии зиёигӣ будаасту халос. Сабаб номаи ту шуд.
Акнун аз ман шунав, ман аз 22-ўм инҷониб дар масофаи дур аз шаҳр, дар канори Хоҷабоқирғон, дар сояи дарахтон, бо фикру хаёлот ва орзуҳои нависандагӣ даруни коғазу китоб ғарқам. Ғайр аз оилаам дигар касеро намебинам ва гап намезанам, чун касе намеояд, ояд ҳам ҷоямро ёфта наметавонад. Шафтолу, ангур мўл, ҳар рўз се бор оббозӣ мешавад, шояд то зимистон об маро тамоман валлаъмат кунад (тавсияи духтуру курорт чунин буд).
Акнун дар хусуси плани эҷодӣ: агар дар ёд дошта бошӣ, ман дар маҷлиси Правленияи союз (-и нависандагон – Ҷ. И.) ваъда дода будам, ки аз хусуси коргарзанон – одамони замонамон як қатор ҳикоят медиҳам. Ин «Хостгорӣ» аз ҳамон ҷумла аст. Қаҳрамони ҳикоят Зебуннисо камаш дар панҷ ҳикояи мустақил тасвир карда мешавад. Сикли ҳикояҳои «Одами нав» тақрибан аз 10-15 ҳикоя иборат мешавад. Дар худи ҳамин моҳи август камаш аз ҳамин қабил ҳафт ҳикоят дода мешавад. Ба фикрам, дар сентябр ин сикл тамом мешавад. Аз октябр сар карда сикли ҳикояҳои «Афсонаҳои даврони лаънатӣ» ба чоп дода мешавад. Ин тақрибан 20-25 ҳикояти мустақил мешавад, ки фақат замони пеш аз инқилобро нишон медиҳад. Ғайр аз он, боз дар болои як чизи дигар кор карда истодам, ки то тамом шуданаш ғайр аз нависанда каси дигар намедонад. Ба ҳеҷ кас нагуфтаам ва намегўям.
Дирўз ба идораатон (яъне ба идораи журнали «Бо роҳи Ленинӣ» – Ҷ.И.) «Дар сари роҳ» ном ҳикоятро фиристодам, ки он дуйўмаш буд. Дина ҳикояти сейўмро аз даст баровардам, ки пагоҳ ба шаҳр рафта, дар мошин чоп карда ба шумо мефиристам. Дар 13- ҳикояти панҷўм ва ҳоказо… Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ҳар номера камаш дутагӣ чоп кунед, набошад ба ин наздикиҳо ҳамаи онҳоро чоп карда наметавонед, ғайр аз он зиндагӣ фақат ба гонорари онҳо вобаста шуда мондааст!
Ғайр аз ҳамаи инҳо, ҳозир якбора як қатор ҳикояҳои Горкийро тарҷима карда истодам. Агар журналатон хоҳад, мефиристам. Дар ин хусусҳо навис.
Каму беш дар болои роман ҳам кор карда истодам. Ба ин кор он қадар ҳам саросема нестам. Чунки аз роман–ҳикоят додани ман фоиданоктар барин менамояд. Роман фақат аз рўи принсип аст. Ҳар рўз камаш 14-16 соат кор мекунам. Фоидаи Ленинобод калон аст. Агар дар Сталинобод мебудам, аз кор бештар чақ-чақ мешуд. Бинобар он, дар ин наздикиҳо рафтанӣ нестам.
Ба Сталин (Николай Албертович – маовини мудири Нашриёт- Ҷ.И) адреси маро деҳ. Майлаш нависад. Худам ҳам ба вай навиштаниам.
Журнал Союз (-и нависандагон) мебарояд – мӣ? Чаро ҳаракат намекунетон? Домулло Деҳотӣ гуфта буданд, ки номераи аввалаш дар моҳи июн мебарояд! Охир чӣ шуд? Охир, як журнали занон «Бо роҳӣ Ленинӣ» хонандагон ва нависандагонро қаноат кунонида наметавонад!
Ба тоҷгиз гўй ва ба союз ҳам гўшрас кун, ҳикояҳои маро чоп кунанд. Камаш ба даҳ лист договор шавад, мешавад. Аз бепўлӣ чурт-чурт шуда нагардам. Шояд таъмини маишат шавад.
Чаро аз хусуси бригадаи аз Москва омадагӣ нанавиштӣ? Навис!
Навис: номаи маро ба Деҳотӣ ва аризаамро ба литфонд додӣ-мӣ? Чӣ гуфтанд? Нахал, ҳамин қадар қарз дораду боз пул гуфта фиристодааст, нагуфтанд-мӣ? Охир, чӣ кор кунам? Зиндагӣ – дия, бепулӣ ҳам чизи бад мешудааст!
Дар орзуи ба Канали калони Фарғона рафтан будам. Агар дар кисам панҷсад сўм пули нақдиаам мебуд, мерафтам. Ба СК ва ба Союз барои иҷозат телеграм доданӣ шудам, лекин ба сабаби кам будани пул намерафтагӣ шудам, бисёр алам кард. Дар 22-йўм аз театр ҳазор сўм гирифтам. Сараш дар ҳазор ҷой ниёз буд – дар ду рўз тамом шуд. Аз нўгаш фақат якто гўсфандча гирифта тавонистам. Охир, ҷуволи холӣ рост намеистад! – гуфтаанд.
Аз нависандагони мо ба канал киҳо рафтанд? Нарафта бошанд, ҳозир ҳам бевақт нашудааст, рфтанашон зарур аст. Барои нависанда – ин бисёр аҳамияти калон дорад. Охир, қаҳрамонони асарҳоямон дар он ҷоанд!
Хайр гап дароз шуд. Аз ман ба хоҷайкаат саломи алоҳида гўй, аз номи ман аз номи оилаам.
Дар орзуи тандурустӣ ва комёбиат мемонам. Ҳакими ту.
1/VIII-39
“Ҷалолхон, салом ва эҳтироми бепоён!
Аз ҳад афзун хит будам, ниҳоят ҳамин рўз (дар сейўм) мактубат расид ва дар баробари он квитансияи перевод ҳам расид. Хурсандии ман аз андоза берун аст. Тасаввур кун, чунки аз олам бехабар будам. Дар хусуси “Соли 16” (номи песааш – Ҷ.И.) ва дар бобати масъалаҳои дигар ҳар хел хаёлҳо ба майна меомад. Хуб ҳамааш нағз, тамоми дилтангиҳо ва переживанияҳои нависандагӣ бартараф гардид.
Акнун аз ман шунав:
- Баъд аз рафтани шумо (яъне аз сохтмони Канали калони Фарғона- Ҷ.И.) чанд рўз пайдарҳам шишта “Коновалов” ва “Емелян Пелай”-ро тарҷима кардам. Дар числаҳои 25-26 ҳардуяшро ба номи мудиракамон (мақсадаш мудири шўъбаи адабии нашриёти тоҷик – Кибриё Лутфуллоева – Ҷ. И.) фиристодам. Шояд расида бошад. “Зоида шудани одам”- ро таҳрир ва покнавис карда шудам. Се рўз боз фиристоданиам, вале барои баромадан ба кўча ҳам настроение набуд. Пагоҳ, ки барои пулгирӣ ба почта меравам, онро ҳам мефиристам. Дар дастам фақат “Малва” (инҳо ҳама ҳикояҳои Горкий) мемонад, ки онро тарҷима карда истодаам. Инро ҳам зуд мефиристам. Бо ҳамин ману ту аз хиҷолат мебароем. Ту пеш-пеш таҳрир кардан гир, неподведём!
- Тамоми очерк ва ҳикояҳои оид ба канал бояд дар дасти худат бошад. Бемалол таҳрир карда додан гир, парво накун, ман қалам намезанам. Илоҷе кун, ки китоб (“Хатти заррин” – Ҷ.И.) зудтар барояд. Ба Рахим мегўям – яъне хабар мерасонам.
- Дар 26 моҳи гузашта аз Мирзо (Турсунзода – Ҷ.И.) телеграмма гирифта будам – дар бораи рафтан ба курси тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ. Розӣ шуда ба восити телеграф хабар дода, аз пасаш боз хат ҳам навишта будам. Вале то ҳанўз хабар нест. Намедонам чӣ шуд? Боз аз фикрашон гаштанд-мӣ? Ҳамин масъаларо аз Мирзо дониста хабар деҳ (яъне дар хатат қайд карда мон), то дониста кор кунам.
- Ҷалолхон, худат фикр кун, ман ки ба Москва мерафтагӣ бошам, ба ҳавлӣ пул мондан ва ҳамроҳи худам ҳам пичӣ бурдан даркор мешавад. Бо ин пулҳои майда-чуйда ҳеҷ мурод ҳосил намегардад, яъне гурба ҳам ба офторўя намебарояд. Бинобар он, ба Ҳасайновский (директори театри бо номи Лоҳутӣ – Ҷ.И.) таъкид кун, ки зудтар пулро перевод кунад. Ба ҳушёқмаси редаксияҳо бисёр ҳайрон ҳастам. Муҳаррирон ин қадар бе ғам! Магар намедонанд, ки зиндагии мо бо ҳамон чор танга гонорари мегирифтагимон вобаста шуда мондааст. Агар Мителман дар ҳамин ҷо бошад, ба ў таъкид кунӣ, вай дуруст мекунад вай одами нағзи театр мебошад, гапро мефаҳмад.
Парво накун, хуб ба ту корҳоямро мефармоям. Лекин ҳамаи ин илтимос аст. Медонам, ки малол намеояд, бинобар он, ноз мекунам.
Дар институт баромад карданатонро дар “Коммунист Таджикистана” хонда, биёр хурсанд шудам.
Домулло Суҳайлӣ аз Ўротеппа мижгонашонро (яъне занашонро – Ҷ.И.) гирифта ба ленинобод омаданӣ буданд. Се-чор рўз поида шиштем, даракашон нашуд. Ба хаёлам, ба Сталинобод рафтагӣ барин. Ҳамин рўз- яъне пагоҳ ба газетаашон ( мақсадаш газетаи “Васияти Ленин” – Ҷ.И.) “Талаб” ном ҳикоя мефиристам. Гўй, онро чоп кунанд – аз хусуси занон. Баъд, дар вақти гонорартаъинкунӣ… як бор чашмашон – ро пўшида гиранд. “Меҳмон” ном ҳикояи ман дар бораи канал дар газеташон баромадааст, бисёр мамнун шудам. Изҳори миннатдорӣ!
Акнун аз мо пурс:
Баъд аз рафтани шумоён “Дар ЗАГС”, “Матлаб”, “Телеграмма”, “Қурбон”, “Мактуб” ном панҷто ҳикоя навишта мондам. Лекин аксарияташ ҳанўз хом аст. Аз инҳо “Дар ЗАГС”- ро ба “Т.Сурх” фиристодам. Пагоҳ “Талабро”- ро ба “Васияти Ленин” мефиристам. Тема аз хусуси занон. Дигарҳояшро ҳам оҳиста-оҳиста кор карда мефиристам. Агар Усмонов (котиби масъули журнали “Бо роҳи Ленинӣ” – Ҷ.И.)- ро бинӣ, аввало салом гўй, баъд гўй, ки мо баъд аз се-чор рўз ба он шахс як хат менависем ва як ҳикоят мефиристем. Ба газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” фиристодам-мӣ? Ё не-мӣ? Ҳайрон шуда истодаам. Чоп мекунад-мӣ? – ба ман равшан нест.
Аҳволи оила нағз. Зиндагӣ бад не. Имрўз модарро ба муддати як моҳ барои муолиҷа бурда ба касалхона хобонидам. Шояд дуруст шавад, умедворем. Дигар хотирҷамъӣ, ҳамаи хурду калон саломат. Аз мо ба ҳўҷайкаат, ба кампири модар ва ба ҳамаи хурду калон салом ва ҳурмат.
Хайр бо салом ва эҳтиром Ҳакими ту”.
(Давом дорад)
МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№1
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон