Номаҳои Ҳаким Карим ба Ҷалол Икромӣ. Идома

Инак, як мактуби ў аз Москва:

“Дўстам Ҷалол, салом!

Ман сиҳат ва саломат дар Москваи муборак. Тандурустии ту ва бачаю качагонатро аз таи дил хоҳонам. Баъд, маълумат бод, ки ман дар 11-ум аз Ленинобод баромада, ниҳоят дар 17-ум ба Москва расидам ва аз 18-ум ба дарс шурўъ кардам. Ҳар рўз аз соати 10 пагоҳӣ то соатҳои 11-12 шаб дарс мехонем, музей ба музей мегардем. Ана ин дар ҳаёт тағайюроти калон аст! Лексияҳои олиҷаноби мутахассисони тарҷимаро шунида, ҳайрон шуда мешинам ва хаёл мекунам, ки то имрўз дар байни мо тарҷумон набудааст. Ҳамаамон ҳам помпо будаем. Усули тарҷимакунии мо кор намеояд. На дар соҳаи адабиёти бадеӣ ва на дар соҳаи адабиёти классикии марксизм- ленинизм! Ҳамин ки ба Сталинобод омадам, дар ин хусус албатта чорта чақ-чақ мекунам, ё ки маърўзача мешавад.

Имрўз бегоҳӣ президиуми Союз шуд. Мо иштирок кардем. Катаев песаи навашро хонда дод, бисёр нағз. Комедияи даврони мо. Дина ҳамроҳи Тўйчӣ Самадӣ (тарҷумон аст – Ҷ.И.) ба театри калон рафтем, “Кармен”- ро дидем. Тамошо накардам-ку, аммо ҳузур кардам.

Агар дар ёдат бошад, ман аз тоҷгиз ду ҳикоя (аз Горкий) қарздор ҳастам. Ҳардуяш ҳам тайёр буд, аммо ба тарҷумон маъқул набуд. Ҳамроҳи худ ба Москва овардам. Ин лексияҳоро шунидан баъд, боз дурустар маъқул нашуд. Акнун андак дастамро холӣ ёфта онҳоро аз нав кор карда баромада, мефиристам. Ин то якумҳои апрел мешавад. Ба калонҳои тоҷгиз, ин фоҷиаи маро гўй. Як қисми асари Энгелсро ҳам тарҷима карда будам, онро ҳам брак мекунам. Тарҷима ин хел намешавад.

Афсўс мехўрам, ки ба ин курс ту ҳам наомадӣ, хеле маълумот мегирифтӣ. Лоақал, агар нависанда нашавем ҳам, тарҷумони дуруст мешудем-ку! Ин гапро аз ҳамин ваҷҳ мегўям, ки Малик (Деҳотӣ) моро аз рўйхати нависандагонии тоҷик бароварда мондаанд. (“Газетаи Адабӣ”- аз 15 мартро хон!). Ба худи Малик ва Мирзо (Турсунзода) гўй, ман аз ин мақолаи он кас норозӣ ҳастам. Ин мақола тарсончакона, перестраховчикона навишта шудааст. Ҳақиқатро пинҳон кардан мумкин нест. Ҳама вақт ҳақ ба ҷояш мерасад. Мо чӣ гуноҳ карда будем?! Ин мақоларо хонда аввал мўҳоям рост-рост хестанд, баъд худамро даст гирифтаму як зарбулмасали русӣ: “Шкура обдельки не стоит” – ро ба ёд оварда, боз парво накардам.

Дар 8 март дар “Тоҷикистони Сурх” ҳикояи ман баромада буд. Хондӣ – мӣ? Дар ин бора навис. Умуман аз навигариҳои Сталинобод навис.

Аз ман ба ҳама хурду калон салом гўй. Хатро зудтар навис. Интизорам.

Муллоқандов (Эмануэл Муллоқандов – Ҷ.И.) – ро бинӣ саломи қуюқ гўй. Он кас серкор, хат наманависанд, мо ҳам андаке серкорнамо, ба зудӣ ба он кас менависем. Ҳакими ту. Марти соли 40

Ҳаким ба худ серталаб, ба худ мунаққид, хеле хоксор ва фурўтан буд. Бо вуҷуди он, ки нависандаи хеле сермаҳсул буд, вале асарҳояшро зуд ба рўи об намебаровард. Ҳикоя аз паси ҳикоя навишта мемонд, чоп намекунонид, ба кас нишон намедод. Баъзе ҳикояҳоро то ба нимаш навишта мемонду шавқаш ба сўи дигар кашида шуда, чизи нав сар мекард (ҳамин тавр, сар карда ва нотамом мондагӣ ҳикояҳояш дар дасти ман мавҷуд аст). Аҷибаш ҳамин, ки пас аз ба ягон нашриёт ва ё редаксия додани ҳикояташ то ба чоп шуда баромадани он хеле дилтанг мешуд, чаро чоп нашуд гуфта ғусса мехўрд, вале ҳамин ки чоп шуда баромад, зуд аз он ҳикояташ ихлосаш мегашт, худаш мехонду ба худаш маъқул намешуд… Боз кор мекард, боз такмил медод ва ба ҳамин тариқ, вай ҳамеша дар такопў, дар ҷустуҷў буд.

****    ****    ****

Инак, як мактуби ў аз таърихи 27 ноябри соли 1940:

“Ҷалолхон, салом!

Дина аз Фарғона гашта омадам. Мактуби дар ҳаштўм навиштаат дар понздаҳўм расида будааст, хонда, фавқулода мамнун шудам.

Аҳволи ман бад нест. Дар даҳуми июл аз Сталинобод гашта омада, то алҳол дам нагирифта кор кардам. Китоби якуми афсонаҳоро тамом карда, дар аввали ҳамин моҳ ба Тоҷгиз фиристодам, шояд дида бошӣ. Бисёр монда шуда будам. Маҳз барои дамгирӣ ба тарафи Фарғона рафта, як давр зада омадам ва боз ба кор шиштам. Ҳоло дар болои ҳамон повести кўҳнаи машҳур яъне “Муҳосира” нишастаам. Инро дар моҳи октябр тамоман аз даст бароварда, ба тоҷгиз мефиристам. Ғайр аз ин, сюжети якчанд ҳикояҳои калон ва майда дар майна шабу рўз ҷўлида, ба ҷонам сер карда истодааст. Агар як қисми онҳоро дар дар ҳамин моҳи октябр ба рўи қоғаз нагузаронам, онҳо аз гиребони ман даст намекашидагӣ барин менамоянд. Имсол ва соли оянда журналҳо ва рўзномаҳо аз ҳикояҳо таъмин мешаванд. Илҳом ҷўш зада истодааст. Ғайр аз он, камтар-камтар дар болои песа, аз хусуси занон, кор карда истодаам. Илова бар ҳамаи ин, плани як романи калон тахт шуда, рўз ба рўз дар майна пухта, ҳазм шуда истодааст. Ҳамин ки ин корҳои майдачуйдаро тамом кардам, дар болои роман нишастаниам.

Дар бобати нависандагӣ аз худат ва аз ман ихлосат гаштааст. Ин бисёр дуруст. Нисбат ба нависандагони пешқадами рус мою ту ҳеҷем. Мо маданият ва малака надорем. Мо ниҳоят ақибмонда ҳастем. Мо кам мехонем, мо кам таълим мегирем. Нависандае ки мехонад, ё кам мехонад, ояндаи ў фаност. Дирўз дар “газетаи адабӣ” сармақолаашро хонда баромадам (аз 15 сентябр – ту ҳам бо диққат хон!). Масъаларо бисёр дуруст гузоштааст. Вай мақолаи фоиданок аст.

Ҳамин моҳ ду романи калон хонда баромадам. Якеш “Оилаи Опенгейм” – и Фейхтвангер буда, дигараш “Гроздья Гнева” ном романи нависандаи америкоӣ – Ҷон Стейнбек аст. Ин романи охирин дар номераҳои 1,2 ва 3,4 журнали “Иностранная литература” чоп шудааст. Ин китоби нависандаи америкоӣ маро қариб девона кард. Пас аз онро хонда баромадан қариб як ҳафта ба худ омада натавонистам. Ниҳоят зўр аст. Албатта, онро хонда баромаданат зарур аст. Агар ту романнавис шуда истода онро хонда набароӣ, ман аз ту хафа. Албатта хонда баро!

Ман дар Хуҷанд шунидам, ки дар дасти як одам як Ҳофизи хушхатти суратдоре будааст, ки дар замони худи шоир навишта шуда будааст. Азбаски пулаш бисёр калон буд, наздикӣ накардам. Лекин таъин карда омадам, ки ба ҳеч кас нафурўшад, чунки ин гуна нусхаҳои қиматбаҳо  камёб бояд дар давлат бошад. Ту ҳамин хабарро ба китобхонаи давлатӣ расон. Агар лозим донанд, ба Хуҷанд одам фиристода, онро ба даст оранд. Дар масъалаи ба даст овардани асарҳои Рўдакӣ низ анча кўшидам. Баъзе одамон: “Ёфта медиҳам” гуфта ваъда доданд. Адресамро дода омадам. Куллиёти Ҷомӣ, Бедил барин якчанд китобҳои чопӣ ба даст овардам, ки хушхат ва нағзанд ва чандон қимат нестанд. Гоҳ – гоҳе мутолиа мекунам.

Ҷалолхон! Ман медонам, ки ҳеҷ набошад ту рўз дар миён ба тоҷгиз омада меистӣ. Аз ҳамин сабаб, ин хатро ба адреси тоҷгиз навишта истодаам. Ту дар сари столи китоб рост истода, хатро хонда мебароию баъд ҳавсала карда ба идораи журнал рафта, дар паси столи холӣ нишаста ба ман ҷавоб менависӣ. Пеш аз он ки ба ман ҷавоб нависӣ, аз Георгий Сергеевич (Нагибин – маовини мудир ва сарбухгалтери нашриёт – Ҷ.И.) пурс, ки барои чӣ онҳо ба хатҳои ман ҷавоб наменависанд. Китобҳои ман фиристодагиро гирифтаанд, ё не? Масъалаи  “Инкишофи сосиализм ва утопия ба фан” – и Ф. Энгелс, масъалаи “Афсонаҳо” (китоби якўм) чӣ шудааст? Онҳоро таҳрир кардаанд, ё не? Кӣ таҳрир кардааст? Романи “Гулрў” – ро гирифтаанд, ё не? Ман бисёр хавотир ҳастам. Агар ягонтаи инҳо ба тоҷгиз нарасида, дар роҳ гум шуда бошад, хонаам месўзад. Коркунии тоҷгиз одамони бисёр ғалтидаанд. Лоақал расиданашро ҳам маълум намекунанд. Баъд, чаро то алҳол маҷмўаи ҳикояҳои ман намебарояд? Охир, дар моҳи июл баромаданаш даркор буд- ку! Вақте ки ман дар Сталинобод будам, корректураашро хонда будам. Боз чӣ гап шудааст? Баъд ба Георгий Сергеевич гўй, ки чаро гонорарҳои маро намефиристоданд?! Аз ҳамон шахс пурс, ки масъалаи квартира чӣ шуд? Хонаро тоҷгиз бино карда тамом кард-мӣ? Ба ман квартира медиҳад, ё не?!

Албатта, Мирзо  ва Миршакар ҳам ба ҳамон идораи журнал меоянд, ба онҳо гўй, ки ман аз вайҳо бисёр хафаам. Чаро ба якчанд мактубҳои ман ягон бор ҷавоб наменависанд? Дигарон мисли онҳо серкор не-мӣ? Ба домулло Деҳотӣ, ки дар сари столи дасти рост мешинанд, гўй ки гарчи он кас ба мо гонорарро то алҳол нафиристода бошанд ҳам аз он шахс хурсандам, ки хати муфассал навишта, сабабашро маълум кардаанд ва маро мамнун намуданд. Агар тасодуфан пилмида ва ғалмида ба ҳамин ҷо Раҳим (Ҷалил) омада монад, ўро аз номи ман сахт дашном деҳ. Вай пеш аз ба Сталинобод омаданаш, маро надида омад. Ваъдааш дурўғ шуд. Баъд, ба ман маълум кун, ки ба алманахи русӣ аз ҳикояҳои ман кадомҳояшро даровардаан? Сотим (Улуғзода) ба хондан мерафтааст, бисёр кори хуб ва кори оқилона мекунад. Афсўс, ки ман ҳам чунин имконият надорам!

Китоби домулло Айнӣ “Марги судхўр” – ро бо диққат хонда баромадам. Бисёр хурсанд шудам. Аз байни китобҳояшон аз ҳама зўртараш, ба фикри ман, ҳамин будагист. Дар мо набудани танқид боиси ақибмонии нависандагон мешавад. Дар бораи чунин китобе то алҳол ягон чиз навишта нашудааст. Ин айб аст. Ҳамин ки андак дастам холӣ шуд, барои “Тоҷикистони Сурх” дар бораи ин китоб як мақолача навиштанӣ ҳастам.

Хайр гап бисёр дароз шуд. Аз ман ба ҳама хурду калон, ба волидаат, ба рафиқаат, ба фарзандонат салом! Ҳама бачаҳоро пурсида мон!

Ба салом Ҳакими ту”.

(Давом дорад)

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№1

Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон